18:25:52 01-уми Июли 2025 сол

"ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР БАРОБАРИ ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ БЕШТАР ОСЕБПАЗИРАНД"

Занони тоҷик дар рустоҳои Тоҷикистон яке аз гурӯҳҳое ҳастанд, ки бештар аз ҳама дар баробари тағйири иқлим осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин нукта дар гузориши созмони бритониёии “Оксфам”, ки рӯзи душанбеи 24 январ дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ шуд, таъкид мешавад.

 

Энди БейкерЭндӣ Бейкер, раҳбари дафтари ин созмон дар Тоҷикистон гуфт, бар асоси пажӯҳише, ки созмони “Оксфам” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон анҷом додааст, сокинони манотиқи рустоӣ, бахусус занҳо аз ақшори осебпазири ҷомеъаи Тоҷикистон дар баробари тағйири иқлим маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи оқои Бейкер, бар асари обхезӣ, сел, сармои шадид ва хушксолӣ ҳосили зироъати ин афрод нобуд шуда ва мумкин аст, садҳо ҳазор нафар ба хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ шаванд.

 

Ин дар ҳолест, тибқи иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ 53 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар фақр ва 17 дар сади онҳо дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд, ки даромади ин афрод дар як моҳ 26 дулорро ташкил медиҳад. Қиматгул Алибердиева, муъовини раиси Кумитаи занони Тоҷикистон зимни таъйиди ин нукта гуфт, шавҳарони бештари занҳо барои дарёфти кор ба мамолики хориҷӣ рафта ва сарпарастии аксари хонаводаҳо бар ӯҳдаи бонувон вогузор шудааст.

 

Хонум Алибердиева таъкид кард, ҳоло бархе аз занҳо корхонаҳо ё муҷтамаъҳои кишоварии кучак таъсис карда ва аз ин тариқ ниёзҳои хонаводаи худро таъмин мекунанд. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки ба занҳои соҳибкор, ки ба кӯмакҳои молии созмонҳои хайрияи байналмилалӣ шадидан ниёз доранд, дар чаҳорчӯби Барномаи озмоишии мутобиқат ба тағйири иқлим дар Тоҷикистон маболиғе тахсис хоҳад шуд.

 

Зимнан, Эндӣ Бейкер хабар дод, ба манзури мусоъидат дар муқобала бо авоқиби тағйири иқлим барои Тоҷикистон Барномаи озмоишии мутобиқат ба тағйири иқлим тасвиб шудааст, ки ҳазинааш 50 милюн дулори омрикоӣ будааст. Ин барнома дар чаҳорчӯби Кунвенсиюни Тағйири Иқлими Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ шуда ва аз сӯйи Сандуқи Сармоягузории Иқлим маблағгузорӣ мешавад.

 

Дар ин барнома дар канори Тоҷикистон Бангладеш, Камбоҷа, Мозамбик, Замбия шомид буда ва дар маҷмӯъ 10 кишвари фақири ҷаҳонро фаро мегирад. Аз ҷумлаи 972 милюн дулори барои Барномаи озмоишии мутобиқат ба тағйири иқлим пешбинишуда дар соли гузашта 358 милюн дулор тахсис шудааст. Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Жопун, Норвӣ,Олмон, Донморк, Конодо ва Остролиё аз кишварҳои сармоягузор ба ин барнома маҳсуб мешаванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/4241-q-------q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ