СОМОНАҲОИ МАЗҲАБӢ: МАСЪУЛИН ВА АҲДОФИ ОНҲО
Таблиғи андешҳои мазҳабӣ ё тазриқи афкор ва ақоид, бо пешрафти технологияи навин ба хусус шабакаи ҷаҳонии Инернет, рӯ ба афзоиш аст. Онҳое, ки мехоҳанд баъд аз чанд муддат ба ҳадафҳои аз қабл тарҳрезӣ намудаи худ ноил шаванд, имрӯз аз ин фурсат ба таври дилхоҳ истифода мекунанд, то дар мавриди зарурӣ ва вақти тангдастӣ ҳосили худро дарав намоянд.
Дар ҷаҳони Интернет, барои тоҷикон ва бо хатти сирилик, ҳамакунун наздик ба даҳ сомонаи мазҳабии пурхонанда вуҷуд дорад, ки муштариёни онҳо аксар мардуми «мудернанд», муштоқ ва ташнаи маорифи дуруст ва саҳеҳи мазҳабӣ мебошанд. Ин ташналабон барои ғанисозии маънавиёти худ ба суроғи ин сомонаҳо мераванд. Аммо кӣ ба онҳо дин ва мазҳабро меомӯзонад? Шахсоне, ки аз номи дин бо онҳо ҳарф мезананд, тавсия ва ё фатво медиҳанд, оё дар асл дӯстдори Ватан, оромии ҷомеаи динии Тоҷикистон ва иртиқои маънавиёти мардум мебошанд? Ва ё заҳрро дар косаи асал пешкаши хонанда кардан мехоҳанд?
Ҳангоми ворид шудан ба дунёи Интернет, ба сомонаҳои мазҳабӣ барои тоҷикон бо хатти сирилик, фард бо ду ҷабҳаи асосӣ мувоҷеҳ мешавад:
Аввал, сомонаҳои хайрхоҳони тоҷик, онҳое, ки худро пойбанди мазҳаби ҳанафӣ муаррифӣ мекунанд, аз дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти худро дар ин самт ба роҳ мондаанд.
Дуввум, сомонаҳои таблиғгарони мазҳаби шии дувоздаҳимома, ки аз маркази ташаюъ дар Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳандозӣ шудаанд.
«Кимиёи Саодат»
Сомонаи «Кимиёи Саодат» www.kemyaesaadat.com (пойгоҳи тахассусии Сайидюнуси Истаравшанӣ), ин сомонаро агар ғанитарин сомонаҳои мазҳабӣ бо забони тоҷикӣ гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Чунки шохаҳои он хеле зиёд аст ва яке аз муваффақиятҳои ин сомона дар он аст, ки чанд пасванд “domen” дорад: аз ҷумла, com, net, org ва tj. Илова бар он чандин “blog”(нимсомона)-и дигар бо ҳамин исм ва номҳои дигар низ дорад, ки он пурхонандатарин сомонаи мазҳабӣ ба шумор меравад. Соҳибмулки он Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик, устоди фалсафа ва ҳикмати исломӣ дар Ҷомеатулмустафо ал-оламияи Қуми Эрон мебошад. Қабл аз сафар ба хориҷи кишвар таълимоти ибтидоии диниро дар Тоҷикистон аз худ кардааст ва баъд аз он дар Эрон, Арабистон ва Лубон таҳсилоти худро такмил додааст. Ҳамакнун дар Қуми Эрон ба сар мебарад. Табиист, ки мазҳаби шиӣ дар он хеле асар кардааст. Ин чиз дар китобҳо, мақолаҳо ва нигоштаҳои ӯ хеле рӯшан аст.
«ФирдавсӢ»
Дар муқобили “Кимиёи Саодат” сомонаи “Фирдавсӣ” “www.firdavsi.com” (сомонаи мустақили хабарӣ, илмӣ, пажӯҳишӣ, фарҳангӣ ва исломӣ) қарор гирифтааст, ки он аз нигоҳи ҳаҷм ва ганҷинаи омӯзаҳои мазҳабӣ қариб, ки бо “Кимиёи Саодат” баробар аст, вале хонандаи “Фирдавсӣ” нисбат ба он камтар аст. “Фирдавсӣ” таблиғгари мазҳаби ҳанафӣ аст. Матолиб ва нигоҳи муаллифон аксар аз диди мазҳаби ҳанафӣ нигошта мешавад. Агар беғараз гӯем иштибоҳ нахоҳем кард. Ҳар чанд дар баъзе маврид бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамад бар зидди пайравони ифротии шии мақолаҳои хуб ва ҷавобҳои дандоншикан медиҳад. “Фирдавсӣ” боғеро мемонад, ки дар он меваҳои рангоранг ва бо таъмаҳои гуногун вуҷуд дораду ҳамеша пазирои меҳмони мевачин аст. Соҳибмулки ин сомонаи мазҳабӣ, Фирдавсии Нуралиён мебошад.
«Маҷмаъи тақриби мазоҳиби исломӢ»
Сомонаи «Маҷмаъи тақриби мазоҳиби исломӣ» www.taghrib.ir/tajik/, зоҳиран, аз номаш маълум, ки барои тақриби мазоҳиби исломӣ амал мекунад. Ин сомонаи чандзабонӣ захираи хеле зиёди илмӣ, фарҳангӣ ва матолиби гуногун низ дар ин замина дорад. Фаъол аст, ҳар соат кӯшиш мекунад тозатарин матолибро таҳия ва пешкаши хонанда гардонад. Сомонаи уламои эронӣ аст. Раиси ин марказ Оятуллоҳ Алии Тасхирӣ мебошад.
Аҷибаш он ки мо дар дохили Тоҷикистон ду мазҳаби исломӣ бо номи мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилӣ дорем ва дар сад соли охир таърих гувоҳ аст, ки байни мо дар хусуси ихтилофоти мазҳабӣ сару садоҳои чашмгире рух надодааст. Албатта, ин сомона дар батни худ чизҳое дорад, ки ба назар мерасад касро ба худ ҷалб мекунанд ва ташвиқгари мазҳаби шиӣ мебошад. Пас гумон намекунам, ки ин қадар талошҳо беҳадаф бошанд. Суоле, ки зеҳнамро хеле нороҳат кардааст, ин аст: ин қадар талошҳо барои чист, аз нав ташкил кардани ихтилофот ва ё таблиғи мазҳаби шиии дувоздаҳимомаи эрониёни имрӯз?
«Васатият»
Сомонаи «Васатият», http://wasatiyat.tj/ (сомонаи илмӣ , фарҳангӣ , иҷтимоӣ , динӣ пажӯҳишӣ), ин сомонаи мазҳабӣ дар дохили Тоҷикистон амал карда, дар баробари маорифи исломӣ аз қабили Қуръону Суннат ва фиқҳ ба фарҳангу адабиёт ба хусус латифаҳо, зарбулмасҳо ва дунёи пурасрор ва қиссаҳову шубҳаҳои мардумӣ низ хеле таваҷҷӯҳ кардааст. Дар бораи кӯдакон ва тарбияи солими онҳо ҳам матолиби хондании зиёд дорад. Мубаллиғи мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Ҳангоми навиштан талош мекунад, ки эътидолро нигаҳ дорад. Ҳар хонандае меҳмони он гардад, пушаймон ва ё бенасиб хориҷ нахоҳад шуд. Чунки матолиби хондании зиёд дорад. Барои як оила басанда аст, ҳама аз он насиби худро пайдо карда метавонанд. Соҳибмулки он Бунёди Ҷамъиятии «Васатият» мебошад, ки чандин китобу овезаҳоро низ ба ҷомеи динии Тоҷикистон пешкаш карда буд.
«Баййинот»
Сомонаи «Баййинот» http://bayynattj.com (пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, марҷаъи шиаёни Лубнон), ин сомона ҳарчанд бо забонҳои дигари дунё низ бахшҳои худро дорад, аммо суол ин аст, ки руҷӯъи як марҷаъи шиаёни Лубнон дар Тоҷикистон ва барои тоҷикзабонон ба кӣ манфиат дошта метавонад? Ҳол он, ки дар сад соли ахир мо дар Тоҷикистон ба ғайр ду мазҳабӣ исломӣ: Ҳанафӣ ва Исмоъилӣ, пайравони беш аз даҳ дар сади мазоҳиби дигарро надорем. Ба хусус шии дувоздаҳимомӣ ва ё пайравони ҷараёни салафия…
Ҳадаф аз роҳандозии чунин бахшҳо бо забони тоҷикӣ ва талошҳо аз Қуми Эрон дар чист? Хайрхоҳии шиаёни Эрон нисбат ба тоҷикон ва ё эҷоди ихтилофти мазҳабӣ ва ба Ироқу Лубнони дуввум табдил додани кишвар? Суоли дигаре низ вуҷуд дорад: агар Қуми Эрон хоҳони беғараз кӯмак кардани тоҷикон ва боло бардоштани сатҳи донишҳои динӣ бошад, пас чаро як сомонаи илмӣ, фарҳангӣ ва пажӯҳишии тоҷикон аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ то ҳол роҳандозӣ накардааст? Чаро ин “ганҷи пурранҷ”-ро дар ихтиёри тоҷикон гузоштааст? Кӣ бояд дар муқобили ин раванди таблиғот ва зӯри қаламу теғи андеша истодагарӣ кунад? Барои тазриқи тухми ихтилофоти оянда ва парвардани дарахти ихтилофот дар мағзи софу беғубори ташналабони раҳгумкарда кӣ ва бок адом шева бояд ҷавоб гӯяд?
«Оли ТӮраҷон»
Сомонаи мустақили «Оли Тӯраҷон» http://turajon.com (сомонаи Тӯраҷонзодаҳо), гарчанде, ки ин сомона аз нигоҳи ҳаҷми матолиб ва рангорангӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда баробар шуда наметавонад, вале матолиби хондание барои диномӯзӣ ва дар бораи ислом зиёд аст. Хонанда метавонад барои худ аз наворҳои савтӣ ва видиоӣ истифода кунад. Яке аз сабабҳои маъруфияти ин сомона, шӯҳрати худи Тураҷонзодаҳост. Ба ҳамин хотир мухлисонашон ба он руҷӯъ мекунанд.
Дар ҳоле, ки муллоҳои расмӣ дар идораҳо нишаста бо зӯри қалам дарҳои масоҷидро ба рӯи ҳар нафаре, ки хоҳанд мебанданд, кадом китоберо, ки хоҳанд аз китобфурӯшиҳо бо далоили мухталиф забт карда мегиранд ва дар ҳамин ҳол аз оддитарин чиз дар васоити электронии ахбори омма дар лаҳзаҳои аввал бенасиб мемонанд, масъулини ин сомона кӯшиш агар кунанд, метавонанд дар як муддати кӯтоҳ доираи хонандагони худро афзоиш диҳанд ва барои мардуми шарифи кишвар хизмати беғаразона кунанд.
Шояд бо далели он ки ин нахустин сомонаи ихтисосии рӯҳониёни тоҷик дар дохили кишвар аст ва дар он савтиёт ва наворҳои видеоии худро ба намоиш гузоштаанд то меҳмони сомона гули дилписандашонро аз ин боғ худ интихоб кунад, то ҳол аз имкониятҳои васеъи мултимедиоӣ ба таври дилхоҳ истифода накардаанд. Бо ин вуҷуд бародарони донишманд: Акбару Нуриддин ва Маҳмудҷон минбари худро дар ин сомона таъсис додаанд ва ҳар яки онҳо барои муштариёни худ хидмат карда истодаанд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
-
05.09.2026 14:03
487
Ифтитоҳи ҷашни 35-солагии Истиқлол дар Бохтар
-
04.09.2026 00:51
513
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
745
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
08.05.2026 19:24
656
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
633
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
632
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
475
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
279
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
591
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1202
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1132
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
291
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
356
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
478
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
427
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
351
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
277
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
581
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
270
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
459
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
361
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
317
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
815
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2180
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2343
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
498
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2308
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
394
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
315
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
414
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
430
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
443
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































