01:44:20 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«СУЛТОНИ ҲАМАД 70 СОЛА ШУД!»

«Гар мо ба гарди домани марде намерасем,

Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад!»

1 sulton hamad2022000Шодравон устод Султони Ҳамад, рӯзноманигори маъруфи миллат санаи 3-юми апрели соли равон ба синни мубораки 70 расид. Агар устод зинда мебуд, чи хушҳолие доштанд аҳлу байт, қаламкашон, шогирдон, дӯстон ва фарҳангиёни Тоҷикистони азиз. Мутаассифона қариб ду сол муқаддам ин ҷаҳони фониро устод барои ҳамешагӣ тарк гуфтанд ва дили дӯстдорони фарҳанги оливу ҳаводорони савтҳои овозхони ҳамашеҷовид Аҳмад Зоҳирро дар дохилу беруни Тоҷикистони азиз хун карданд. Агарчи ӯ бо мо нест, лекин хотираи ин марди шариф, навиштаҳои малакутии ӯ ва нишонаҳояш - фарзандони некномаша ҳама вақт бо мо ҳастанд.

Ман шахсан дар ин ду соле, ки устод нест, набудани ӯро гӯё, ки ҳис накарда истодаам, зеро китобҳои навиштаи ӯ, сомонаи «Рӯзгор»-и мисли ҳаёти устод пурфайзу намакинаш ҳама вақт ҳамроҳи ман будаанд (агарчанде, ки мақолаву муколамаву мулоҳизаҳову гуфтори ширини устод намерасад)! Фикр мекунам, ки хонандагони зиёди тоҷикзабон низ бо ман дар ҳамин ақида ҳастанд. Оре бузургон ҳама вақт ҷовидонанд ва ба бузургии устод Султони Ҳамад низ камина заррае шак надорам. Баъди бармаҳал аз ҳаёт рафтанашон, гоҳе изтиробе низ доштам, килки устод шикаст, ки акнун торнамои «Аҳмад Зоҳир»-и ҳамеша ҷовидонро гардон мекунад? Ки андешаи мардуми тоҷикро бо суханҳои волло ва ҷиддиёна оиди андешаҳои волои миллӣ пур мекунад?

Бубинед, ки сомонааш имрӯз мисли чархи осиёб гардон асту аз он беҳтарин дури маънӣ барои миллат паҳн карда мешаваду торнамои он «Аҳмад Зоҳир» низ рушду нумӯъе дорад. Гузашта аз ин китоби навбатии бузургҳаҷмаш дар бораи Аҳмад Зоҳир бо кӯшиши фарзандони баору номусаш чоп шудаву як шодии бузургеро дар дилу дидаи мардум фарҳангии Тоҷикистону хосатан ҳаводорони Аҳмад Зоҳир кишт намудааст.

Устод санаи 3-юми апрели соли 1952 дар яке аз деҳаҳои зебоманзар, баланкӯҳ ва дурдасти ноҳияи Сангвор, дар оилаи марди шариф, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инсони асил, бобои Ҳамад дида ба ҷаҳон кушодааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи ВИ.Ленин будаву солҳо дар мақомоти қудратӣ иҷрои вазифа намудааст. Чун шахсияти босаводу боандеша буданд, ҳамчунин ба навиштану рӯзноманигорӣ низ таваҷҷӯҳ доштанду дар андак вақт муваффақ ҳам шуданду марзҳои Тоҷикистонро гузаштаву доираи навиштаҳояш дар марзҳои кишварҳои порсизабон низ ҷой ва мавқеъи муносибе пайдо карданд.

Ду сол муқаддам дар мақоллаи ёддоштиям нигошта будам: «Онҷое, ки номи Аҳмад Зоҳир ва дигар устодоне чун Муҳаммад Валии Таронасози Дарвозӣ ва Найнавоз (бузургтарин оҳангсозони порсизабони 100 соли охир) садо медиҳад, номи Султони Ҳамад низ барои мардуми порсизабонон як умр азиз хоҳанд монд».

Оре ҳамин тавр низ ҳаст!

Ҳамагонро ба муносибати ҷашни 70 солагии мавлуди устоди зиндаёд Султони Ҳамад табрик менамоям.

Ёди устод ба хайр бошаду сомонаи «Рӯзгор»-и пурфайзаш ҳама вақт чун осиёбҳои бобоии қади дараи Водии Вахё гардон ва пур аз сапедии гарди гандум бодо. Омин!

Варқаи Зайниддин, шахри Бохтар.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi