08:50:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷаласаи илмӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-уми феврали соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” Ҷаласаи илмӣ баргузор гардид.

2_zanon-ilm_1254.jpgТибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи илмиро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” эълон карда шуд.

Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣҳамаи занон ва духтарон илмро пешаи худ намудаанд табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи олимаҳои Академияи илмҳо дар пешрафти корашон бурдбориҳо орзу намуд.

Сипас ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, академик М. М. Яқубова дар мавзӯи “Саҳми занон-олимаҳо дар рушди устувори ҷомеа” сухан ронда, аз таваҷҷуҳи бемайлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувони олима изҳори ақида намуд. Номбурда аз ҳамаи бонувон даъват ба амал овард, ки нисбат ба сарнавишти худ ва давлату меҳан бетафовут набошанд.

Директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаю математика Г. И. Қоҳирова дар мавзӯи “Саҳми занон дар рушди илми астрономия” сухан ронда, таъкид намуд, ки дар ҷараёни таърихи башарият саҳми занони олима, дар рушди илми нуҷумшиносӣ (астрономия) бағоят бузург аст. Дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ саҳми олимаҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ ба назаррас аст.

1_zanon-ilm_1254.jpgМудири Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа М. Мамадҷонова дар мавзӯи “Оилаи солим ва оиладорӣҳамчун масъалаи давлатӣ” суханрони намуда, баробари ҳуқуқи марду занро дар оила омили муҳими ҷомеаи демократӣ арзёбӣ намуд.

Ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, номзади илмҳои биологӣ З. Қиёмова дар мавзӯи “Растаниҳо дар шароити стреси абиотикӣ” маърӯза карда, таъкид намуд, ки ҷомеа бо табиат пайваст аст ва ҳама гуна мавҷудот дар иртибот бо ҳамдигар вуҷуд доранд.

Дар анҷоми ҷаласа раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, доктори илмҳои педагогика Қосимзода Идигул Тағо ҳозиринро ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” табрику таҳният гуфта, оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи занон дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар рушди илми муосири тоҷик фаъолияти илмии занон ва духтарон, ба хусус олимаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.  

“Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi