12:12:54 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумита дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кори Кумита ба роҳ мондааст. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

kumitai-zanon 5665121

Аз он ҷумла, бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба Маърӯзаи даврии миллии чорум ва панҷуми Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи амали миллӣ вобаста ба иҷрои Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон омода гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Инчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътироф намудани Протоколи иловагии Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид. Инчунин бояд иттилоъ дод, ки Тоҷикистон имсол узви Кумитаи СММ оид ба мақоми зан гашт.

Ҳамзамон, аз ҷониби Кумита оид ба раванди татбиқи муқаррароти Эъломияи Пекин ва Барномаи амали баланд бардоштани мақоми зан тибқи Қатъномаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ таҳти № 2013/18 маълумотнома омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар баробари ин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллии амал вобаста ба татбиқи Қатъномаҳои 1325 ва 2122 Шӯрои амнияти СММ таъсис дода шуд ва лоиҳаи Нақшаи миллӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занонро дар шароити низоъ, сулҳофарӣ ва ҳолатҳои фавқуллода дар назар доранд.

Инчунин, мониторинги татбиқи Қонуни мазкур дар мақомотҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода шуд.

Татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баҳри иҷрои Барномаи мазкур Нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, дар асоси он корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.

Мутобиқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти нуфузи фаъолияти занон дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ, ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Айни ҳол шумораи заноне, ки дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, ба 4393 (23,4%) нафар расидааст.

Чунин рақамҳо дар афзоиши теъдоди занон дар мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 528 (17,1%) нафар, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 320 (22,0%) дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 266 (22,3%) нафар ба мушоҳида мерасанд.

Ҳамзамон бо мақсади фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон ва мусоидат намудан ба такомули шахсии онҳо, боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо, инчунин баҳри амалӣ намудани нишондодҳои Барномаи мазкур дар назди Кумита Шӯрои донишҷӯдухтарон таъсис дода шудааст, ки айни замон дар ҳафт бахш бо иштироки васеи донишҷӯдухтарони болаёқат фаъолият менамояд.

Боиси қайд аст, ки дар доираи Барномаи номбурда Кумита бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарони лаёқатманд ва аълохони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ чун ҳамасола 30 нафар ҷавондухтаронро бо идрорпулии Кумита таъмин менамояд.

Ҳамзамон, бо мақсади муайян намудани сатҳи татбиқи банди 13 Барнома оид ба ҷалби духтарон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои энергетика, металлургӣ, геологӣ, муҳандисӣ, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ мониторинг гузаронида шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар самти ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда саҳми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 1975 нафар ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ 1928 нафар назаррас мебошад.

Инчунин мувофиқи Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Кумита дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 16 майи соли ҷорӣ, курси такмили ихтисосро аз рӯи барномаи “Менеҷменти нави давлатӣ” барои 72 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронид.

Ҳамзамон, дар доираи Нақшаи амали Барномаи давлатӣ курси омӯзишии «Зан роҳбар» барои занону духтарони дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолиятдошта баргузор гардид, ки пас аз суҳбат-санҷиш 31 нафар иштирокчиёни курс соҳиби Гувоҳномаи курси “Зан - роҳбар” гардиданд. Тибқи банди 4.6\11 Барнома дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ташхиси гендерии Барномаи мазкур низ гузаронида шуд.

Инчунин 25 июли соли равон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастовард, мушкилот ва дурнамои татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» баргузор гардид.

Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 – 2015 бо дастгирии Барномаи рушди СММ аз ҷониби Кумита дар 5 ноҳияи минтақаи Рашт тренингҳои омӯзишӣ барои соҳибкорзанон аз рӯи Барномаи «Зани соҳибкор муваффақиятро ноил шав» баргузор гардиданд. Лоиҳаи мазкур аз ду давра иборат буда, дар давраи якуми татбиқи он бо 10 нафар занону духтарони лаёқатманди маҳаллӣ тренингҳо барои тренерон баргузор карда шуда, дар марҳилаи дуюм дар 5 ноҳия бо ҷалби 100 нафар соҳибкорзанони маҳаллӣ (аз ҳар ноҳия 20 нафар) тренингҳои омӯзишӣ аз рӯи барномаи мазкур баргузор карда шуд.

Мутобиқи маълумотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ нисбати дастгирии занон дар доираи татбиқи Барномаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2014 ба Агентӣ 30859 нафар занони корҷӯ барои дарёфти ҷойи кори доимӣ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 19493 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 9807 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба 14014 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст.

Инчунин бо мусоидати онҳо дар маҳалҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 8187 нафар занони корҷӯй ба касбомӯзӣ сафарбар карда шуда, ба 148 нафар занон кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, №579 грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории занон ду баробар, яъне аз як миллион сомонӣ ба ду миллион сомонӣ ва теъдоди грантҳо аз 40 адад ба 80 адад боло бардошта шуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи грантӣ аз шумораи умумии 136 лоиҳа бо назардошти тамоми меъёрҳо ва талаботи қоидаҳо 80-тои он дастгирӣ карда шуданд, ки мутаносибан ба шаҳри Душанбе 7 лоиҳа ба маблағи умумии 160 000 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 14 лоиҳа ба маблағи умумии 300 000 сомонӣ, вилояти Хатлон 29 лоиҳа ба маблағи умумии 780 000 сомонӣ, ВМКБ 9 лоиҳа ба маблағи умумии 250, 000 сомонӣ ва вилояти Суғд 21 лоиҳа ба маблағи умумии 500 000 сомонӣ рост меояд.

Бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» моҳи март намояндагони Кумита дар ҷаласаи 58 – уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба иштироки занон дар сиёсат, тандурустӣ, ҷалби духтарон ба таҳсил, пешгирии зуроварӣ, офатҳои табиӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии занон моҳи июни соли ҷорӣ Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор карда шуд, ки зиёда аз 128 нафар занони дар ин соҳа фаъолияткунанда мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд. Кумита ният дорад, ки минбаъд ҳамасола чунин конфронсро барпо намояд.

Моҳи майи соли равон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» Слёти ҷавондухтаронро дар мавзӯи «Гуногунии биологию фарҳангии маҳалли худро нигоҳ дорем!» баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ошноии духтарони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита бо фаъолияти занону духтарони муваффақи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои куҳистони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки ба нигоҳубину коркарди меваҷоту сабзавот машғул ҳастанд ва ҳавасмандгардонии онҳо нисбати ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёфт.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” Барномаи давлатии “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, таҳти № 229 қабул карда шуд. Кумита дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) Барномаи мазкурро дар шакли китобча ба теъдоди 500 адад чоп намуда, барои истифода ба вазорату идораҳо зимни баргузории мизҳои мудаввари марбут ба муаррифии Барнома дастрас мегардонад.

Кумита муаррифии Барномаи мазкурро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон баргузор намуд. Баргузории муаррифии Барнома дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ дар назар аст.

Барои пешгирии ҳодисаҳои таҳқир, зӯроварӣ нисбат ба занон, маҳдуд намудани ҳуқуқҳои онҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин кормандони Кумита дар байни аҳолӣ вохӯриву суҳбатҳоро баргузор намуда, муҳтавои онро дар ВАО инъикос гардониданд.

Инчунин Кумита дар ҳамкорӣ бо СММ – Нуфуси аҳолӣ (ЮНФПА) дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод ярмаркаҳои тандурустиро таҳти унвони «Тақвияти малакаи ҷомеа барои зиндагии арзишманд ва ҳифзи иҷтимоӣ» баргузор намуданд, ки беш аз 700 нафар шаҳрвандон аз машваратҳои ройгони духтурон ва ҳуқуқшиносон баҳравар гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи талоқ, вайрон шудани оилаҳо имрӯз масъалаи доғи рӯз ва яке аз проблемаҳои ташвишовар дар ҷомеаи муосир аст. Бо вуҷуди суҳбату вохӯриҳои дар тамоми минтақаҳо гузаронидашуда, дар марҳилаи ҳисоботӣ, мувофиқи маълумотҳои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия қайди талоқ дар ҷумҳурӣ ба 4663 адад расидааст, ки ин нисбати шаш моҳи соли 2013 (4107) 556 адад зиёд аст. Инчунин қайди никоҳ дар ҷумҳурӣ 43299 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (42151адад) 1148 адад зиёд мебошад.

Бинобар ин, бо мақсади муайян намудани сабабҳо, омилҳо ва роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳо айни замон аз ҷониби Кумита тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон баҳри бартараф намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо ва семинар-машваратҳо баргузор гардиданд. Дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо ва шуъбаҳои кор бо занон ширкат варзиданд.

Новобаста ба чорабиниҳои амалинамуда мушкилиҳо имрӯз ҳам зиёданд. Тибқи ахбороти пешниҳоднамудаи мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 1001 ҷиноят нисбати занон содир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439 ҳолат кам мебошад.

Гарчанде дар давраи ҳисоботӣ содир намудани ҷиноят аз ҷониби занон кам гардида, 415 ҳолат ба қайд гирифта шуда, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 275 ҳолат кам мебошад.

Масъалаи дигар ин даст ба худкушӣ задани занону ноболиғон мебошад. Дар шаш моҳи соли 2014 аз шумораи умумии 318 ҳолати даст ба худкушизадагон дар сатҳи ҷумҳурӣ 153 нафарашон занон мебошанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат кам буда, 44 ҳолатро сӯиқасд ба ҷони худ ташкил медиҳад.

Инчунин бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла танфурӯшӣ, Кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро мегузаронад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тибқи нишондодҳои оморӣ теъдоди чунин занон рӯ ба афзоиш дорад, ки шумораи онҳо дар марҳилаи ҳисоботӣ соли 2014 ба 1777 нафар расида, назар ба ҳамин давраи соли гузашта (1277) 500 нафар зиёд мебошад. Теъдоди фоҳишахонаҳо бошад, 194 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (114) 80 адад зиёд мебошад. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки корҳои амалинамуда дар ин самт беҳбудиро тақозо менамояд.

Ҳуқуквайронкуниҳои   вобаста ба зӯроварӣ дар оила низ назар ба соли гузашта 947 (1655) ҳолат кам ба қайд гирифта шудаанд. Новобаста ба кам шудани содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби занон, содиршавии ҷиноятҳо нисбати занон, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, паст шудани нишондиҳандаҳо дар самти нашъамандӣ, худкӯшӣ ва майзадагӣ, натиҷаҳо қонеъкунанда нестанд.

Ҳолати ташвишовар ин ҷиноятҳо вобаста ба хариду фурӯши одамон мебошад, ки дар шаш моҳи соли 2014 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз 481 ҳолати умумии бақайдгирифташуда, 41 ҳолаташ занон ва 13 ҳолат ноболиғон мебошанд. Дар ин самт нисбат ба шаш моҳи соли 2013 дар маҷмӯъ 94 ҷиноят зиёд шудааст, ки вобаста ба занон 5 ҳолат зиёд, нисбати ноболиғон 4 ҳолат кам мебошад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Кумита ва шуъбаҳои он дар соли ҷорӣ ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дастуру супоришҳои ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Мутаасифона, ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, то ҳол масъулияти падару модар нисбати таълим ва тарбияи фарзанд беҳбудиро тақозо дорад. Мутобиқи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ соли 2014 нисбат ба волидони бемасъулият 4956 адад парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Мувофиқи маводҳои мазкур 4077 нафар волидон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо 171 ҳазору 140 сомонӣҷарима ситонида шудааст. Инчунин, 201 нафар огоҳӣкарда шуда, нисбати 678 нафар парванда мавриди баррасӣқарор дорад.

Ҳифзи тандурустии модару кӯдак, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии занон бо василаи тақвияти сиҳатӣ ва солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои ВНМО /БПНМ ва нашъамандӣ яке аз ҳадафҳои асосии Кумита ба ҳисоб меравад. Баҳри бартараф намудани сабабҳои фавти модарону кӯдакон, пешгирии бемориҳои ВНМО /БПНМ ва нашъамандӣ дар якҷоягӣ бо Маркази миллии солимии репродуктивӣ, Марказҳои пешгирии ВНМО /БПНМ ва нашъамандӣ тибқи ҷадвали алоҳида дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо занону духтарон вохӯрию мулоқотҳо доир гардида, аз ҷониби масъулин семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Мутобиқи маълумотҳои ба дастомада соли равон шумораи гирифторони ВНМО /БПНМ дар сатҳи ҷумҳурӣ 5843 нафар ба қайд гирифта шуда, 1668 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Шумораи нашъамандӣ бошад, 7184 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла, 200 нафари онҳо занон мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 нафар кам мебошад. Ҳарчанд ин нишондодҳо нисбати занон кам гардида бошад ҳам, шумораи мавҷудаи беморони бакайдгирифташуда тақвияти фаъолиятро дар самти пешгирии бемориҳо тақозо менамояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дифоъ намудан аз ҳуқуқу манфиатҳои бонувон ва оила, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули шаҳрвандон» мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2014 ба Кумита 59 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардида, 660 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон, аз ҷумла, 28 нафар мардон, ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи бештари ин муроҷиатҳо ба масоили мухталиф, аз ҷумла, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, кӯмаки моддӣ, хушунати оилавӣ, моҷарои оилавӣ ва тақсимоти амвол, бекор кардани ақди никоҳ, норозигӣ аз ҳалномаҳои мақомоти судӣ, пайдо намудани ҷойҳои корӣ, таъмин намудан бо ҷои зист, дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок, инчунин масъалаҳои тандурустӣ ва таҳсил марбутанд.

Дар баробари ин ба мутахассисони 105 Марказҳои иттилоотӣ-машваратии назди шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳисоботӣ 2231 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, 519 нафар мардон, оид ба масъалаҳои хушунат, талоқ, муҳоҷират, таъмин бо ҷойҳои кор ва дигар масъалаҳои рӯзмарра муроҷиат намудаанд.

Манбаъ: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi