17:44:12 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҷалби бонувон ба матоъ ё ба интихобот?

Дар бозорҳои Тоҷикистон матое пайдо шудааст, ки «Интихобот» ном дорад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз корзори интихоботӣ шурӯъ нашудаву ҳизбҳои сиёсӣ тасмими мушаххаси худро дар ин росто баён надоштаанд, бонувон пероҳане ба бар мекунанд, ки аз матои «Интихобот» дӯхта шудааст.

mato-bozor-4545465Фурӯшандагон талош мекунанд барои ҷалби харидорон ба моли худ номҳои бозоргир гузоранд. Аммо пайдо шудани матое бо номи «Интихобот» далели чист? Мақсад ҷалби бонувонро ба ин матоъ аст ё ба интихобот? Суннат, як фурӯшандаи матоъҳои бозори «Корвон» мегӯяд, «номи матоъҳо вобаста ба завқи занон гузошта мешавад. Мо худамон мол меорем ва худамон ба матоъҳо ном мегузорем. Ва чун имсол соли интихоботи президентист, «Интихобот» ҳам номи хуб аст барои матоъ».

Тавре Суннат қисса мекунад, бештар ба матоъҳо номи қаҳрамони сериалҳо, аз қабили Мария, Жадди, ҳунармандони машҳур Аҳмади Зоҳир, Шабнами Сурайё, Манижа ва дигарҳоро мегузоранд. Ба қавли ӯ, «Келин пӯшаду хушдоман сӯзад», «Келинкуш» низ аз ҷумлаи матоъҳое ҳастанд, ки бонувон бештар ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд. Зеро чунин номгузорӣ баёнгари вазъи иҷтимоии ҷомеа ва муносибати келину хушдоманҳо низ мебошад.

Аммо дар ҳоле, ки таваҷҷуҳи занон ба равандҳои сиёсӣ ва маъракаҳое мисли интихобот чандон эҳсос намешавад, оё номи «Интихобот» метавонад барои бозоргир шудани мол кӯмак расонад? Худи занҳо мегӯянд, ки чун дар расонаҳову ҷаласаҳо дар мавриди интихобот зиёд мегӯянд, занҳо ҳам ба он таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд.

Маърифат Шокирова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, занҳо наметавонанд ба ҳаводиси сиёсӣ бетафовут бошанд. Зеро он сарнавиштсоз аст. Занҳо хостори сулҳу оромианд ва интихобот маъракаи сиёсиест, ки аз ояндаи давлат дарак медиҳад. Хонум Шокирова афзуд, «ба ҳар сурат имрӯз назари мардум ба ояндаи давлату кишвараш дигар аст, аз ҷумла ба интихобот ҳам дигар аст. Ҳам дар ҷараёни овоздиҳӣ, ҳам дар пешбарии номзадҳо, занҳо бетараф нестанд ва бетараф ҳам шуда наметавонанд».

Аммо як фурӯшандаи дигари бозори матоъ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ҳарчанд матоъҳо дар кишварҳои дигар истеҳсол мешаванд, тоҷироне ҳастанд, ки нақшу нигори баъзе аз онҳоро тибқи дархости муштариёни махсусашон тасвир намуда, асосан ба Дубай мебаранд. Коргоҳ аз рӯи фармоиши онҳо матоъро омода мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин матоъҳо, ки хеле нархи гарон доранд, ҳатто ба бозор бароварда намешаванд. Онҳо матоъҳои «раисхаранд», ки 1 метри онҳо аз 500 то 1000 доллар аст. Ин матоъҳоро танҳо онҳое, ки фармоиш додаанд, мехаранд. Номи ин матоъҳо ҳам аз рӯи завқу хоҳиши ҳамон харидорон гузошта мешавад.

Дар гузашта тоҷирони матоъфурӯш ба сари худ ба ду навъи матоъ “Қоши Эмомалӣ” ва “Чашми Эмомалӣ” ном дода буданд, вале бино ба гузориши сомонаи Дни.Ру, мақомот ба онҳо “тавсия” додаанд, ки ба моли худ номи “сиёсӣ” надиҳанд. Як тоҷир гуфтааст, матои “Путин” бе ин ҳам аллакай аз мӯд рафта буд, вале матои сиёҳе, ки “Обама” ном дошт, натавонист харидори зиёд пайдо кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi