10:39:58 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Зодрӯз муборак, дӯстон ва азизони дил!

Дар арафаи соли нави мелодии 2014 дӯсти гиромии ҳафтаномаи мо, пажуҳишгари хеле хушсалиқаи тоҷик Ёрмуҳаммади Сучонӣ дар ихтиёри идора "Мавлуднома"-еро вогузор кард, ки дар он рӯзҳои таваллуди қариб тамоми чеҳраҳои шинохтаи сиёсат, илму фарҳанг, ҳунар ва адабиёт ва дигар соҳаи ҳаёти кишвар ҳамарӯза аз якуми январ то 31 декабр дарҷ гардидаанд. Ба гуфтаи Ёрмуҳаммад ин "Мавлуднома" аз рисолаҳои ҳамсони қаблии муаллиф бо пуррагии хеш комилан фарқ мекунад.

sharif-misaydzod 6566454Дар ҳақиқат, вақте мо онро мутолиа кардем, дидем, ки теъдоди ному насаби соҳибҷашнҳо, барои мисол соҳибҷашнҳои як ҳафта, чунон ҳам зиёд аст, ки ҳатто як саҳифаи рӯзнома имкони ғунҷоиши ҳамаи онҳоро надорад. Дар тӯли беш аз ҳашт моҳи фаъолиятамон мо каму беш аз завқи хонандаи хеш огоҳ шудаем. Дар андешаи он ҳастем, ки чопи пурраи феҳристи номҳои соҳибҷашнҳо дар як саҳифа дар гумон аст, ки хонандаи доимии худро пайдо кунад ва он барои аксаран шавқовар бошад. Ба ҳар ҳол мо интизори зангу номаҳои Шумо мешавем. Агар аксаран чунин хоҳише дошта бошанд мо онро иҷро хоҳем кард.

Имрӯз бошад мо бо истифода аз ин "Мавлуднома" бархе аз шахсиятҳои шинохтаи кишварро, ки дар рӯзҳои аввали моҳи январи соли ҷорӣ зодрӯз доштанд ва ё то нимаи аввали моҳи январ онро ҷашн хоҳанд гирифт ва имрӯз дар қайди ҳаёт буда бо фаъолияти пурсамараи хеш дар ҷомеъа соҳиби обрӯву эътибори баланд гардидаанд, азҷумла фарҳангшинос ва журналист Ҷонибеки Асрориён, нависандагон Мирзо Гадоев, Камол Бекзода, Алӣ Барот, Мирбобои Мирраҳим, Амирхони Аҳмадхон, овозхонҳои шинохта Нуқра Раҳматова, Оят Сабзалиева, Исматулло Холов, Умар Темур, Абдуҷалил Ҳошимов, Ҳотами Равшан, Муқим Ҷӯраев, шоирон Доро Наҷот, Аюбзода Сафараҳмади Маҳзун, Сайёди Ғаффор, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, Шариф Мисайзод, Ҳақназар Ғоиб, Нуруллоҳи Ориф, Ҷӯра Ҳошимӣ, публисистон Абдулфайз Атоев, Абдулмаҷид Усмонов, Бахтиёри Ҳамдам, Абдумудассир Аҳмадзода, Қироншоҳ Шарифзода, Яҳё Шералӣ, Кароматуллоҳи Аҳмад, Алишер Хоҷаев, оҳангсоз Амирбек Мӯсоев, арбоби фарҳангиву давлатӣ Султон Мирзошоев, арбоби ҳуқуқ Салимзода Шерхони Одина, ҳунармандони театр Муҳаммадҷон Шодиев, Марям Турсунова, Муҳаббат Сатторова, актрисаи балет Сталина Азаматова, файласуф Комил Бекзода, мусиқишинос, мутриб Абдувалӣ Абдурашидов, санъатшиносон Малика Ҷӯрабекова, Наим Ҳакимов ва боз даҳҳо нафари дигарро, ки исмашонро инҷо мушахассан зикр накардем, самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав ба нав орзумандем.

Чуноне, ки зикр кардем, яке аз он шахсиятҳое, ки дар аввалҳои моҳи январ зодрӯз дошт шоир ва журналисти шинохта Шарифи Мисайзод аст. Мисайзоде, ки дар соли асп таваллуд ёфтааст, миёни ҳампешагон ва дӯстону наздиконаш ҳамчун шахси ҳозирҷавобу зарофатгӯ маъруфу машҳур гаштааст. Журналист Ашрафи Афзал ба мо номае фиристодааст, ки дар он сухан аз ҳазлу зарофатҳои дӯсташ Шарифҷон меравад. Мо шаммаеро аз онҳо пешкаши хонандагони арҷманд мекунем.

Аз хушгӯиҳои Шариф Мисайзод Сурати хушрӯ

Меҳмоне ҳангоми тамошои албоми суратҳои Шариф суратеро мебинад, ки чаппа часпонида шудааст. Суратро гирифта аз Шариф мепурсад:

-Иқа сурати хушрӯ, ира кай гирифтай?

-20 сол пеш,-ҷавоб медиҳад Шариф.

-Барои чӣ ин ҷо чапа часпондагӣ? - боз мепурсад меҳмон.

-Барои он, ки занам ҳамин суратро дида, маро гирифтагӣ,-бо лутф ҷавоб медиҳад Шариф.

Ман нестам-кӯ

Меҳмон сурати дигареро, ки дар он зану кӯдакони Шариф аккосӣ шуда буданд, гирифта мепурсад:

-Инҳо киҳоянд?

-Занак бо кӯдаконаш…- ҷавоб медиҳад Шариф.

ӣ хел? Ин зани туву кӯдакони ту нест, магар?- ҳайрон шуда, мепурсад меҳмон.

-Ман он ҷо нестам-ку,- бо ханда мегӯяд Шариф.

Ма ҳамуқа будум…

Дар ҳамон лаҳза, духтарчаи Шариф - Дилноз, суратеро гирифта аз падараш мепурсад:

-Ота, чиба иҷа ҳама шиштагӣ асту шумо рост истодагӣ?

-Он вақтҳо ма ҳамуқа будам, духтарҷон,- ҷавоб медиҳад Шариф.

Баръакс

Писари Шариф -Шаҳбоз дар синфи даҳум мехонд. Боре баъди дарс ба падараш ҳасрат мекунад:

-Ҳамаи ҳамсинфонам либосҳои отаҳояшонро пӯшида ба мактаб меоянд. Ман чи кор кунам?

Шариф Шаҳбозро ором карда мегӯяд:

-Хайр чӣ, як падар либосҳои бачаашро пӯшад, чӣ мешавад?

Ду кас мепӯшем…

Дар назди хонаи матбуот Шарифро, ки ба кор мерафт, нафаре боз дошта мегӯяд:

-Ман мухлиси ту- Баҳриддин Сатторӣ ҳастам. Мехоҳам ба ту як хизмат кунам.

ӣ хизмат будааст?-мепурсад Шариф.

-Ҳозир маркази "Садбарг" меравем, остинҳои кастуматро кӯтоҳ мекунем, 20 сомонӣ мешавад, ман медиҳам.

Шариф чун ҳамешагӣ ҳозирҷавобӣ карда мегӯяд:

-Ака, мо ин кастумро ду кас мепӯшем.

-Қатии кӣ?- мепурсад он мухлис.

-Қатии бачам,- ҷавоб медиҳад Шариф.

Аз ин ҷавоб акаи Баҳриддин хушҳол шуда, 20 сомонӣ ба кисаи кастуми "бобаракат" зада меравад…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi