08:11:52 01-уми Июни 2025 сол

БОБОСОДИҚОВА: "МО МУРОҶЕЪА КАРДЕМ, НА ЭЪТИРОЗ"

Раҳбарони ҳудуди 20 созмони ғайридавлатии занон унвонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, дар як нома хостори таҳкими равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон шудаанд. Субҳи рӯзи ҷумаъи 4 июн, иддае аз раҳбарони ин созмонҳо барои супурдани ин нома ба сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон муроҷеъа кардаанд. Вале тавре ки Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони ғайридавлатии “Занони таҳсилкарда”, мегӯяд, масъулони сафорати Ӯзбакистон аз гирифтани ин нома худдорӣ кардаанд.

 

Хонум Бобосодиқова афзуд: “Сипас мо маҷбур шудем, ки ин номаро ба сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, ки раҳбарии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупоро бар уҳда дорад, барем, то тавассути раиси ҷумҳурии Қазоқистон номаро ба Президент Каримов расонем.” Ба гуфтаи бархе аз занони фаъол, ба сардӣ гароидани равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аксари сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст ва беҳбудии вазъият дар муносиботи ин ду кишвар ба суди мардумони он хоҳад буд. Занони фаъол мӯътақиданд, ки дар моҳҳои ахир банд мондани вогунҳои ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар Ӯзбакистон бар зарари мардуми одии ҳар ду кишвар аст.

 

Гулҷаҳон Бобосодиқова мегӯяд, ки ҳузури занони фаъол дар назди сафорати Ӯзбакистон маънии эътирозро надошта ва онҳо танҳо мехостанд, ки масъулон аз онҳо пазироӣ кунанд. Хонум Бобосодиқова мегӯяд: “Мо дар даст ҳеҷ плокатҳо надоштем ва эътироз ҳам накардем. Мо фақат хоҳони онем, ки дар минтақа сулҳ бошад ва кишварҳои он бо ҳам дӯстона ба сар баранд.”

 

Ин номаи занони фаъолро беш аз 30 нафар аз ҷумлаи раҳбарон ва фаъолони 20 созмони ғайридавлатии Тоҷикистон имзо кардаанд. Ҳарчанд масъулони сафорати Ӯзбакистон аз изҳори назар дар мавриди тақозои занон худдорӣ карданд, аммо як масъули ин сафорат ба хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст, ки “таҷаммӯъи занон дар назди сафорат амале таҳрикомез аст ва бар муносиботи ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад расонд.”

 

Ин манбаъ гуфтааст, ки эҳтимол дорад онҳо дар робита бо таҷаммӯъи занон дар назди сафорат ёддоште ба давлати Тоҷикистон ироа кунанд. Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузориши ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар қаламрави Ӯзбакистон вогунҳои Тоҷикистон, ки бештарашон ҳомили маводди сӯхтӣ, сохтмонӣ ва ғизоӣ мебошанд, мутаваққиф шудаанд. Ӯзбакистон далели аслии дубора баста шудани роҳи оҳани Термиз-Хатлонро харобии хатти рохи оҳан ва ҷамъ шудани шумори зиёди қаторҳо дар системи роҳи оҳани худ хондааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2420--q----q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854