12:57:22 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сайёра Сафарӣ танҳо бо ризоияти падараш шавҳар мекунад

Александр Котт, таҳиягари шинохтаи рус, ҳунарманди тоҷики муқими Маскав Сайёра Сафариро «бозёфти нодир» барои синамо номидааст.

sayora-safari 4585221«Сайёра ҳанӯз чандон маъруф нест, аммо ҳунарманди мабҳуткунандаест. Намедонам, ки чаро кам ба навораш мегиранд, шояд гап дар чеҳраи шарқии ӯст. Барои ман Сайёра як бозёфти нодир аст» , гуфтааст Александр Котт дар мусоҳиба бо сомонаи The Hollywood Reporter Russia оид ба сериёли наваш «1001», ки ахиран аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия намоиш дода шуд.

Сайёра Сафарӣ дар ин сериёл, ки он чун «филми тахайюлӣ» муаррифӣ шудааст, нақши қаҳрамони асосӣ Шаҳрзодаро бозидааст. Дигар нақшҳоро Алексей Франдетти, Александр Голубков, Ёла Санько, Рамиль Сабитов, Нодар Сирадзе офаридаанд. Александр Котт, ки аз Александр Хотиненко ва Анҷей Вайда сабақ омӯхта, филмҳои маъруфе чун “Қалъаи Брест”, “Санҷиш”, “Шикорчиёни алмос”, “Тарафи дигари Моҳ” ва “Арчаҳо”-ро таҳия кардааст, сериёли «1001»-ро аз рӯи филмномаи Анна Козлова рӯи навор овардааст.

«1001» бар асоси  афсонаи машҳури шарқии «Ҳазору як шаб» таҳия шудааст, аммо ҳаводиси филм дар ду «олами шартӣ» сурат мегиранд – дар олами муосир бо биноҳои осмонбӯсу фановариҳои пешрафта ва дар «олами бостон» бо қасрҳои  мӯҳташаму ҳарамхонаҳо ва сеҳргариву «нифоқҳо»-и дарборӣ. Александр Котт дар мусоҳиба бо The Hollywood Reporter Russia гуфтааст, ки “1001” - афсонаи “Ҳазору як шаб” дар тафсири духтарест, ки дар рӯъёаш ба он олами бостон афтодааст. Аммо қаҳрамони асосӣ афсонаро намедонад ва барои мардуми дунёи бостон аз воқеъияти олами муосир ва аз рӯзгори худ қисса мекунад”. Қаҳрамони Сайёра Сафарӣ, ки аз симои худ он қадар розӣ нест, пайваста ба олами рӯъё меравад, ба олами афсонаҳо, ки дар зеҳни худ офаридааст. Ду олам, ду воқеъият, ки онҳоро аз ҳам як дарвозаи оддӣҷудо мекунад. Ӯ бисёр мехоҳад, ки дари олами муосир баста шавад ва дар олами рӯъёҳо бимонад. Дар он сӯи дарвоза қаҳрамони Сайёра марг таҳдид мекунад, аммо ӯ ба он ҷо бармегардад, зеро он ҷо марде интизораш аст, ки ба кӯмаки Шаҳрзода ниёз дорад…

-Барои нақши асосӣ дар ин филм духтарони зиёдеро озмуданд, аммо муаллифон касеро напазируфтанд. Сипас ба ман телефон карда, хостанд, ки дар кастинг ширкат кунам. Маро билофосила пазируфтанд. Баъд аз се-чаҳор рӯз бошад боз телефон карда гуфтанд, ки барои ширкат дар навори «зуд» омода бошам, - гуфт Сайёра дар сӯҳбат бо мо. 

Ӯ меафзояд, ки филм «пилотӣ» буд, яъне, таҳиягар бояд шакли хоми таҳия ва ба раҳбарони Шабакаи аввали телевизиони Русия пешниҳод мекард. Навори воқеъӣ баъди пазируфта шудан аз сӯи раҳбарони шабака шурӯъ мешуд. Аммо баъд аз ду рӯзи навор таҳиягар ба умқи филм фурӯ рафт, зеро аз филмнома ва аз бозии ҳунармандон хушаш омад. «Мо каме машқ мекардем ва зуд нақш меофаридем ва аммо ҳар саҳнаро аз таҳти дил иҷро мекардем», мегӯяд Сайёра. Вақте навор ба Шабакаи аввал пешниҳод шуд, раҳбарони телевизион гуфтанд, ки ин филми тайёри чаҳорсериягӣ аст ва дарҳол барои намоиши он тасмим гирифтанд. «Ин ҳам барои таҳиягар ва ҳам барои мо хушхабари ғайриинтизор буд, зеро мо дар навори «пилотӣ» ҳама маҳорати худро нишон надода будем, зеро мутмаин будем, ки барои сайқал додани нақшҳоямон вақт хоҳем дошт», меафзояд ӯ.  

Сайёра иқрор мекунад, «ман бори аввал дар навори ин филм фаҳмидам, ки касби актёрӣ чӣ касбест. Таҳиягар Александр Котт ба ман имкон дод, ки худро актриса эҳсос кунам, аз ин пеш ҳеҷ гоҳ наметавонистам бигӯям, ки ман актриса ҳастам, аммо тавассути Александр Котт ҳис кардам, ки каму беш аз ҳунари актёрӣ чизе омӯхтаам…». Ӯ меафзояд, «таҳиягар ба ман омӯзонд, ки чӣ гуна дар лаҳзаи зарурӣ эҳсосоти худро ба таври табиӣ намоиш диҳам. Ҳар лаҳзаи наворҳо барои ман дарси нави ҳунар буданд ва ҳар лаҳза ман омода будам, ки нақшамро хело табиӣ офарам». Ҳунарманди синамо ширкат дар ин филмро барои «бахти бузургу бурди бузург» мехонад.

Сайёра мегӯяд, ки ӯҳамин рӯзи сешанбе ба Душанбе омад, то чанд рӯз дар ҳалқаи волидайну пайвандонаш бимонад. «Аз ин пеш охирҳои моҳи апрел ҳам барои чанд рӯз ба Душанбе омада будам, қаблан чаҳор сол пеш ба ватанам наомада будам ва онро хело пазмон шуда будам ва  Душанбе зиёд дар хобам медаромад…Ва чун чанд рӯз таътил доштам, хостам, ки онро боз дар Душанбе гузаронам», мегӯяд ӯ. Аз Сайёра суол кардем, ки дар хиёбонҳо мардум ӯро шиносоӣ мекунанд. «Бале… барои ман ғайриинтизор аст, ки мешиносанд, ҳарчанд аз қаҳрамонҳоям хело фарқ дорам», механдад Сайёра.

Ӯ меафзояд, ки фақат як-якуним ҳафта дар Душанбе хоҳад монд, зеро, аз як тараф, муаллифони сериёли «1001» хоҳиш кардаанд, ки пайваста бо онҳо дар тамос бошад, зеро ба зудӣ навори бахшҳои нави филм шурӯъ мешавад ва аз сӯи дигар, ҳоло дар Маскав «мавсими кастингҳо»-ст. Аз Сайёра пурсидем, ки қарор аст, боз дар кадом филмҳо нақш офарад? «Ман одами «хурофотӣ» ҳастам, аз ин рӯ дар бораи нақшҳое, ки ҳанӯз иҷро накардаам, ҳарф заданро муносиб намебинам, вале аз нақшҳои навам шуморо ҳатман огаҳ хоҳам кард», мегӯяд ситораи нави синамо. 

Сайёра дар посух ба суоли дигари мо дар бораи он, ки аз ҳаводорони сершумораш чӣ гуна панаҳ мебарад, мегӯяд, «хушбахтона, онҳо дар куҷо зистани маро намедонанд, аз ин рӯ, бо ҳаводоронам мушкил надорам».

Сайёра иқрор мекунад, ки ҳанӯз бо касе аҳди ишқу ошиқӣҳам набастааст, зеро ҳам солҳои донишҷӯӣ ва ҳам баъд аз он пайваста дар сафар ва машғули таҳсилу таҷриабомӯзиву нақшофаринӣ буд. «Албатта, ҷавонҳое зиёде аз ман хостгорӣ мекунад, вале ба онҳо мегӯям, ки ман тоҷикдухтарам, аз ин рӯ бояд ба хонаамон раведу маро аз падарам хостгорӣ кунед…Бисёриҳо фақат ҳамон вақт мефаҳманд, ки бояд барои хостгорӣ ба Душанбе раванд».

Сайёра Сафарӣ, дастпарвари донишгоҳи театрии ба номи Шепкини Маскав, аз ин пеш дар сериёлҳои «Десантура»-и Олег Базилев ва Виталий Воробев, «Гулчатай» ва «Гулчатай-2»-и Роман Просвирнин, «Дар интизори баҳр»-и Бахтиёр Худойназаров ва «Салом, Маскав»-и Павел Бардин нақшҳои асосиро офарида буд.

Сайид Сафаров, падари Сайёра, дар як сӯҳбат бо мо, вориди олами синамо шудани духтарашро ҳам мӯъҷиза ва ҳам тасодуф хонда буд. Ба гуфтаи ӯ, Сайёра соли 2008 мактаби рақами 90-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кард ва волидайн умед доштанд, ки ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Худи Сайёра дар сар ҳавои таҳсил дар Амрикоро дошт. Вале сафари гурӯҳи синамогарони рус ба Душанбе  нақшаву барномаҳои зиндагии ӯро таҳрир кард. Рӯзе  як гурӯҳи синамогарони Русия барои навори филми “Десантура” ба Душанбе омад ва дар театри “Падида” барои нақши як тоҷикдухтар озмун эълон кард. Сайёра ҳамроҳи апааш Ситора ба кастинг рафт ва ғайриинтизор дар нақши асосӣ пазируфта шуд.

Роҳи ӯ ба олами синамо аз ҳамон ҷо ибтидо гирифт ва ба назар мерасад, ки дар ин роҳӯро боз шебу фарозҳои зиёде интизоранд...

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi