12:32:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БА ДОДИ ФАЙЗИГУЛ КӢ МЕРАСАД?

Рӯзи чоршанбе Файзигул Шарифова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар назди бинои вазорати тандурустӣ гуруснашинӣ кард. 

Даъвои Файзигул

Хонум Шарифова, ки бо сандалии чархдор ҳаракат мекард, дар қабулгоҳи вазири тандурустӣ иброз дошт, ки ӯро соли 2001- ум дар беморхонаи Қарияи боло ҷарроҳӣ кардаанд ва ӯ дар паи ин ҷарроҳӣ маълул шудааст. Ва акнун талаб дорад, ки вазорати тандурустии кишвар барояш табобат дар кишварҳои хориҷиро таъмин кунад. Файзигул Шарифова мегӯяд, табибон бемории ӯро нодуруст ташхис карда, гуфтаанд, ки ӯ ҳомила аст.

 

Ӯ меафзояд, сипас дар ҷараёни Аз вазорат талаб дорам, ки барои муолиҷаи ман дар Украина 12 ҳазор доллар даркор будааст, диҳад. Аммо вазири тандурустӣ мегӯяд, ки ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ дорем. 

Aмалиёти исқоти ҳамл табибон ба хатое роҳ доданд, ки беш аз 8 сол инҷониб ӯро бистарӣ кардааст: «Вазорати тандурустӣ доим ба ман ваъда медиҳад, ки дар хориҷ аз кишвар ягон табобатгоҳ ёбед, барои муолиҷа кӯмаки молиявӣ мекунем. Аммо ваъда медиҳанду халос. 

Имрӯз ман санадеро барои далел дар даст дорам, ки дар Украина чунин беморхонаи табобатӣ будааст. Аз вазорат талаб дорам, ки барои муолиҷаи ман дар Украина 12 ҳазор доллар даркор будааст, диҳад. Табибони вазорати тандурустӣ маро маъюб карданд. Аммо вазири тандурустӣ мегӯяд, ки ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ дорем. Ва даҳҳо баҳонаи дигар пеш меоранд». 

Ин зани бемор мегӯяд, ки ин бори аввал нест ки ӯ гуруснашинӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дафъаи гузашта кормандони шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт ҳам шарик ба қазия шуда, ҳамроҳ бо ходимони вазорати тандурстӣ ба ӯ ваъда доданд, ки агар гуруснашиниро қатъ кунад, барои табобат дар Олмон ба ӯ 75 ҳазор доллар хоҳанд дод, вале ба ваъдаашон вафо накарданд. 

Посухи вазорат

Сардори раёсати вазорати тандурустӣ Ӯктам Бобохоҷаев дар иртибот ба гуруснашинии ин зани маъюб гуфт, ки вазорат айни ҳол тавони пардохти маблағи хароҷоти муолиҷаи Файзигул Шарифоваро дар хориҷи кишвар надорад. Бобохоҷаев афзуд, ки шифо ёфтани ин зан зери суол аст, зеро табобати менингит кори осон нест ва барои он ки вазорати тандурустӣ ин амалро сармоягузорӣ кунад, шаҳодати он лозим аст, ки бемор дар ниҳояти амр шифо хоҳад ёфт: 

«Агар бемор санади асосиро дар бораи он ки воқеан дар он кишвар табобат меёбад ба вазорат пешниҳод кунад, вазорат дар асоси он ба вазорати молия дархости маблағ мекунад ва ба ӯ кӯмак мекунад. Аммо дар санади дасти ӯ танҳо даъват аст барои рафтан. Кафолати пурраи табобат нест.»

Ба гуфти ҷаноби Бобохоҷаев, касе кафолат дода наметавонад, ки бемории ин зан ҳатто дар ягон беморхонаи хориҷӣ муолиҷа хоҳад шуд. Дар ин маврид вазорат борҳо ба Москав муроҷиат кардааст ва чунин посух гирифтааст. Аммо бархилофи гуфтаҳои Бобохоҷаев, хонум Шарифова мегӯяд, ки нисбат ба солҳои пеши саломатиаш як каме хубтар шудааст ва ӯ бояд дар хориҷи кишвар табобат гирад. 

Ва дахолати мақомоти милиса дар қазия

Дар ҳоле ки хабарнигорон аз бинои вазорати тандурустӣ берун мешуданд, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ хонуми эътирозгарро аз вазорат маҷбуран берун бароварда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия оварданд. Ба гуфти Файзигул Шарифова, ӯро ҳушдор додаанд, ки дигар даст ба чунин амал назанад. 

Дар ҳоле ки Файзигул дар назди қабулгоҳи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ барои пурсиш нигоҳ дошта мешуд, ба хабарнигорон гуфт: «Вақте 10 милиса аробачаи маро кашиданд, дасту поямро меқапиданд, ки барои баровардан монеа нашавам, дасту пойҳоямро кабуд карданд. Инак ду соат аст, ки дар назди қабулгоҳи сардор нигоҳам медоранд.» 

Дар ҳоле ки намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки кафолати шифоёбии Файзигул дар ягон кишвар нест, ин хонум мегӯяд, агар дар мақомоти расмӣ ба додаш нарасанд, ба хотири табобати худ ва ба даст овардани ҳаққи қонуниаш омода ҳаст, то додгоҳи олӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi