22:56:21 17-уми Июли 2025 сол

«Маърифати ҳуқуқӣ кафили ободии ҷомеъа!»

Вобаста ба иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи 6-моҳаи якуми соли 2025 корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст.

khatlon 98565441212Пеш аз ҳама дар прокуратураи вилоят нақша-чорабиниҳо оиди баромади кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят тартиб дода шуда, онҳо вазифадор карда шудаанд, ки мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаю хоҷагиҳо ва мактабу донишгоҳҳо вохӯрию сӯҳбатҳо ташкил намуда, баромадҳоро доири мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ роҳандозӣ намоянд.

Ба замми ин доири ин масъала нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят барои баромад дар ташкилоту муассисаҳо низ тартиб дода шуда, кормандони дастгоҳи марказӣ тариқи ВАО (раидо, телевизион, матбуот ва торномаҳои интернетӣ) баромад намудаанд. Ин нақша-чорабиниҳо бо супориши прокурори вилоят ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуда, онҳо низ муаззаф карда шудаанд, ки ба тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстии аҳолӣ диққати лозима диҳанд.

Баҳри амалӣ намудани чорабинии мазкур тибқи нақша- чорабиниҳои прокуратураи вилоят оиди гузаронидани вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус, бозорҳои марказии ҳудуди вилоят вохӯриҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Бояд гуфт, ки вобаста ба мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихорӣ миллӣ низ аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин давра як қатор баромадҳо тариқи радио, телевизион ва нашрияҳои даврӣ ба анҷом расонида шудааст. Чунончӣ, мақолаҳои ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот дар ин давра бо номи “Миллий армиямиз-32 ёшда” дар шумораи №8-и нашрияи “Дӯстлик” санаи 21-уми феврали соли равон ба нашр расидаанд. Ба ҳамин монанд дар шумораи № 8-и нашрияи даврии “СССР” аз санаи 20.02 соли равон мақолаи навбатӣ бо номи “Артиши миллӣ 32 сола шуд!” ба табъ расидааст.    

Хотиррасон бояд намуд ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. дар моҳи феврал дар барномаи “Маърифат” -и ТВ Хатлон 12-уми феврали соли равон иштирок намуда, оиди мавзӯъҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи шикастнопазирӣ, дӯстдории ватан, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва ифротгароӣ, моҳияти қонунгузориҳо вобаста ба ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак оиди нуктаҳои Паёми Президенти кишвар аз санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба арҷ гузоштан ба фарзандони фарзонаи миллат баромад намудааст. Мавсуф ҳамчунин тариқи ин барномаи телевизионӣ дар моҳи апрели соли равон оиди худшиносии миллӣ, дар бораи фарзандони миллати Куруши Кабир ва Абӯалӣ Ибни Сино тибқи нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат суханронӣ намуда, дар ин хусус тариқи шабакаҳои радиоии вилояти Хатлон, Шабаки 1-уми Радиои Тоҷикистон ва Радиои “Ховар” низ баромад анҷом додааст. Оиди ин масъала аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. дар моҳҳои феврал, март, апрел ва майи соли равон шуъбаю бахшҳои маориф, бештар аз 20 муасисаҳои таълимӣ, литсей гиназияҳо ва нозиротҳои андози як қатор шаҳру ноҳияҳо азҷумла Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон, Вахш, Мӯъминобод, Ш.Шоҳин, Фархор, Раёсати андоз дар вилояти Хатлон баромадҳо анҷом дода шуда, рафти ин баромадҳо тариқи нашрияҳои маҳаллӣ инъикос карда шудаанд.

Вобаста ба ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 691 аз санаи 9.04.1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 383 аз санаи 22.08.1997 сол «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи Шӯроҳои методии таълиму тарбияи ҳуқукии назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва аз тарафи прокуратураи вилоят низ чораҳои лозима андешида шудаанд.    

Дар ин давра фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Мӯъминобод ва субъектҳои ин шӯроҳо дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи аввали соли 2025 аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод шуда, ба онҳо ёрии амалӣ расонида шудааст.

Ҳамчунин фаъолияти аъзоёни Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси вилояти Хатлон- сардори раёсати маорифи вилоят ва сардори раёсати андоз дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Натиҷаи ин санҷишҳо дар ҷалласаи фаврии назди прокурори вилоят бо иштироки сардорони шуъбаҳо, ёрдамчиёни калони прокурори вилоят ва дигар кормандони фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

Вобаста ба ошкор гаштани қонуншиканиҳо дар фаъолияти ин ниҳодҳо ва зертобеъонашон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани иҷрои санадҳои ҳуқуқии қабулгашта дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон унвонии сардорони ин раёсатҳо 2 пешниҳод барои бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта ирсол карда шуда, бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар фаъолияти кории ин аъзоёни шӯроҳои зикршуда ва ниҳодҳои поёнияшон ва ҷоннок намудани кор талаб карда шуд.

Дар рафти ин санҷишҳо ҳамчунин фаъолияти аъзоёни шӯроҳои ноҳиявӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳо, азҷумла муассаҳои мактабӣ, литсею гимназияҳо санҷида шуда, бевости дониши ҳуқуқии хонандагон вобаста ба аз худкунии фанҳои дарсии “Ҳуқуқи инсон” ва “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” санҷида баромада шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии муҳасилини мактаҳо ва кормандони ташкилоту муассисахо вохӯриҳо ташкил ва баромадҳо анҷом дода шуда, бевосита ёриҳои амалӣ расонида шуданд.

Вобаста ба гузаронидани таҳлили вазъи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ санҷишу таҳлилҳои прокуратураи вилоят дар миқёси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳанд, нисбати солҳои пешин ба ин самт дар ташкилоту муассисаҳои вилоят аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар ин асос фаъолияти Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси вилоят ва Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ нақши мондагори худро дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ гузошта истодаанд ва ҳамасола тибқи нақшаҳои корӣ ва гузаронидани ҷалласаҳои ҳар нимсола корҳои муайянеро дар роҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ба роҳ мондаанд. Санҷишҳои гузаронидаи прокуратураи вилоят нишон медиҳанд, ки қати назар аз корҳои анҷомдода ва чорабиниҳои анҷомдода ҳанӯз камбудиҳо низ дар маҳаллаҳо ҷой доранд. Аз ин рӯ зарур дониста шуд, ки барои бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта ба раёсати маорифи вилоят ва раёсати андоз дар вилоят чи тавре, ки дар боло ишора ёфт пешниҳодҳо ирсол карда шаванд.    

Кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳри ноҳияҳо низ дар ин давра мутташакилона доири мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ баромад намудаанд.

Умуман дар ҷамъбасти соли равон дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ зиёда аз 2714 (2578) маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо баромадҳо анҷом дода шудаанд.

Тавассути воситаӽои ахбори умум тавассути воситаӽои ахбори умум 664 (638) маротиба оид ба натиҷаӽои санҷишӽои прокурорӣ ва тафтиши парвандаӽои ҷиноятии аӽамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромад кардаанд.

Аз ҷумла, дар матбуот 246(232) маротиба, ба воситаи радио 202(194) маротиба ва тавассути телевизион 216(212) маротиба баромадҳо анҷом дода шудаанд.                           

Ба замми ин аз тарафи прокуратураи вилоят барои беҳтар шудани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва дар ин замина беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти тарбиявӣ аз тарафи муттасадиёни соҳа ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳодҳо барои дохил намудани тағироту иловаҳо ба қонунгузориҳои мавҷудаи соҳа ирсол карда шудааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба ин самти фаъолият дар тарбияи ҳукуқии аҳолӣ пайваста диқкати ҷиддӣ хоҳад дод.

Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилоят,мушовири адлияи дараҷаи якум

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ