22:46:32 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ПЕШНИҲОДИ БОЛО БУРДАНИ СИННИ ИЗДИВОҶ

 

Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон хостори то ба як сол боло бурдани синни издивоҷ барои духтарон шудааст. Масъулони ин кумита рӯзи душанбеи 20 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ин пешниҳод пуштибонӣ карда ва онро барои баррасӣ ба порлумон ироа намудааст. 

 



Қиматгул Алибердиева, муъовини аввали раиси Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон, далели ин пешниҳодро ба афзоиши никоҳҳои бармаҳал, аз мадорис дур мондани духтарон ва боло рафтани мизони таваллуд дар ин кишвар марбут хонд.

Афзоиши сареъи нуфус 

Гуфта мешавад мизони афзоиши нуфус дар Тоҷикистон солиёна 2,3 дарсад буда ва ин рақам дар миёни Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ болотарин маҳсуб мешавад. Ба ин тартиб, дар зарфи 17 соли ахир ҷамъияти Тоҷикистон аз 5,5 милюн то ба ҳудуди ҳафту ним милюн нафар афзоиш пайдо кардааст.

Дар натиҷа, ин вазъ душвориҳои иқтисодию таъмини иҷтимоъӣ ва мушкили фаро гирифтани кӯдакон ба мадорис ва кӯдакистонҳоро пеш овардааст. Мақомоти Тоҷикистон аз тариқи тасвиби қонуни “Танзими оила” дар соли 2003 барои коҳиши мизони рушди нуфус дар ин кишвар талошҳое ба харҷ доданд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳоло мизони мутавассити таваллуд дар хонаводаҳои Тоҷикистон ҳафт фарзандро ташкил дода ва талошҳо барои коҳиш додани ин рақам то ба чаҳор нафар ҳамчунон идома доштааст.

Аммо ба эътиқоди бархе коршиносон, тадобири давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бесобиқаи нуфус дар ин кишвар натоиҷи дилхоҳе надодааст. Ба гуфтаи ин коршиносон, даъватҳои Президент Раҳмон барои пойин бурдани мизони таваллуд, ки худ падари нуҳ фарзанд аст, чандон муассир набудааст.

Тадобири "сахтгирона" алайҳи никоҳи бармаҳал 

Масъулони Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон аз ҳукуматҳои маҳаллӣ даъват карданд, ки аз роҳҳои қонунӣ, аз ҷумла, аз тариқи муҷозоти маъмурӣ (идорӣ), аз афзоиши никоҳҳои бармаҳал дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар бархе аз навоҳии кӯҳистонӣ мавориди аз мадорис дур мондани шогирдони духтари синфҳои нуҳ ва издивоҷи иҷбории онҳо ба мушоҳида расидааст.

Дар натиҷа, ба гуфтаи пизишкон, давраи зоимони занон дар Тоҷикистон аз муддати 25 сол дар даврони Шӯравӣ то ба 30 сол афзоиш ёфтааст. Ба ин тартиб, агар дар даврони Шӯравӣ занон аз 20 то 45-солагӣ, яъне 25 сол, имкони таваллуд доштанд, ҳоло давраи зоимони онҳо аз 18 то 48-солагӣ, яъне ҳудуди 30 солро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, бар асоси пешниҳоди Вазорати маъориф ё омӯзишу парвариши Тоҷикистон аз соли оянда раванди таҳсилоти ҳатмӣ дар мадорис аз синфи 9 дар ҳоли ҳозир то ба синфи 10 боло хоҳад рафт.

Қиматгул Алибердиева, муъовини аввали раиси Кумитаи занони Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи афзоиши никоҳҳои бармаҳал мавориди талоқ низ дар ин кишвар бештар шуда ва дар соли ҷорӣ 2514 мавриди талоқ сабт шудааст.

Хонуми Алибердиева муътақид аст, ки дар сурати расман боло бурдани синни издивоҷи духтарон ва таъйини муҷозоти ҷиддӣ барои нақзи ин муқаррарот мушкили рушди нуфус ва мизони бесобиқаи таваллуд дар Тоҷикистон то андозае ҳал хоҳад шуд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi