18:42:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАНД АФСОНАИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАНОНИ ТОҶИК

Шумораи мардон дар Тоҷикистон нисбат ба занон ҳамагӣ 1 фоиз, вале саҳмашон дар бисёр соҳаи зиндагӣ бамаротиб зиёдтар будааст.

Музди аз мардҳо 2 маротиба камтари занон

/images/stories/2013/03/07_zanu-zamin-070313.jpgБино бар омори омада дар маҷмӯъаи “Мардҳо ва занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2012 Ожонси омор нашр кардааст, дар соли 2011 маоши миёнаи мардон дар ин кишвар 644,88 сомонӣ буд, вале маоши миёнаи занон  2 маротиба камтар – ҳамагӣ 316,91 сомонӣ, ки муодили ҳамагӣ 49 фоиз аз маоши миёнаи мардҳост.

Ҳамин тавр, нафақаи миёна дар соли 2011 дар Тоҷикистон 152 сомонӣ буд, вале дар ҳоле ки нафақаи миёнаи як марди бознишаста 198,56 сомониро ташкил медод, нафақаи миёнаи як зани бознишаста 121,69 сомонӣ будааст.

Ҳамин тавр, дар соли 2011 аз бонкҳои Тоҷикистон 103 081 зан ба маблағи 521 миллион сомонӣ , муодили 110 миллион доллар қарз гирифтаанд. Вале боз ҳам занон танҳо 35 дарсад аз ҷамъи бидеҳкорони бонкҳои кишварро ташкил медиҳанд ва 65 дарсади дигари қарзи бонкҳо табъан насиби 193 521 соҳибкори мард шудааст. Аз ин шумор ҳар зани соҳибкор аз бонкҳо ба ҳисоби миёна 1006 доллар қарз дарёфт кардааст, ки нисбат ба қарзи аз бонкҳо бурдаи ҳар соҳибкори мард низ дастикам 4 маротиба камтар аст.

Ҳамагӣ як вазири зан ва 22 мард

​​Бино ба омори маҷмӯъаи “Мардҳо ва занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, занон 44 дарсад аз ҷамъи кормандони кироя дар ин кишварро ташкил медиҳанд, вале таносуби байни марду зан дар мақомҳои раҳбарӣ хеле бузургтар будааст. Дар идораҳои давлатии Тоҷикистон  62 дарсади кормандонро мардон ва танҳо 38 дарсадашро занон ташкил медиҳанд ва ҳарчӣ зинаи раҳбарӣ болотар равад, фоизи занон дар муқоиса бо мардон камтару камтар мешавад.

Ба ҳадде ки имрӯз мо дар кобинаи вазирон дар баробари 22 вазири мард танҳо як муовини сарвазири занро дорем, ки Руқия Қурбонова аст ва як раиси кумитаи зан ва оила Сумангул Тағоева, ки кумитаи ӯ ҳатто мақоми вазоратро надорад ва ӯ ҳам узви комили ҳукумат нест.

Дар Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил танҳо 12 вакилаш занонанд ва дар Маҷлиси миллӣ аз 25 вакил танҳо 5 вакилаш аз ҷинси латиф намояндагӣ мекунанд. Бино бар омори маҷмӯъаи “Мардҳо ва занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, танҳо идораи давлатие(албатта ба истиснои кумитаи занон), ки шумори ходимони занаш нисбат ба мард бештар, яъне 55 бар 45 фоиз будааст, Ожонси омори Тоҷикистон аст.

​​Дар мақомоти марказии вазорати маориф шумори ходимони зан ҳамагӣ 33 фоиз ва дар вазорати тандурустӣ ҳамагӣ 43 фоиз будааст ва он ҳам дар ҳоле ки бахши аъзами кормандони қатории ҳарду соҳаро занҳо ташкил медиҳанд. Дар вазоратҳои кишоварзӣ, обу обёрӣ, молия, кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи олимпӣ ва Ожонсии сохтмону меъморӣ мақомҳои раҳбарӣ 100 дарсад дар дасти мардҳо буда, фисади раҳбарони мард дар боқии вазоратҳо низ аз 68 то 97 дарсад будааст. Ҳамин тавр, аз 70 раиси додгоҳ дар Тоҷикистон танҳо 7 нафараш зан буда, дар маҷмӯъ дар низоми адлия ва додгоҳии кишвар ҳамагӣ 17 дарсади кадрҳои раҳбариро занон ташкил медиҳанд.

Деҳқонӣ - кори зан, раисиаш - ҳаққи мард?

​​70 дарсади занони тоҷик дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд, вале омори соли 2011 ҳокист, ки дар бахши кишоварзӣ, бо ин вуҷуд ки аксари кормандонаш бо пасттарин маош ҳамин занонанд, раҳбарии танҳо 10 дарсад, ё зери 5996 аз 58 313 хоҷагии деҳқониро занҳо ба дӯш доштаанд. Ба 52 317 хоҷагии деҳқонии Тоҷикистон боз ҳам мардон раҳбарӣ мекардаанд.

Ба ҳисоби миёна, аз 15 000 кадри раҳбарии Тоҷикистон танҳо 5 000, ё 30 фоизаш занҳо ва бақия боз ҳам мардон будаанд. Яъне бо вуҷуди қабули барномаипуриддаои давлатии боло бурдани мақоми зан Тоҷикистон як кишвари мардсолор боқӣ мемонад.

Омори расмӣ шумори занони тоҷикеро ки ба хориҷ ба муҳоҷирати корӣ мераванд,  дар соли 2011 86733 нафар баршумурдааст, яъне 11,6 фоиз ё ҳар мардикори нуҳуми тоҷикро имрӯз занон ташкил медиҳанд.

Бо ин ҳама, аз арқоми нашршуда дар бораи таносуби гендерӣ дар макотиби оливу риштаи илми Тоҷикистон бармеояд, ки тағйири вазъи байни зану мард дар ояндаи наздик дар ин кишвар як амри баъид аст. Аз 152 200 донишҷӯи макотиби олии Тоҷикистон танҳо  42 800 нафар, яъне ҳамагӣ 28 фоизаш занону духтаронанд ва 109 400 нафари дигар – донишҷӯёни ҷинси мард. Аз 8050 устоди донишгоҳҳо танҳо 2820 нафараш зан ва 5230 тани дигараш мардон будаанд. Аз 1161 аспирант танҳо 436 нафараш зан ва аз 26 докторант танҳо 10 нафараш занонанд.

​​Дар соли 2011 ба ҳар 10 000 зан дар Тоҷикистон 6,3 акушер-гинеколог рост меомад, вале агар ин рақам барои Душанбе 23,5 нафар бошад, дар Хатлон ҳамагӣ 3,4 табибро ташкил медод. Яъне ҳар табиб бояд то 3000 занро таҳти муроқибат қарор диҳад.

Чанд комплимент ба ҷои ҳуқуқи баробар

Табъизи ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон танҳо бо ҷои кор хулоса намешавад. Як мушкили умдаи занони тоҷик, қарори маълум, хушунати хонаводагӣ боқӣ мемонад. Маҷмӯъи “Мардҳо ва занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” мегӯяд, дар соли 2011 ба 12 маркази буҳроние, ки дар назди кумитаи зан ва оила амал мекунанд, 9093 шикоят расидааст. Аз ин шумор 15,7 фоизи шикоёт марбут ба таҳдиду таҳқир, 12,2 фоиз – пиромуни баҳси манзил, 8,2 дарсад – бо дархости рӯёндани алимент ва 7,8 дарсад бо шикоят аз латукӯби зан аз ҷониби шавҳар ва аҳоли хонаводаи ӯ будаанд.

Дар ин омори нашршуда занҳои тоҷик нисбат ба мардон танҳо дар як маврид бартарӣ доштаанд, ки бо вуҷуди ин ҳама маҳрумиятҳо умри миёнаи занон дар Тоҷикистон 74 ва аз мардон 71 сол будааст. Вале ба сурати умум, ин арқом нишон медиҳад, ки барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеъии марду зан дар ҷомиаи то ҳол мардсолори Тоҷикистон ҳанӯз роҳи тӯлонӣ ва сахте дар пеш аст.

Ва аммо феълан ҳамин чанд комплименти баланд, вале забонзадае, чун “сарчашмаи ҳаёт”, “олиҳаи зебоӣ”, “азизтарин вуҷуд” ва амсоли ин мемонад, ки ҳар 8 март раҳбарони аксаран мард аз минбарҳои баланд дар ситоиши зан мегӯянд. Бо ҳар вуҷуд, идатон муборак, модарону хоҳарони азиз!

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi