14:26:05 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм”ҷаласаи илмӣ баргузор гардид.

Ruzi-ilmii-zanon-65214545.jpgТибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” эълон карда шуд.

Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣҳамаи занон ва духтаронеро, ки илмро пешаи худ намудаанд, табрик гуфта, ба ҳамаи олимаҳои Академияи илмҳо дар пешрафти корашон бурдбориҳо орзу намуд.

Ноиби президенти АИ ҶТ, раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб, академик М. Яқубова дар мавзӯи “Саҳми занон-олимаҳо дар рушди устувори ҷомеа” сухан ронда, аз таваҷҷуҳи бемайлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувони олима изҳори ақида намуда, ҳамаи бонувонро даъват кард, ки нисбат ба сарнавишти худ ва давлату меҳан бетараф набошанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, доктори илмҳои педагогика Қосимзода Идигул Тағо ҳозиринро бо “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм” табрик гуфта, оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи занон дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар рушди илми муосири тоҷик фаъолияти илмии занон ва духтарон, ба хусус олимаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi