21:43:11 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗЪИ "БӮҲРОНИИ" МАРОКИЗИ БӮҲРОНӢ

Эътилофи созмонҳои занон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки тасвиб нашудани тарҳи қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ дар ин кишвар аз рушди марокизи бӯҳронӣ монеъ шудааст.

Ин матлабро масъулони ин эътилоф рӯзи панҷшанбеи 9 июл дар нишасте дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд. Дар ин нишаст натоиҷи пажӯҳише дар мавриди фаъолияти марокизи бӯҳронӣ барои занони осебдида аз хушунат баррасӣ шуд. Ширкаткунандагони ин нишаст, ки умдатан масъулони чунин марокиз буданд, исрор карданд, ки тасвиби қонун дар бораи хушунат дар Тоҷикистон метавонад мавқеъи ҳуқуқии ин созмонҳоро комилан тағйир диҳад ва фаъолияти онҳоро муассир созад.

Онҳо таъкид карданд, ки маблағгузорӣ дар фаъолияти ин гуна марокиз комилан аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ва гаҳ-гоҳе бо таъхир сурат мегирад, ки гуфта мешавад ин амр фаъолияти бархе аз ин марокизро мухтал мекунад.

Таҳқиқоти вижаи эътилофи созмонҳои занон дар мавриди фаъолияти марокизи бӯҳронӣ дар Тоҷикистон барои кумак ба афроди осебдида аз хушунат ҳокист, ки ҳамакнун танҳо 50 дарсад аз 41 маркази бӯҳронӣ дар кишвар ба таври бояду шояд фаъолият мекунанд.

Яъне 20 адад аз ҷумлаи чунин марокиз ба далоили мухталиф ва умдатан ба далели надоштани маблағи кофӣ аз фаъолият боз монда ва ё шароити мусоъид барои фаъолият, яъне таҷҳизот, бино ва ё муттахассис надоранд.

Бо ин ҳол, тибқи натоиҷи ҳамин таҳқиқот, аз марокизи бӯҳронии фаъол дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар як моҳ аз 30 то 70 нафар, ки аз хушунати хонаводагӣ ранҷ бурдаанд, боздид мекунанд.

Дар ин марокиз ба афроде, ки дастхуши хушунат қарор гирифтаанд, кумакҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва дар бархе марокиз барои дарёфти ҷойи кор, вомҳои ботахфифи молӣ ва манзили муваққатӣ низ мусоъидат мешавад.

Мавқеъи ноустувори марокизи бӯҳронӣ 

“Наҷоти кӯдакон” созмони ғайридавлатиест, ки дар соли 1993 дар дохили бемористоне дар шаҳри Кӯлоб марказе бӯҳрониеро барои осебдидагон аз ҷанги шаҳрванднӣ таъсис дод. Ҳамакнун муштариёни ин марказ умдатан занони хушунатдида дар хонавода ҳастанд.

Қурбонгул Қосимова, раҳбари ин созмон, мегӯяд мақоми вижа надоштани марокизи бӯҳронӣ боъис шуда, ки тақдири марокизи бӯҳронӣ аз равобити шахсии мақомот ва ё ниҳодҳо бо ин марокиз вобаста аст.

Ба гуфтаи хонум Қосимова, маркази онҳо солҳои тӯлонӣ дар дохили бемористони шаҳрӣ қарор дошт ва занҳо метавонистанд “гӯё ба далоили пизишкӣ” аз марказ боздид кунанд ва масоили худро матраҳ кунанд.

Вале вай афзуд: “Шаш моҳ қабл моро аз ин бемористон ба опортумони иҷорае кӯч доданд ва ҳамакнун мо бекор нишастаем, зеро камтар занон ҷуръат ба харҷ медиҳанд, ки ба маҳалли кори мо оянд.”

Вай гуфт мушкили дигари марокизи бӯҳронӣ собит набудани маблағгузорӣ барои фаъолияти онҳост, ки мӯҷиби аз даст додани афроди ҳирфаӣ аз марокиз мешавад.

Тарҳи қонун алайҳи хушунати хонаводагӣ

Масъулони созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар умури занон дар Тоҷикистон дар ҳоле бар зарурати тасвиби тарҳи қонун дар бораи “Ҷилавгирӣ аз хушунтаи хонаводагӣ” таъкид мекунанд, ки ин санад тӯли чаҳор сол аст, ки дар порлумон тасвиб намешавад.

Ғайр аз ин ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, тасвиби тарҳи ин қонун ба коҳиши хушунат алайҳи занон мусоъидат хоҳад кард, дар нишасти рӯзи панҷшанбеи шаҳри Душанбе таъкид шуд, ки тасвиби ин санад метавонад дар роҳи рушди марокизи бӯҳронӣ нақши калидӣ дошта бошад.

Яке аз бандҳои тарҳи қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ масоъидат ба фаъолияти марокизи бӯҳронӣ аз сӯйи давлатро дар назар дорад. Дар сурати тасвиби ин санад давлат муваззаф мешавад барои ин гуна марокиз сохтмон фароҳам карда ва ҳатто маблағгузорӣ кунад.

Коршиносон мегӯянд, он гоҳ масъулони марокизи бӯҳронӣ аз камбуди кодрӣ ранҷ нахоҳанд бурд ва садои ин марокиз дар ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳ болотар шуда ва бовари ҷомеъа низ ба ин созмонҳо афзоиш хоҳад ёфт, ки ин амр дар маҷмӯъ метавонад барои коҳиши мавориди хушунат дар кишвар муассир бошад.

Соҳибназарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд давлат ин тарҳи қонунро ба далели “харҷи изофӣ” аз буҷети давлатӣ тасвиб намекунад.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi