Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар шаҳри Анқара бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Туркия, роҳбарони корпуси дипломатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, арбобони илму фарҳанг, устодону олимон ва донишмандон аз донишгоҳҳои бонуфузи Анқара, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Туркия иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ дастовардҳои калидии мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал арзёбӣ намуд. Дар суханронӣ, хосатан нақши тақдирсоз ва саҳми боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат таъкид гардид.
Вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Туркия Иброҳим Юмаклӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ самимона муборакбод гуфт. Мавсуф сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаро баланд арзёбӣ намуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарогир байни ду мамлакат изҳори боварӣ намуд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи осори адибону китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Намунаҳои нодири сӯзанидӯзӣ, гулдӯзии миллӣ ва осори бойи маънавӣ таваҷҷуҳи хоси меҳмононро ба таърихи куҳан ва тамаддуни ғании миллати тоҷик ҷалб намуд.
АМИТ «Ховар»
















