03:48:42 25-уми Июли 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЁДЕ АЗ АҲМАД ЗОХИР ВА ШОҲВАЛӢ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳар сол 14-уми июн, ки баробар аст ба 23-и моҳи ҷавзои солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, дар Афғонистон иддае аз мухлисони Аҳмад Зоҳир солрӯзи марги муфоҷои ӯро, ки соли 1979-мелодӣ ё худ 1357- ҳиҷрии хуршедӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ҳамчун маросими урс таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистони азизи мо бошад дар ҳамин рӯз, яъне 14 июн, ки воқеан рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳири шаҳид низ мебошад, аз мавлуди ӯ таҷлил ба амал меоранд.

/images/stories/2012/07/03_0.ahmad-zahir-030712.jpgИмсол ҳам мухлисон ва алоқамандои садои зебои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ба анъанаи неки худ содиқ монданд. Рӯзи 14-уми июн толори маҷлисҳои Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақрибан дусад ҷои нишаст дорад, моломоли ҳаводорони мусиқии ноб буд.

Барои чӣ толори маҷлисҳои ҳамин ташкилоти мазкур на ҷои дигари васеътару мӯҳташамтар? Асосан ба он хотир, ки касе аз соҳибони толорҳои васеътари пойтахти кишвар ҳозир ба вогузории маҷонӣ ё худ ройгони ин толорҳо ба ихтиёри мубтакирони ин ҳамоиш нестанд.

Дар муассисаи мазкур бошад нафарҳое зимоми роҳбариро ба даст доранд, ки фарҳангдӯст буда аз алоқамандони шадиди садои Аҳмад Зоҳир ба ҳисоб мераванд ва ин бори аввал нест, ки чунин хизматро барои ҳаводорони садои нотарори Аҳмад Зоҳир анҷом медиҳанд. Воқеан, яке аз роҳбарони ҳамин муассиса Ғаниҷон Мӯъминов дар хонаи худ воқеъ дар дараи хушманзари Ромит, як утоқеро ҳамчун осорхонаи Аҳмад Зоҳир аз ашёе муҷаҳҳаз сохтааст, ки бо ҳаёт ва осори Аҳмад Зоҳир иртибот мегиранд.

Хуб, гиромидошти имсолаи рӯзи мавлуди Аҳмад Зоҳир аз солҳои қаблӣ чӣ тафовут дошт? Пеш аз ҳама бо он фарқ мекард, ки яке аз мубтакирони баргузории ин маҳфил дар баробари Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон аъзои гурӯҳи ҳунарии овозадори «Анис» буданд. Ин гурӯҳ беш аз 30 сол боз дар саҳнаи мусиқии поп ё эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Овозхонҳои он дар байни мардуми Тоҷикистон ва берун аз он мухлисони бешумор доранд.

Таронаҳои бародарон шодравон Зулфиқор, Достон, Қайсиддину Вайсиддин, Абӯбакри Азизовҳо ва фарзандони онҳо Остони Азиз, Шаҳроми Абӯбакр, Шасиддини Азиз, Муслиҳиддин аниси қалби алоқамандони мусиқии ноб гаштаанд. Бародарон ончунон сахт ба Аҳмад Зоҳири ҷовидон дилбастагӣ доранд, ки эҷодиёти худро бе таронаҳои ӯ тасаввур карда наметавонанд.

/images/stories/2012/07/03_1.ahmad-zahir-030712.jpgНаттоқии ин маҳфилро шоираи ширинсухан Меҳриниссо Бобобекова, ки худ низ таронасоро ҳаст ва то ин дам беш аз 500 суруду тарона барои овозхонҳои хурду бузурги Тоҷикистон ва ҳатто хориҷ аз он эҷод кардааст, ба ӯҳда дошт. Шоира Меҳриниссо аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳамроҳии шавҳарашон олими маъруфи кишвар устод Шаҳбоз Кабиров чанд муддат дар Кобул дар сафари хидматӣ қарор доштанд. Маҳз дар ҳамин давра устод Шаҳбоз Кабиров ва шоира Меҳриниссо бо Аҳмад Зоҳир аз наздик шинос мешаванд ва ӯро ҳатто ба хонаи хеш дар Кобул ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Дар ин бора «Рӯзгор» қаблан муфассалтар навишта буд.

Бояд гуфт, ки Меҳриниссои ширинсухан хеле ҷолибу дилкаш ин маҳфилро пеш бурд. Нутқи равону шево, хотираҳои неки зиёд доштани ӯ аз мардуми меҳмоннавози Афғонистон, соҳиби маълумоти кофӣ будан аз осори Аҳмад Зоҳир ва овозхонҳои дигари афғону тоҷик ба ӯ имкон медод, ки тӯли тақрибан чаҳор соате, ки маҳфил давом намуд, таваҷҷӯҳи аҳли толорро ҳамеша бо худ дошта бошад ва онҳоро сайри ҷаҳони зебои мусиқии Аҳмад Зоҳир бубарад.

Вижагии маҳфили имсолаи Аҳмад Зоҳир аз он иборат буд, ки он ба яке аз оҳангсозони машҳури Афғонистон устод Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, ки имсол ба рӯзи таваллуди ӯ 85 сол пр мешавад, ихтисос дода шуда буд. Шоҳвалӣ Валии Таронасоз азҷумлаи оҳангсозонест, ки бо Аҳмад Зоҳири нотакрор ҳамкориҳои эҷодии зич доштааст. Дар ин бора пажӯҳишгари аҳвол ва осори Аҳмад Зоҳир, журналист Султони Ҳамад ба ширкаткунандагони ин маҳфил маълумоти ҷолиберо ироа кард.

Ӯ дар оғози суханрониаш бо истифода аз наворҳои аудиоӣ изҳор дошт, ки бархе аз ҳозирин агарчӣ номи Шоҳвалӣ Валии Таронасозро имрӯз бори аввал мешунаванд, вале таронаҳои ӯро тақрибан панҷоҳ сол боз дар Тоҷикистони азиз бо садои овозхонҳои маъруфи тоҷик шунидаанд. Масалан таронаҳои «Ба нӯги панҷа меравӣ мисоли кафтарастӣ», «Гул чида биё ёрет мануме», «Дуздида ба ман дидиву ман дидам», «Катим бугу магӯ кадӣ», «Ма қурбони сару пои ту мешам модари ман» ва ғайраро, ки овозхонҳои машҳури кишвар шодравон Тоҷиддин Муҳиддин, худораҳматӣ Нигина Рауфова, Дона Баҳромов, Ҷӯрабек Назриев ва Қурбоналӣ Раҳмонов сурудаанд, маҳсули эҷоди ҳамин Шоҳвалӣ Валии Таронасоз мебошад. Воқеан, Шоҳвалӣ дар баробари оҳангсоз будан ӯ инчунин овозхон ва шоир низ буд. Таснифи матни сурудҳои зикршуда моли худи Шоҳвалӣ Валии Таронасоз мебошанд.

/images/stories/2012/07/03_2.ahmad-zahir-030712.jpgШоҳвалӣ Валии Таронасоз соли 1927 дар Кобул дар хонадони Шоҳмуҳаммад Валихони Дарвозӣ, ки ҳамон солҳо дар мақоми ноибуссалтанат ва вазири корҳои хориҷаи давлати нав ба истиқлолрасидаи Афғонистон ба раҳбарии Шоҳ Амонуллоҳхон ифои вазифа менамуд, чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Шоҳмуҳаммад Валихони Дарвозӣ, ки худ низомии ҳирфаӣ буд ва рутбаи ҷенеролӣ дошт, шояд табъи шоирӣ низ дошта бошад, ки дар баъзе маъхазҳо ӯро бо тахаллуси «Огоҳ» ёд мекунанд.

Шоҳмуҳаммад Валихон ба Узро, духтари Фақирмуҳаммад ном шахсе аз қавми пупалзай хонадор шуд ва аз ин издивоҷ соҳиби нӯҳ фарзанд: шаш писар ва се духтар гардид. Писари калонии Шоҳмуҳаммад Валихон Аҳмад Алӣ Валӣ ба Обида, духтари Амонуллоҳхон, хонадор мешавад. Аз ин издивоҷ як фарзанде бо номи Аклил монда буд, ки то соли 2007 дар Рим, пойтахти Италия зиндагонӣ мекард.

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, писари саввуми Шоҳмуҳаммад Валихон мебошад. Ӯ аз хурдсолӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати беандоза калон зоҳир мекунад. Зеро падари фарҳангдӯсти ӯ сари ҳарчанд вақт дар хонаи худ маҳфилҳои шеъру суруд ороста ба он шоирону овозхонҳои маъруфи кишварро даъват мекард, ки аз ин ҳамоишҳо фарзандони ӯ низ баҳра мебурдаанд. Ба гуфтаи Фирӯза Валӣ Таронасоз, духтари Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, гули сари сабади ин маҳфилҳо устод Қосими Афғон, бузургтарин овозхони аввали асри гузаштаи мелодии Афғонистон буд.

/images/stories/2012/07/03_3.ahmad-zahir-030712.jpgУстод Қосими Афғон, сардафтари мусиқии муосири афғон, бо он машҳур аст, ки соли 1919 қабл аз эълон шудани истиқлолияти давлатии Афғонистон дар як баҳси фарҳангӣ сафири Бритониё Добсро, ки ҳам навозанда ва ҳам донандаи хуби мусиқӣ буд, ночор месозад оҳанги таронаи озодии Афғонистонро бо ӯ якҷо навозад ва устод Қосим он сурудро бисарояд.

Шоҳмуҳаммад Валихон чун шавқу рағбати бузурги писараш Шоҳвалиро ба мусиқӣ мебинад аз устод Мадамхони ситорнавоз, донандаи илмӣ мусиқӣ хоҳиш мекунад, ки асосҳои ин ҳунари зеборо ба ӯ сабақ бидиҳад. Шоҳвалӣ дар муддати кӯтоҳ навохтани ҳармонияро ёд мегирад. Ӯ ташнаеро мемонд, ки ба лаби чашма расида буду мехост, ки ҳарчи тезтар ташнагиашро бишканад. Вале тақдир дигар чизро мехостааст…

Аввалҳои солҳои сиюми асри гузаштаи мелодӣ, замони подшоҳии Муҳаммад Нодиршоҳ буд. Ҳукумати Бачаи Сақоро агарчи суқут ва худи ӯро ба қатл расонда бошад ҳам, вале дар дил хавфи онро дошт, ки бозмондагон ва ё тарафдорони Ҳабибуллохон дар мамлакат исён мекунанду ӯро барканор хоҳанд кард. Нодиршоҳ ҳатто ба собиқ аъзои ҳукумати Амонуллоҳхон, махсусан ба ҷенерол Шоҳмухаммад Валихон, чандон боварӣ надошт.

Ӯ ҳамеша дар бими он буд, ки рӯзе ин гурӯҳ сар бардошта даст ба як табадуллоти давлатӣ хоҳанд зад. Бинобар ин рӯзе аз рӯзҳои аввали соли 1933 Муҳаммад Нодиршоҳ ба навкаронаш амр медиҳад, ки ҷенерол Шоҳмуҳаммад Валиро ба иттиҳоми машрутахоҳӣ ва ҷонибдорӣ кардан аз ҳукумати Бачаи Сақо ба дор бикашанд.

/images/stories/2012/07/03_4.ahmad-zahir-030712.jpgХонаводаи Шоҳмухаммад Валихони Дарвозӣ баъд аз ин пурра зери назорати ҳукуматдорони вақти Афғонистон қарор мегирад. Расман ба мадрасаҳо ва мактабҳои таълимӣ амр дода мешавад, ки фарзандони ин хонаводаро ба таълим фаро нагиранд. Вале фарзандони ӯ қариб ҳама ба пуррагӣ ба таври худомӯзӣ ва ё пинҳонӣ хату савод бароварда соҳиби илму ҳунар мегарданд ва барои миллату кишвари хеш хизматҳои арзанда анҷом медиҳанд.

Шоҳвалӣ Валӣ соли 1960 бо хонум Морӣ Афзалӣ ақди никоҳ мебанданд ва аз ин издивоҷ соҳиби панҷ фарзанд мешаванд. Фарзандони ӯ Муҳаммадвалӣ Валӣ, Узро Валӣ, Фирӯза Валӣ, Адҳам Валӣ ва Масеҳ Валӣ мебошанд.

Ба гуфтаи Фирӯза Таронасоз аввалин таронаи падари ӯ суруди «Чашми сиёҳ дорӣ» мебошад, ки он солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шуда аввалин бор онро хонум Мирман Парвин хондааст. Соли 1962 таронаи эҷоднамудаи ӯ «Рам кун, рам кун, рам, рам, рам» дар иҷрои Абдураҳим Сорбон аз тарафи Вазорати матбуот, ки баъдан ба Вазорати иттилоот ва култур тағйири ном кард, бо ҷоизаи беҳтарин суруди сол қадрдонӣ шуд.

Ҳамин тариқ Шоҳвалӣ Валӣ ба худ тахаллуси Таронасоз мегирад ва барои овозхонҳои машҳури кишвараш суруду тарона месозад. Ин корро дар як ресторани шахсиаш, ки ба хотири эҳтироми зодгоҳи падар онро «Дарвоз» номгузорӣ кардааст, анҷом медиҳад. Ресторани «Дарвоз» амалан ҷои ҷамъомад ва машқу тамрини навозандаҳо ва овозхонҳое будааст, ки суруду таронаҳои Таронасозро менавохтаанду месуруданд.

Суруду таронаҳои устод Таронасоз, ки ҳама ҳамрадифи шодиву сурур ва ғаму андӯҳи мардуми Афғонистон будаанд, аввалин бор дар ҳамин муассисаи ба зоҳир на он қадар мӯҳташам, вале дар маънӣ  баробар ба бузургтарин як қасри Тарона, садо додаанд ва баъдан ба студиёҳои машҳур роҳ ёфта дар он ҷойҳо сабт гардидаанд.

Қариб ҳамаи суруду таронаҳои эҷоднамудаи Шоҳвалӣ Валии Таронасоз миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфу машҳур ҳастанд, писанди оммаи васеъ гардидаанд. Вале он суруду таронаҳои ӯро, ки аввалин бор аз лаҳни Аҳмад Зоҳир садо додаанд, имрӯз бо гузашти беш аз сӣ сол қариб ҳамарӯза овозхонҳои зиёде ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар дигар кишварҳои ҳамҷавори он бо шавқу рағбати зиёде месароянд.

Ба ақидаи Фирӯза Таронасоз, падари ӯ барои Аҳмад Зоҳир таронаҳои зиёдеро сохтааст. Дар айни ҳол ӯ аз 30 таронае ном мебарад, ки  оҳанги онҳоро падараш эҷод кардааст ва Аҳмад Зоҳир сурдааст. Ба гуфтаи ӯ аз миёни ин 30 суруд на танҳо оҳанг, ҳатто  матни 15 таронаи онро низ падари ӯ тасниф намудааст. Ба ин қатор сурудҳои «Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ», «Ту бароям муқаддасӣ», «Мара, мара, май бидеҳ», «Худо бувад ёрет Қуръон нигаҳдорет», «Худо бувад ҳамроҳет, Қуръон пушту паноҳет», «Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз», «Дӯстат дорам валлоҳ биллоҳ», «Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша», «Ба оташин хӯи худ», «Мегум ки дустат дорум», «Кай бошаду кай», «У бону бону бону», «Бад дуъоят кунам», «Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод!», «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ!» дохил мешаванд. Рости гап, дар масъалаи  моли кӣ будани суруди «Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод!» солҳост, ки миёни муҳаққиқини осори Аҳмад Зоҳир баҳсу мунозираҳои зиёде меравад. Дар ин бора дар як мақолаи ояндаи худ, ки хос дар бораи зиндагинома ва осор Шоҳвалӣ Валии Таронсоз хоҳад буд бештар баҳс хоҳем кард.

Ва он понздаҳ оҳанги дигаре, ки Шоҳвалӣ Валии Таронасоз матни онҳоро аз осори шоирони маъруфи форсигӯ гирифтааст ва барои Аҳмад Зоҳир онро таҳия кардааст, инҳо мебошанд:

«Агар зи халқ маломат» (соло), шеъри Меҳрдоди Авасто,

«Агар зи халқ маломат» (дуэт бо хонум Жило), шеъри Меҳрдоди Авасто,

«Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест», ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

«Забонамро намефаҳмӣ» дуэт бо Жило, ғазали Маҳдии Суҳайлӣ

«Ай нозанин аз ишқи ту девонаам девонаам», ғазали доктор Муҳаммад Ҳусайни Алиободӣ

«Имшаб аз бода харобам куну бигзор бигирям», ғазали Баҳодури Ягона,

«Тувба, тувба аз шаби ҳиҷрон тувба»

«Агар ишқ бошад гуноҳи Илоҳӣ», шеъри Бежани Тараққӣ

«Набарӣ гумон ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ», ғазали Бедил

«Боз омадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту», шеъри Порсои Тусиргонӣ,

«Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ», шеъри Муҳаммади Қаҳрамон

«Аз ноз чи механдӣ бар дида,ки мегиряд», шеъри Алии Аштарӣ

«Чаро дишаб ба сӯи ман намедидӣ, намедидӣ?»

«Ту ҷони манӣ, дигар чӣ хоҳӣ»

«Рафтам маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт», шеъри Фурӯғи Фаррухзод

/images/stories/2012/07/03_5.ahmad-zahir-030712.jpgУстод Таронасоз ба гуфтаи духтараш Фирӯзаҷон рӯзи сешанбеи 11-уми декабри соли 2007 соати яку сӣ дақиқаи баъд аз зӯҳр дар шифохона, дар оғӯш духтараш Фирӯза, дар синни 81-солагӣ  зиндагиро падрӯд гуфт. Ва акнун бармегардем ба маҳфили Аҳмад Зоҳир ва устод Таронасоз.

Нахустин суруде, ки дар ин маҳфил аз сӯи овозхони тоҷик Оқил Фозилов садо дод, таронаи «Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ» ном дошт, ки оҳанги онро устод Таронасоз навиштааст. Дар ин маҳфил овозхонҳои тоҷик дар баробари оҳангҳои Шоҳвалӣ Валии Таронасоз сурудҳои эҷодкардаи дигар оҳангсозонро, ки Аҳмад Зоҳир онҳоро хондааст, низ пешкаши алоқамандони садои Алмоси Шарқ карданд.

Имсол ҳам чун ҳарвақта ба маҳфили ҳарсолаи хеш овозхонҳои маъруфи кишвар ҳар кадом бо дастовези тозае омаданд. Масалан, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев бо ҳамроҳии овозхони хушсадову хушсимо Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон, Бунафшаи Шокир таронаи машҳури «Соқиё маро дарёб» бо як маҳорати баланд пешкаши ҳозирин карданд. Дуэти ба мухлисон пешкаш намудаи Фурқат Саид, раҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» ва Луҳира Мӯъминова, солисти ҳамин ансамбл «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ, дилбару дилдори манастӣ» низ мавриди истиқболи гарми иштирокчиёни ин маҳфил гардид.

Соҳиба Давлатшоева, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, ки маъмулан таронаҳои мардумии кӯҳистони Бадахшонро месарояд ва бо ин репертуари худ тақрибан ба чил кишвари ҷаҳон сафар намудаву соҳиби мукофоту ҷоизаҳои мухталифи байналмилалӣ гаштааст, бори аввал дар ин маҳфил ду суруди Аҳмад Зоҳирро ба алоқамандони садояш тӯҳфа намуд. Яке аз сурудҳояш таронаи сохтаи устод Таронасоз «Худо бувад ҳамроҳет» буд.

Ситораи тобноки мусиқии попи муосири тоҷик Садриддини Наҷмиддин миёни алоқамандони мусиқии ноб дар хориҷ аз кишвари Тоҷикистон низ маълуму машҳур аст. Ба ҳунари ин овозхони фавқулодда сермухлиси тоҷик дар бузургтарин саҳнаҳои ҳунарии Амрикову Бритониё, дигар кишварҳои аврупоӣ, мамолики араб кафкӯбӣ кардаанд. Дар васфи ҳунари овозхонии ӯ беҳтарин хонандаҳои муосири форсигӯ суханҳои нек гуфтаанд. Садриддини Наҷмиддин низ дар ин маҳфил ду суруди зебои Аҳмад Зоҳирро зинда ба самъи ташнагони садои ӯ расонд. Воқеан дар ин маҳфил чун анъана қариб ҳама овозхонҳо зинда таронахонӣ карданд.

Сӯҳроби Маҳмуд, хонандаи маъруфи кишвар ва бародараш Олими Маҳмуд бор дигар исбот карданд, ки дар дилхоҳ маҳфил қодиранд, ки қалбҳои мухлисони таронаҳои нобро бо ҳунари хеш тасхир намоянд ва онҳоро маҷбур ба рақсу дастафшонӣ намоянд.

Парвини Маҳмадёр таронаи «Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам», Зайнураи Пӯлодӣ суруди «Шодӣ кунед, ай дӯстон»-ро тарзе хонданд, ки дар толор бархе аз ҳаводорони мусиқӣ ба ваҷд омадани хешро пинҳон намедоштанд.

/images/stories/2012/07/03_6.ahmad-zahir-030712.jpgЧи навъе, ки дар боло ёдовар шудем, яке аз мубтакирони консерти имсола гурӯҳи ҳунарии «Анис» ба шумор мерафт. Гурӯҳе, ки замоне дар садри он беҳтарин хонандаи сурудҳои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон, шодравон Зулфиқори Азиз қарор дошт. Воқеан, равонаш шод, мо инро аз наворе, ки дар аввали ин маҳфил бо садои Зулфиқори Азиз пахш гардид, бори дигар эҳсос кардем.

Имсол аз ин гурӯҳ се нафар дар маҳфил ширкат карданду суруд хонданд: Шаҳроми Абӯбакр, маҳбубтарин хонандаи ҷавони тоҷик, Муслиҳиддин Мирзоев, дорандаи ҷоизаи «Садои тиллоӣ» миёни наврасон ва Қайси Азиз. Қайсе, ки замоне, маҷнуни садои Аҳмад Зоҳир буд ва солҳо дур аз саҳна рафта буд, боз дар ин маҳфил тарона хонд, таронаи Аҳмад Зоҳирро…

Аслиддини Бадал, Асадуллоҳи Шамсзод, Алии Сабурӣ, Оқили Фозил, Ҳақназари Давлат, Эмомиддини Сафиаллоҳ овозхонҳое мебошанд, ки  миёни алоқамандони мусиқии тоҷик онҳоро маъмулан ҳамчун сарояндагони таронаҳои Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ҳар як ҳаводорони хоси худро доранд. Дар ин маҳфил низ онҳо хотири мухлисони худро бо суруду таронаҳои ба тозагӣ аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир таҳия намудаи худ шод карданд.

Маҳфили имсоларо бо ҳузури худ Шермуҳаммади Ҳиравӣ, овозхон ва мутриби афғони муқими Тоҷикистон файзу сафои дигар бахшид. Махсусан садои таблаи навохтаи ӯ гӯшҳои қалбҳои дӯстдорони мусиқии нобро чун насиме, ки ба ғунчаҳои баҳорӣ таъсиргузор аст, навозиш медод.

Шоири маъруфи кишвар Назрӣ Яздонӣ шеъри ба тозагӣ эҷодкардаи худ «Дуруди ҷони ҷонҳо Аҳмади Зоҳир»-ро қироат кард.

Муштариёни гиромӣ, Шумо агар ба гӯшаи «Рӯзгор» дар YouTube» -и сомонаи «Рӯзгор» дохил шавед, дар он ҷо наворҳоро аз ин маҳфил дарёфт хоҳед кард. Марҳамат, тамошо кунед, пушаймон нахоҳед шуд.

АКСҲО АЗ МАҲФИЛИ АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОҲВАЛӢ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 SalomGuest 31.07.2013 10:29
Salom. Emeili oqoi Sultoni Hamadro baroyaton navishta mekenam. hamad@inbox.ru
 
 
+1 #1 سلامGuest 31.07.2013 01:47
سلام آقای محترم جناب سلطان حمد!
من از کابل با شما تماس می گیرم. نوشته ی زیبای شما را خواندم. پیش از این هم چند مقاله را از شما در بی بی سی خوانده بودم. در صورتی که برایتان مشکل نیست؛ لطفاً در ایمیل من پیام بگذارید. با شما کار دارم. خیلی جستجو کردم ولی ایمیل تان را نتوانستم پیدا کنم.
zabih.mahdi@gmail.com
موفق باشید.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1