11:16:24 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФЗОИШИ ТАЛОҚДИҲӢ ДАР ОИЛАҲОИ ҶАВОН

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 2514 ҳолати талоқ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Маърифат Шокирова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат, бо ишора ба афзоиш ёфтани талоқ миёни оилаҳои ҷавон мегӯяд, яке аз сабабҳои аслии ин раванд аз лиҳози равонӣ ба ҳаёти оилавӣ тайёор набудани духтарони ҷавон мебошад. Хонум Шокирова мегӯяд, аз сӯи дигар вазъи бади иқтисодӣ то андозае дар ҳаёти оиладории ҷавонон таъсири манфӣ гузоштааст. Агар аз як тараф масъулини умури кор бо занон сатҳи нодорӣ, камбизоатии иҷтимоиро боиси варон шудани оилаҳои ҷавон сабаб медонанд, аммо паҳлӯи дигар оилаҳои ҷавон асосан побанди анъанаҳои суннатӣ мешаванд ва ҳангоми оиладоршави ақду никоҳи расмӣ намекунанд. 

Ва маҳз бо ин иллат аксарияти занҳои ҷавоне, ки хонавайрон мешаванд, дигар имкони гирифтани саҳмия, ва ё амонате аз шавҳар намегарданд. 

Гулнора, як хонуми ҷавон, ки ду дафъа хонадор шудаву талоқ гирифтааст, мегӯяд, дар вақти никоҳ кардан бо ҳарду шавҳараш ақди никоҳи расмӣ надоштааст. Ва дар натиҷа ӯ бо ду кӯдак дар хонаи падар мондааст. 

Вай мегӯяд, “ҳарчанд баъди талоқ барои гирифтани хона барои кӯдаконам ва гирифтани ҳақпулии фарзандон, ба истилоҳ алимент, талош кардам, аммо аз сабаби надоштани ҳуҷҷати ақди никоҳ бо шавҳарам мувафақ нашудам”.

Шамсиддин Ҷалолов, устоди яке аз донишгоҳҳои кишвар, бар ин назар аст, ки дар вақти барпо кардани оила писарон бештар кӯшиш мекунанд, ки аз расмӣ намудани ақди никоҳ худдорӣ кунанд. Вале занҳо бошанд аҳамияти никоҳи расмиро дарк намекунанд ва дар сурати ҷудошавӣ наметавонанд аз шавҳар ҳаққи худ ва кӯдаконашонро талаб кунанд. 

Мавзуи афзоиши талоқ ахиран дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки дар пойтахт теъдоди ҳодисаҳои талоқ нисбати шумори оилаҳои нав бештар шудааст.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi