01:54:54 02-уми Июли 2025 сол

ЗАНОН: ҚУРБОНИЁНИ МАЪМУЛИИ ХУШУНАТ

Дар як ҳамоиши фаъолони умури зан дар Душанбе гуфта шуд, ки рафъи мушкилоти занон дар минтақаҳои рустоии Тоҷикистон ба ҷилавгирӣ аз мавориди табъиз нисбат ба онҳо кумак хоҳад кард.

 

Дар ин мизи гирд ҳамчунин таъкид шуд, ки махфӣ нигаҳ доштани бисёре аз мушкилоти зиндагии занону духтарон дар ҷомеъа аз мубориза бо табъизу хушунат алайҳи занон монеъ шудааст. Ҳадафи аслӣ аз баргузории ҳамоиши рӯзи ҷумъаи 18-уми декабр тадорукот барои омода кардани гузориши давлати Тоҷикистон дар мавриди ҷилавгирӣ аз табъиз алайҳи занон ва духтарон дар ин кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид будааст.

 

Ширкаткунандагон ба ин нукта таъкид доштанд, ки гузориши дақиқ аз воқеъияти зиндагии занону духтарон дар Тоҷикистон ва омори сиҳҳат дар мавриди табъизу хушунат алайҳи онҳо дар гузориши дувуми давлат ба СММ ба рафъи бисёре аз мушкилоти мавҷуд кумак хоҳад кард.

Мубтакирони ин ҳамоиш масъулони Кумитаи зан ва хонавода ва намояндагии UNIFEM ё Сандуқи ҳимоят аз занони СММ дар Тоҷикистон буданд.

 

Ширкаткунундагони нишаст ҳамчунин натиҷаи иҷрои пешниҳодҳои СММ баъд аз гузориши нахусти Тоҷикистон дар бораи вазъияти занон дар соли 2007-ро бо мақомоти тоҷик баррасӣ карданд. Аммо ба гуфтаи иддае аз занони ширкаткунанда, бештари пешниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди шеваҳои беҳбуд бахшидан ба вазъи занону духтарон ва ҷилавгирӣ аз хушунат ва табъиз нисбат ба занон дар Тоҷикистон ҳамчунон нодида гирифта шудаанд.

 

Табъиз нисбат ба занони рустоӢ

 

Биҳоҷал Раҳимова, мушовири намояндагии UNIFEM ё Сандуқи ҳимоят аз занони СММ дар умури занони кишоварз, мегӯяд, ки гузориши ҷадиди давлати Тоҷикистон дар мавриди ҷилавгирӣ аз табъизу хушунат нисбат юа занон бояд мунсифона таҳия шавад. Зеро беҳбудии ояндаи зиндагии занон ба натиҷаи ин гузориш бастагӣ дорад.

 

Хонум Раҳимова гуфт бо дарназрадошти иштибоҳоте, ки дар гузориши аввали давлат дар мавриди ҷойгоҳи занону духтарон дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар соли 2007 вуҷуд дошт, дар гузориши ҷадид ба зиндагии иҷтимоъи занон дар рустоҳо бояд бештар таваҷҷуҳ шавад. Хонум Раҳимова афзуд: “Бо он ки занону духтарон дар деҳот ва рустоҳо бештар бо табъиз ва хушунат рӯбарӯ мешаванд ва мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ доранд, ман муътақидам, ки бо ҳалли душвориҳои зиндагии занони рустоӣ ҳамаи мушкилоти марбут ба масоили занон рафъ хоҳад шуд.”

 

Ба гуфтаи Биҳоҷал Раҳимова, занон ва духтарони шаҳрнишин дар заминаи огоҳӣ аз ҳуқуқи худ дар муқоиса бо занону духтарони кишоварз ва рустоӣ бедортар ҳастанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, занон дар шаҳрҳо нисбат ба занони рустоӣ шароити беҳтаре барои зиндагӣ доранд.

 

Набуди шиносномаҳо

 

Наргис Азизова, як масъули намояндагии UNIFEM ё Сандуқи ҳимоят аз занони СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз ин мизи гирд ёдоварӣ аз ҳуқуқи занону духтаронест, ки дар гузориши аввали давлат ба вазъияти онҳо таваҷҷуҳи андаке мабзул шуда буд.

 

Хонум Азизова афзуд: “Мо бояд аз вазъи занону духтарони кишварз ва занону духтарони маълул ёдовар шавем. Ҳамчунин яке аз мушкилоти аслие, ки ҳоло дар ҷомеъаи мо занону духтаронро домангир шудааст, синни бармаҳали издивоҷ ва ба расмият надаровардани ақди никоҳи бисёре аз занони ҷавон аст, ки дар натиҷа зиндагии бисёре аз онҳоро дар оянда душвор мекунад.”

 

Ба гуфтаи вай, бархе аз занону духтарон дар Тоҷикистон ҳатто шиноснома надоштаанд ва иддае аз занон то ҳол шиносномаҳои даврони Шӯравиро ба кор мебаранд, ки ин мадорик аз муддатҳо қабл беэътибор шудааст.

 

Хонум Азизова мегӯяд дар сурате ки аз ин мушкилот дар гузориши ҷадиди давлати Тоҷикистон ба СММ сарфи назар шавад, мубориза барои аз миён бурдани табъиз нисбат ба занон ва духтарон дар Тоҷикистон мушкил хоҳад буд. Бархе аз занони ширкаткунанда дар ин нишаст аз ҷумлаи масъулони давлатӣ гуфтанд, ки аз соли 2007 то имрӯз дар зиндагии иҷтимоъии занону духтарон дар Тоҷикистон пешрафтҳои назаррасе сурат гирифтааст.

 

Аммо бархи дигар аз ширкаткунандагон бо ишора ба мавориди зиёди даст задани занону духтарон ба худкушӣ ва набуди истиқлоли иқтисодии онҳо, занонро дар ҷомеъаи Тоҷикистон яке аз қишрҳои осебпазир дар баробари буҳронҳои мухталифи иҷтимоъӣ медонанд.

 

Қарор аст дар соли 2011 давлати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид барои бори дувум аз вазъи занону духтарон ва ҷилавгирӣ аз табъиз нисбат ба онҳо гузориш диҳад. Ин гузориш бо кумаки коршиносони варзида ва намояндагони давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ омода мешавад ва барои муъарифии он ҳайъате муташаккил аз намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ ташкил хоҳад ёфт.

 

Би-Би-Си 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1351-zanoni-rustoi-qurboniyoni-mamulii-khushunat.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ