20:09:04 23-уми Сентябри 2026 сол

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд

23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

2 55545811048 7130cb8695 bДар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободониву пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ баҳри татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба дастовардҳои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва самтҳои асосию стратегӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи кории нав бунёд ва ба истифода дода шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа, зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад.

Дар бахши энергетика бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб — Шимол” ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии “Душанбе — 500” ва “Суғд — 500” ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ намунаи олии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номида шуд.

Зарур шумурда шуд, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъулон минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.

Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 417 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони соҳа супориш доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, рушди тибби рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманду заҳматқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созанда дар роҳи пешрафти кишвар ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, донишҷӯ Азиза Ҷумазода, соҳибкор Исроилхуҷа Самандаров ва собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова доир ба таъмини шоистаи зиндагӣ ва илмомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ