19:16:20 01-уми Июни 2025 сол

СИГОР КАШИДАНИ МОДАР ЭҲТИМОЛИ ИРТИКОБИ ҶУРМИ ФАРЗАНДРО АФЗОИШ МЕДИҲАД

Натиҷаи як пажӯҳиши тоза дар Омрико нишон медиҳад, ки эҳтимоли гароиши фарзандони заноне, ки дар даврони ҳомилагӣ зиёд сигор мекашанд, ба ҷурму ҷиноят дар бузургсолӣ бештар аст. Дар ҷараёни ин мутолеъа коршиносони беҳдошти умумии донишгоҳи Ҳорворд, касонеро мавриди мутолеъа қарор додаанд, ки аз авохири даҳаи панҷоҳи мелодӣ то авосити даҳаи шаст мутаваллид шуда буданд.

 

cigarЗарари масрафи сигор дар даврони ҳомилагӣ ва осебҳое, ки сигор кашидан ба ҷанин ворид мекунад, солҳост, ки собит шудааст. Аммо дар мавриди назарияе, ки мегӯяд кӯдакони мутаваллидшуда аз модарони сигорӣ дар бузургсолишон бештар муртакиби ҷурм мешаванд, ҳанӯз ибҳомоте вуҷуд дорад. Ин таҳқиқ бар рӯйи се ҳазору 800 нафар анҷом шудааст, ки байни солҳои 1959 ва 1966 мутаваллид шудаанд. Модарони наздик ба ду севуми ин афрод дар даврони ҳомилагӣ сигор мекашиданд.

 

Муҳаққиқон, ки барои анҷоми таҳқиқоташон ба собиқаҳои қазоии ин афрод дастрасӣ доштанд, мегӯянд фарзандони модароне, ки дар рӯз дастикам 20 нах сигор мекашиданд, 21 дарсад бештар аз фарзандони модароне, ки сигорӣ набуданд, боздошт шудаанд. Такрори анҷоми корҳои хилоф ҳам дар байни онҳо бештар дида шудааст. Дуктур Онҷело Породойс, масъули ин гурӯҳи таҳқиқотӣ, мегӯяд онҳо ба таври дақиқ намедонанд, ки чаро сигор кашидани модарон дар даврони бордорӣ чунин таъсире дорад.

 

Бо ин ҳол дуктур Породойс мегӯяд бар асоси таҳқиқоти дигаре, ки дар ин бора анҷом шудааст,ба назар мерасад, ки ин мушкил натиҷаи таъсироти биулужикӣ аст, ки никутин бар мағз дар ҳоли рушд мегузорад. Ӯ мегӯяд, ки ин таъсир метавонад боъиси бурузи ноҳинҷориҳои рафторӣ дар кӯдакон шавад. Дар ин мутолеъа заноне, ки дар даврони ҳомилагӣ сигор мекашиданд, дар муқоиса бо модароне, ки сигор намекашиданд, ҷавонтар, бо таҳсилоти камтар ва аз табақоти маҳрумтари ҷомеъа буданд.

 

Аммо муҳаққиқон мегӯянд дар таҳқиқоташон ин авомилро ҳам дар назар гирифтаанд ва боз ҳам ба натиҷаи мушобеҳе даст ёфтаанд. Байни фарзандони духтар ва писари мутаваллидшуда аз ин занон низ тафовуте мушоҳида нашудааст. Таҳқиқоте, ки дар гузашта анҷом шуда, нишон додааст, ки байни сигор кашидан дар даврони бордорӣ ва ноҳинҷориҳои рафтории кӯдакон, мисли бешфаъолӣ, пархошгарӣ ва нофармонӣ, робитаи мустақиме вуҷуд дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3596-2010-11-17-18-23-23.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854