07:04:26 22-уми Сентябри 2026 сол

ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе — қалби Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд.

5 Konferensiya dar Akademiyai millii ilmho 2Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад ва он маркази сиёсӣ, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд намуд. Симои пойтахт куллан дигаргун гардид, инфрасохтори муосир бунёд шуд, хиёбону кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр ба таври назаррас ободу зебо шуданд.

Саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахт хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт вусъати тоза гирифта, барои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон, сабзу хуррам гардонидани шаҳр, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

«Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар академия гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифат ва худшиносӣ нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги пойтахти азизамон, арҷгузорӣ ба роҳи тайкардаи шаҳри Душанбе ва як қадами муҳим дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад»,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Дар идомаи конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ва дигар иштирокдорон оид ба корнамоиҳову ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ