«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-6
22.10.2014 09:23
2209
Илоҳо, эй бинандаи намозҳо, эй пазирандаи ниёзҳо, эй донандаи розҳо ва эй шунавандаи овозҳо, эй мутталеъ бар ҳақоиқ ва эй меҳрубон бар халоиқ, узрҳои мо бипазир, ки Ту ғанӣ ва мо фақир.
Баҳои Мавлоно Ҷомӣ шоир Осафиро
08.10.2014 00:14
1705
Мавлоно Осафӣ истеъдоди баланду табъи солим дошт, аммо ҳунари худро кам кор мефармуд. Мавлоно Ҷомӣ чун омӯзгори ботаҷриба хост, ки ӯро дар эҷоди бадеӣ фаъолтар гардонад. Чанд чора андешид, борҳо насиҳат кард, вале натиҷа набахшид.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ - 5
08.10.2014 00:08
1632
Илоҳо, ҳар кӣ Туро ҷӯяд, ин қадар растахезе бояд, ё ба теғи нокомӣӯро хунрезе бояд. Ҳар кӣқасди Ту кунад, рӯзаш чунин аст, ё баҳраи дарвеш худ чунин аст?Илоҳо, ҳамагон дар фироқ месӯзанд ва дӯстдор дар дидор.
Барзу: “Намегӯям, хона диҳед. Мегӯям, имкон диҳед, ки кор кунам”
04.10.2014 21:38
1611
Гуфтугӯи хабарнигорамон бо коргардони саршиноси тоҷик Барзу Абдурразоқов, ки баъд аз чанд муддати кору зиндагӣ дар Бишкек ба Душанбе бозгаштааст. Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки ба кораш дар Театри ба номи Чингиз Айтматови Бишкек хотима бахшидааст ...
"Юсуфи гумгашта боз ояд..." Бозгашти Барзу
02.10.2014 21:15
1724
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи тоҷик рӯзи 2 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки шоми 1 октябр аз Бишкек ба Душанбе баргашт ва феълан ҳамроҳи модараш ҳунарманди шинохтаи тоҷик Фотима Ғуломова мебошад. “Хеле хушҳол ҳастам таи чанд муддат модарамро надида ...
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 3
29.09.2014 09:13
2809
Бичабонуи Мунаҷҷима аз зумраи занони фозила ва оқилаи Ҳирот буд, ки дар дар асри худ шуҳрати зиёде дошт. Ӯ зарифа, орифа ва нодираи айём буда, махсусан дар илми нуҷум, ки мисли ӯ набуд ва аз улуми дунявӣ низ огоҳӣ дошт ва аксари фазилатҳоро касб карда буд ва манзури уламо ва ....
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-4
29.09.2014 09:06
1514
Илоҳо, ҳар кӣ Туро ҷӯяд, ин қадар растахезе бояд, ё ба теғи нокомӣ ӯро хунрезе бояд. Ҳар кӣ қасди Ту кунад, рӯзаш чунин аст, ё баҳраи дарвеш худ чунин аст?Илоҳо, ҳамагон дар фироқ месӯзанд ва дӯстдор дар дидор. Чун дӯст дидавар гашт, дӯстдорро ба шикебоӣ чӣ кор?
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-3
24.09.2014 09:21
1714
Илоҳо, рӯзгоре Туро меҷустам, худро меёфтам, акнун худро меҷӯяму Туро меёбам.Илоҳо, то аз меҳри Ту асар омад, дигар меҳри мо ба сар омад.Илоҳо, эй меҳрубони фарёдрас, азиз он кас, ки бо ӯ як нафас; нафасе, ки онро ҳиҷоб н-ояд аз пас.
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 2
24.09.2014 09:19
1702
Дар мактабу мадрасаҳои Ҳирот пас аз вабо дарс сар шуд. Нуриддини Ҷомӣ бо ҳамроҳии Камолиддин Ҳусайн, Шамсиддин, Низомиддин Довуд ва Муиниддин ном шарикдарсонаш таҳсили худро дар пеши Шаҳобиддини Муҳаммади Ҷоҷармӣ давом дода...
Намунаҳо аз ашъори Соима Саидова
24.09.2014 09:09
2839
Дил ба дидорат гирифторам , Худо,Ғайри ту дигар кй ҳам дорам, Худо?Холиқу Раззоқи рӯзиам Туйӣ,Бар дари нокас набигзорам, Худо.Аз Ту ҳар пешомади пешонаро,Ин қадар ҳам дӯст медорам, Худо.
Қаҳрамони ҳоитӣ аз Исфара
18.09.2014 21:45
1775
Ҳеҷ кас тақдиру қисмати худро намедонад. Ҳеҷ як инсон намедонад, ки ӯ кист, аз куҷост ва чи рисолате Худованд ба дӯши вай гузоштааст. Дар урфияти тоҷикӣ барҳақ мегӯянд, ки тухми инсон дар рӯйи ҷаҳон пароканда аст. Кас намедонад, ки киштии тақдир дар баҳри пурталотуми зиндагонӣ ӯро ба куҷоҳо мебарад. Ба ....
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 1
18.09.2014 21:41
1636
Дар миёни ҳамдарсони Нуриддин ҷавоне дӯстдоштанӣ ва самимӣ буд, ки Нуриддин бештари вақти худро бо ӯ мегузаронид. Нуриддин инак, як ҳамсуҳбат дошт, ки ҳаммонанди худи ӯ шеър мегуфт. ӮҲасаншоҳ, аҳли Ҳирот буд. Падараш дар бозори Ҳирот дукони атторӣ дошт ва он ду бештари вақт боҳам буданд ва мушоира мекарданд.
Марат Орипов: «Ман аз он дунё баргаштам»
18.09.2014 21:15
1689
Ҷиддияти мавзуоти рӯз Носир Саид ва ҳайати эҷодии ӯро сари иттифоқе овард, то дар ҷодаи синамо гоми дигаре бардоранд. Ин қадами тоза баъд аз «Қиёми рӯз» филми «Муаллим» аст, ки аз рӯзгори имрӯзи мардуми мо қисса мекунад.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-2
18.09.2014 21:02
1606
Илоҳо, ҳар кӣ Туро шиносад, кори у борик ва ҳар кӣ Туро нашиносад, роҳи ӯ торик. Туро шинохтан аз Ту растан аст ва ба Ту пайвастан аз худ гузаштан аст.Илоҳо, бар ман оростӣ, харидам ва аз ҳар ду ҷаҳон дӯстии ҳазрати Ту ро гузидам.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
13.09.2014 10:17
4114
Муштариёни арҷманди сомонаи «Рӯзгор» дар номаҳои сершумори худ аз мо хоҳиш кардаанд, ки «Муноҷотнома»-и орифи маъруфи асри 11 Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро барояшон дар шакли пуррааш ба табъ расонем. Мо хоҳиши онҳоро бо камоли майл иҷро мекунем.
















