УМЕДА: "НАПУРСИДАМ, КИ МЕТАВОНИСТ МАРО БИКУШАД Ё НА"
Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон натанҳо бародарон падарон ва ё шавҳарони занону духтарони тоҷикро аз миён бурд, балки гурӯҳи қобили мулоҳизае аз духтарон дар ин замон дастхуши ҷиноёте ба монанди таҷовуз ва озори ҷинсӣ шуданд. Гуруснагӣ ва тарсу бим аз гурӯҳҳои силоҳбадаст волидайнро маҷбур месохт, ки духтаронашонро дар синни хеле поин ба шавҳар бидиҳанд.
Мавориде буд, ки бархе хонаводаҳо, ки нон барои хӯрондани кӯдаконро надоштанд, дар ивази миқдоре хӯрок, масалан як халта орд духатрони 15 – 16-солаи худро ба шавҳар доданд. Бархе дигар аз бими ин ки духтаронашон тавассути низомиён метавонанд, таҷовуз ва аз ин роҳ “беобрӯ” шаванд, онҳоро дар синни хеле поин ба шавҳар медоданд.
Умедаи Давлатзода, сокини 36 солаи шаҳри Душанбе дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, яъне дар синни 16-солагӣ ҳамсари дуввуми силоҳбадасте шуд, ки 12 сол бузургтар аз ӯ буд. Вай ҳоло аз ӯ чаҳор фарзанд дорад. Шамсияи Қосим сӯҳбате бо ӯ анҷом дод, то ин ки дид ва эҳсосоти духтаре ҷавон ба мисли ӯ дар замони ҷангро, ҷӯё шавад.
-Дар солҳои қабл аз оғози даргириҳо дар Тоҷикистон вазъи хонаводаи шумо чӣ буд ва шумо чи барномаву ҳадафҳо доштед?
-Он замон ман дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зиндагӣ мекардам бо падар модар ва бародару хоҳаронам. Ман 15 сол доштам ва фарзанди бузурги оила будам. Вазъи хонаводаи мо хуб буд. Шояд яке аз доротарин хонаводаҳо дар Ховалинг будем. Падарам рӯшанфикр буд, вай ҳатто дар замони Шӯравӣ ба сафарҳои хориҷа зиёд мерафт ва ба мо дар бораи зиндагии берун аз шӯравӣ нақлҳо мекард.
Маро ҳамчун духтари фаъол ва огоҳ дар мактаб мешинохтанд. Замони ба истилоҳ перестройка, бедории миллат ва ҷунбишҳои озодихоҳӣ буд ва ман аз тариқи нашрияҳо ва телевизиюн вориди ҷараёнҳои сиёсӣ будам. Бароям сиёсат ҷолиб буд, муҳим буд. Аз падарам аз устодони мактабам саволҳои зиёд мепурсидам.
-Шумо то ҷое ман огоҳ ҳастам, аз маъдуд духтарони фаъъоли сиёсӣ будед. Бо кадом гурӯҳ ҳамфикру ҳамақида будед ва мардум фаъъолияти шуморо чи гуна қабул мекарданд?
-Равшанфикрӣ ё боз будан ба идеҳои нав қобилиятест, ки нахуст дар хонавода тарбия мешавад. Падари ман инсоне бо дидгоҳҳои боз буд ва моро, фарзандонашонро низ дар ин рӯҳия бузург карда буд. Яъне барои ман ибрози ақида кардан чизе табиъӣ буд, ҳарчанд барои аксарият ин шояд аҷиб ба назар мерасид.
Ёдам ҳаст, ки замони таблиғоти интихоботӣ дар соли 1990 ё 1991 Аслиддин Соҳибназаров, номзади демукрот барои дидор бо мардум ба Ховалинг омада буд. Ман бо падарам дар онҷо будам. Бояд таъкид кунам, ки сокинони ноҳияи Ховалинг ба мисли бештари сокинони вилояти Хатлон тарафдори комуннистон буданд. Чун аз минтақаи онҳо буд.
Аммо барои ман идеҳо муҳим буданд. Мафҳумҳои навро меомӯхтам - демукросӣ яъне чист ва иқтисоди бозаргонӣ чист. Оқои Соҳибназаров пас аз суханрониаш аз ҳозирин хост саволҳои худро бидиҳанд. Ман баланд шудам ва аз ӯ дар бораи сиёсати иқтисодии ҳизбаш дар сурати пирӯзӣ дар интихобот пурсидам.
Оқои Соҳибназаров гуфт, аз кудаке мисли ман саволе содатар интизор дошт ва ҳама хандиданд. Аммо оқои Соҳибназаров аз ман хост, ки пас аз ҷаласа бо ӯ сӯҳбати ҷудогона дошта бошам. Онҷо ман бо раҳбари демукротҳо ошно шудам ва аз он рӯз ба ман илҳом бахшид ки беш аз пеш ба сиёсат фикр кунам.
Аммо ин рафтори ман дар миёни мардуми Ховалинг, мисли сигнол буд, ки “инҳо демократ ҳастанд, инҳо опозитсия ҳастанд” ва ин лақаб дар он минтақа маънои мусбате надошт. Вале он гоҳ, мо ҳанӯз намедонистем, ки ҷанг оғоз мешавад ва ин лақаб чӣ балоҳое ба сари мо меорад.
-То ҷое медонам на Шумо на падари шумо узви ҳизби демукрот набудаед, аммо воқеъан ин лақаб – “демукрот”, ё “опозисиюн” чӣ дардисарҳое ба сари Шумо овард?
-Ҳамон тавр, ки гуфтам дидори ману падарам бо оқои Соҳибназаров як дастовез шуд, ки моро демукрот пиндоштанд. Гуфтанд, ки пас “инҳо бо мо нестанд”. Ҷолиб аст, ки он замон демукрот камтар мегуфтанд, “равшанфикр” мегуфтанд, ва доғи равшанфикрӣ дар пешонии мо низ зада шуд.
Дар ҳоле, ки на падарам на худи ман на суханрониҳои таблиғотӣ доштем на ҳиҷӣ. Танҳо ман гоҳе дар нашрияҳои маҳаллӣ мақола менавиштам, ва ҷараёнҳои навро дастгирӣ мекардам. Падарам аслан коре ба сиёсат надошт, аммо “гуноҳаш” ин буд, ки мегузошт ман озодона ҳарфамро баён кунам.
Шояд ҳам узви ин ё он ҳизб мешудам, аммо фурсат надоштам, ман 16-сола будам ва ҷанги бародаркуш низ базудӣ оғоз шуд. Замоне, ки ҷанг шурӯъ шуд, ман ва бародарам дар шаҳри Душанбе будем. Ман ба факултаи шарқшиносӣ дохил шуда будам ва бародарам таҳсил дар донишгоҳи технологиро оғоз кард.
Дар шаҳр тазоҳуротҳо оғоз шуданд. Мардум дар ду майдон тақсим шуданд, истилоҳҳои “вовчик” ва “юрчик” пайдо шуд. Дар ҳамин замон буд, ки хонаводаи мо дар Ховалинг зери фишор қарор гирифт. Онҳо ангуштнишон шуданд. Мегуфтанд, “Давлатзода вовчик аст”
Вақте ҷанг сар шуд, вазъият барои онҳо бадтар шуд. Рӯзе силоҳбадастон хона омаданд, падарамро чунон лату куб карданд, ки як чашми падарам тақрибан нобино шуд. Баъд аз он саломати падарам хеле заъиф шуд ва гуфтан мумкин аст, ки саломатиашро дар ҳамон ҳодиса бохт ва ба хотири он дигар умри зиёд надид.
Дар мавриде дигар аз хона ҳамаи либосу пулу, таҷҳизотро дуздиданд. Яъне мардумони ҷинояткор медонистанд, ки мо сарватмандем, медонистанд, ки мақомоти маҳаллӣ аз мо пуштибонӣ намекунад, барои ҳамин ба содагӣ амволи хонаи моро ба сирқат бурданд. Мо номи ин одамонро медонем. Баъзе аз онҳо дар ҷанг кушта шуданд, баъзеҳояшон то ҳоло зиндаанд.
Падару модарам бо бародару хоҳари кучакам тасмим гирифтанд дар торикии шаб аз ноҳия фарор кунанд ва ҳамин тур ҳам карданд. Хеле азият кашиданд. Он замон падарам ҳанӯз бемор буд.
-Он замон аз сари духтари 15-сола ки шумо будед ва ҳамаи инро медидед, чи мегузашт?
-Эҳсоси гуноҳ маро азият медод, ки шояд “ҷасорати” ман хонаамонро ба ин вазъият овард. Мегуфтам наход ба хотири ман падар қариб буд кушта шавад? Аммо падарам мегуфтанд, не. Мегуфтанд, ин кори дуздҳо аст, ки идеяҳо ва сиёсатро баҳона карданд, то ки ба хонаву пули моро даст дароз кунанд.
Аз сӯйи дигар ман он замон ва ҳоло ба боварҳои худам муътақид будам ва медонам, ки фикри нодуруст надоштам. Он замон дар шаҳр, вақте дар майдон мардумон ҷамъ мешуданд, ман бо демукротҳо будам, шояд ҷавонтаринашон ман будам. Вале ман метарсидам, эҳсоси бад доштам. Такрор ба такрор мегуфтам, ки ҷанг мешавад ! ҷанг мешавад! Вале онҳо мегуфтанд, на набояд ҷанг шавад.
Фикр мекардам, ки давлатҳое ҳастанд, (Ӯзабкистону Русияро дар назар дорам) намехоҳанд мо ба кишваре пешрафта табдил шавем. Ман аз онҳо чашми тарс доштам. Чун медидам, ки мардум ба гурӯҳҳо тақсим шуданд ва суистифода аз онҳо коре осон ба назар намуд.
Аммо ин фикр, ки шояд агар ман зиёд кунҷкобӣ намекардам, хонаводаи ман, падарам ва бародару хоҳарам метавонистанд дар шароити осудатаре ба сар баранд, маро тӯли солҳо азият дод. Зеро пас аз ин, ки онҳо омаданд ба шаҳри Душанбе, падарам омодагӣ медиданд, ки мо ҳамагӣ ба Русия куч бандем. Аммо боз ҳам ба хотири ман ин кор анҷом нашуд. Ба хотири ман аз ин фикр даст кашиданд.
-Чаро ба хотири Шумо, лутфан тавзеҳ бидиҳед...
-Шумо ҳатман ёд доред, ки дар он замон ҳар касе духтар дошт, тарсу бим дошт, ки мабодо силоҳбадасте сар ба сари духтарашон гузорад. Таҷовуз кунад, Дуздад. Зеро ун вақт ҷанг оғоз шуда буд ва волоияти қонун таъмин набуд. Ман 16-сола будам. Ҳамон замон буд, ки духтарон хеле зуд издивоҷ мекарданд. Ба хотири вазъи номатлуб барои мо падарам хеле мехостанд, ки ба Русия фарор кунем. Аммо дер монданд.
Дар наздикии хонаи мо, дар хиёбоне, ки ҳоло теотри Оперо ва Боле онҷост ситоде таъсис шуда буд, ки дар миёни ду майдон истода буданд, то ин ки миёни ду майдон бархурд оғоз нашавад. Дертар ин ситод ба тарфдорӣ аз Фронти халкӣ ҷангид. Яке аз силоҳбадастон аз ин ситод ба ман ибрози алоқа кард. Вай 12 сол аз ман бузургтар буд ва худ зан дошт. Вале ба падарам ба истилоҳ хостгор шуд.
Росташро гӯям, замоне буд, ки дар вазъи шук қарор доштам. Таъқиби хонаводаамон аз як тараф, вазъи ноором аз сӯйи дигар. Аммо ҳам ман ва ҳам падару модарам медонистем, ки интихоб дар дасти мо нест... бояд розӣ мешудем... чун медонистем, ки оқибат чӣ хоҳад шуд...
Падарам ҳам ғамгин буданд, вале фикр мекунам ночор ба ин "хостгор" ҷавоби мусбат дод. Пас аз ин падарам дигар фикри ба Русия куч бастанро аз сар дур кард. Намехост ман инҷо танҳо бимонам. Гуфт ё ҳама якҷо меравем, ё якҷо инҷо мемонем.
-Шумо то ҳоло ҳамсари ин мард ҳастед ва воқеъан фикр мекунед, ки агар посухи рад ба ӯ медодед, коре бад, масалан таҷовуз ва ё қатли шумо аз дасташ меомад?
-Бале...
-Яъне аз худаш дар ин бора савол кардаед?
-На... Баъзе вақтҳо ниёз нест саволро бипурсӣ, чун аз қабл ҷавобашро медонӣ. Аз рафтор, аз кирдори одам, аз нигоҳи инсон пай мебаред, ки посух чӣ хоҳад буд. Аммо ин талош кардам ба ӯ ҳамчун наҷотдиҳанда нигоҳ кунам. Яъне ба худ мегуфтам, и акнун падару модари маро таъқиб нахоҳанд кард. Фикр кардам, и акнун мо пуштибон дорем…
-Сипос барои сӯҳбат.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
З-он рӯй, ки маро бар дари рӯй ӯ ниёз аст
Хумхо ҳама дар ҷӯшу хурушанд зи мастӣ
Ғаме дар он ҷост хақиқат на маҷозаст
Аз вай ҳама мастиву ғурӯр асту такабур
Аз мо хама бечорагиву аз ӯ ниёз аст
Розӣ, ки ба қер нагуфтему нагуем
Бо дӯст бигуем, ки ӯ маҳрамӣ роз аст
Шаҳру шикани зулфи ғамат дар ғами ҷонанд
Кӯтоҳ натавон кард, ки ин қиса дароз аст
Бори дили Мачнуну ғами тураи Лайли
Рӯхсораи Маҳмуду кафи пои айёзаст
Бардухтам дида чу боз аст ҳама олам
То дидаи ман бар рӯҳи зебои ту боз аст
Дар қаъбаи кӯҳи ту ҳар он кас, ки дарояд
Аз қиблаи абруӣ ту, дар оина навоз аст
Эй маҷлисиён, эй маҷлисиён сӯзу
дилӣ Ҳофизӣ Мискин
Аз чанг бипурсед, ки дар сӯзу гудоз аст
ғазалӣ Ҳофизӣ Шерозӣ
Навиштагари ғазал
А. Назиров
RSS Обуна