Аҳмад Зоҳир ва Фазлаҳмади Найнавоз
(ба хотираи неки Кароматуллоҳи Қурбон ва Муборакшои Мирзошо мебахшам)
Дар мақолаи навбатӣ акнун сухан аз ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо дӯсту бародар, ҳамкасб ва оҳангсози маъруфи асри ХХ-и АфғонистонФазлаҳмади Найнавоз, ки сарнавишти онҳо бо ҳам муттаасифона монанд ва ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтааст, мехоҳам мақолаеро интишор намоям.
Дар бораи Фазлаҳмади Найнавоз ва доири фаъолияти ин ситораи ҳунарии Афғонистони асри пор дар нашрияҳо зиёд навиштаанд ва дӯстдорони фарҳангу ихлосмандони хоса Аҳмад Зоҳир низ шояд бисёриҳояш акнун дар бораи эшон медонанд. Дар навиштаҳои зиёди худ каминаи каммтарин низ дар бораи ин шахсияти нотакрори олами фархангиии кишвари ҳамзабонамон бо накӯӣ ёд намудаам.
Чун соли гузашта дар як қатор нашрияҳои даврӣ ба монанди “Фараж”, “Самак”, “Тахти Қубод” мақолаи алоҳидае бо номи “Оҳангсозе аз дудмони шоҳони Дарвоз, ё ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо Шоҳмуҳаммад Валии Таронасози Дарвозӣ” чоп намудам, зарур донистам, ки дар бораи ин шахисяти бузург, ки дар қатори Валии Таронасоз” дар фаъолияти ҳунарии Алмоси Шарқ нақши калидӣ дорад ва ба ҳайси як тан аз бузургтарин оҳангсозони Афғонистон шинохта шудааст дар шакли алоҳида мақолае навишта интишор намоям. Зеро навиштаву оҳангҳои сохтаи ин шахс дар ҳаёти мардуми мо, мардуми дигари порситабор ва шахсан каминаи камтарин нақши бузургеро аз замони кӯдакӣ ба ҷой гузоштаву бо иборае маро тарбия намудаву миллатдӯсту ватандӯст, адабиётдӯсту фарҳангҳӯст ва муҳимаш инсондӯст гардонидаанд. Ба ҳамин хотир даст ба кор гирифтаву бо қалами худ дар ин рӯзии истироҳатии 31-уми марти соли 2025, дар ин рӯзи баҳории басо зебо, зери садои паррандагони хушнаво ва овози хуши булбули Бадахшон Соҳибаи Давлатшоҳ андешаҳои худро ба хотираи ин марди худо ва шаҳиди роҳи озодии Афғонистон ба қалам оварда истодаам.
Бояд гуфт, ки дар бораи Фазлаҳмади Найнавоз, камина каму беш аз авохири солҳои 80 -уми асри пор огоҳӣ пайдо намуда будам. Дар бораи устод Аҳмад Зоҳир ва садои зебояш аз овони наврасӣ ва мактабхонӣ аз соҳои 70 уми асри пор медонистем, лекин муттасифона он замонҳои шӯравӣ дар бораи оҳангсозони муҳити сарояндагии Алмоси Шарқ дар матбуоти даврии Тоҷикистон қариб чизеро чоп намекарданд. Шояд дар доираи оҳангсозони касбӣ ва қисме аз фарҳангиён дар ин хусус медонистанд, лекин дар бораи ҳамоҳангии овозхоне чун Аҳмад Зоҳир ва оҳангсозон қариб ягон маводе чоп нагашта буд, ки ҳаводорони сароянда хонанду додаанд.Бояд гуфт, чунин қисмат ҳамчунин насиби аксарияти шоирони ашъори дилошӯб, ки Аҳмад Зоҳир хонадаасту мардум аз овонни тифли онро шунидаву ҳаловат бурдаву зери ин шеъру оҳанг калон гаштаанд хос буда, мардуми зиёде ҳатто аз моли ки будани на танҳо оҳанг, балки шеъри хондаи овозхон низ дарак надоштанд.Фикр мекунам, ки ин камоли адаб низ агар нармтар карда гӯем нест.
Чи гуна як фард рӯҳафтодагию хастагии худро бо садои зебои як овозхон хоҳ Аҳмад Зоҳир бошад ё ҳоҳ устодони зиндаёде чун Аккашариф, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Нуқра Раҳмат, ё устодоне чун Ҷӯрабек Назрӣ, Ҷӯрабек Мурод, Дона Баҳрому дигару дигарон аз байн бурдаву оромиву роҳатии ҷонбахшеро дар тани худ эҳсос мекардаасту аз заҳмати шоиру оҳангсози шабзиндадоре, ки барои сохтани оҳанги муҷалло ва шеъри олиҷаноб ҳафтаҳову моҳҳо вақти худро сарф намудаанд чизеро намедонистааст?!
Магар ин амал сазовори адабу аҳлоқи анъанвиии мо мардуми оритабор ҳаст? Ҷавобашро зуд медиҳам.Ҳазор бо не!
Меандешам, ки ҳар инсони фарҳангдӯст бояд кӯшиш кунад, ки муаллифону оҳангсозони шеъреро, ки мешунавад ва роҳат мекунад бояд донад ва баро ин кӯшиш низ кунад(албатта ин эҳтироми маълумот доштан ба оҳангу тарона ва сарояндае дахл дорад, ки мақбули мо мегардад тааллуқ мегирад на ба ҳама, зеро баъдан мо баргаштаву такроран ва пайваста дилдодаи чунин шеъру оханги зебо мегардем ва онҳоро пайвсата гӯш мекунем ва бо иборае як ҷузъи таркибии ҳаёти мо ва хонадони мо мегарданд- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар бораи оҳангсозони ҳирфаи ва бузурги асри ХХ-и Афғонистон, ки Аҳмад Зоҳир сароидааст мисли устодон Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозӣ ва Фазлаҳмади Найнавоз чи тавре, дар боло ки иброз доштам, каминаи камтарин аз охирҳои солҳои 80-уми асри пор каме маълумот пайдо намуда будам. Албатта дар ин замина дар бораи аз ашъори малакутии Мавлоно, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Лоҳутӣ, Фурӯғи Фаррухзод ва чанде аз шоирони маъруф ҳамон давраи шӯравӣ маълумоти бештаре доштем (дар ҳамин гуфта дар бораи ашъори баландмазмуни бархе аз шоирон ҳамон замон умуман чизеро намедонистем, зеро дар бораи онҳо ҳеҷ ахборе дар нашриётҳои даврии Тоҷикистони шӯравӣ чоп намегашт- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Аслан баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва чопи мақолаҳо ва чопи аввалини маҷмӯъаи шеърии шоироне, ки Алмоси Шарқ аз онҳо хондааст, ҳаводорони истеъдоди худовандии ҳунарманде чун Аҳмад Зоҳир каму беш огоҳӣ ёфтанд.
Аслан шиносоии мардуми порсизабон бо суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир , оҳангҳои хондаи эшон ва таронаҳову муаллифони оҳангҳо ва суруду таронаҳо аз миёнаҳои асри пор дар Ирону Покистон ва Тоҷикистон шурӯъ шуд. Он замон Афғонистон даргири чангҳои зиёди дохилӣ худ буд ва онҷо фурсати таҳқиқе оиди ганҷи ба ёдгор гузоштаи овозхони ҳамаи давру замонҳо низ вуҷуд надошт. Мисли таърихи “Ганҷи бодовард”-и замони Сосониёну мусиқаи Борбади бузург вобаста ба риояти ин ганҷим таърихӣ, ки замони баъди истиллои араб оҳиста-оҳиста ба гӯшаи форӯмӯшӣ мерафт қисмати ганҷи Алмоси Шарқ дар зодгоҳаш қарор дошт.
Бахусус ибтидои асри ХХ ва солҳои минбаъда дар кишварҳои порсилисон корҳои шоистае анҷом сари ин масъала анҷом дода шуда, “Аҳмад Зоҳиршиносӣ” аслан ба як мактаби бузург ва алоҳидае дар минтақа табдил ёфт.Дар ҳамин давра дар Ирону Покистону Тоҷикистон тадқиқотҳои арзишманде оиди ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир роҳандозӣ гашт.
Китобу мақолаҳои зиёде ба табъ расиданд.Бо ин амали волои таҳқиқгарони ҳунару ҳаёти ҳунарманд, муридони зиёда аз нимасраи Аҳмад Зоҳирро, ки бо овози сеҳргуну оҳангҳои ҷаззоби эшон ғазалу таронаҳои зиёде хонда шудаву чанд наслро тарбия намудаанд, саҳеҳан оиди ҳаёту фаъолияти ин хунёгари ҳамаи давру замонҳо, ёронаш, оҳангсозону муаллифи шеърҳои хондааш аз наздик шинос гаштанд. Натиҷа ин шуд, ки ин мухлисон дар замон ихлоси зиёдеро нисбати шоирону оҳангсозони бо Аҳмад Зоҳир ҳамкорӣ намуда, мусиқинавозони овозхон пайдо намудаву ба руҳӣ онҳое, ки солҳо дунёи фониро тарк намуда буданд дуруд фиристонданду дуоҳои неке нисбати зиндамондагони онҳо карданд ва мекунанд .
Номи эшон баъди шиносоӣ аминам, ки дар қатори номи шаҳид Аҳмад Зоҳир дар қалби мардуми дӯстдорони санъати волои Аҳмад Зоҳир баъди ин шиносоӣ барои як умр боқӣ ҳоҳад монд, ки инро подоши амал мегӯянд. Подоши амали неки шоирону оҳангсозон ва мутрибони Алмоси Шарқ, ки муддатҳо аз дилу дидаи мухлисони овозхон бар асари маълумот надоштан дур монда буданд ана ҳамин меҳру муҳаббат ва ёдовари аз онҳост! Дар ҳамин асос сипоси бепоёни худродар ин роҳи некманзар ва амали башардӯстона, ки номи “шоирону оҳангсозонро аз тангнои торикӣ” берун кашиданд мисли устодон Сипос, Султони Ҳамад, шоири тавонои мо устод Мӯъмин Қаноат, шоири дӯстам Исфандиёр, ҳунарманди беҳамтои Хуросонзамин устод Ҷурабек Назрӣ, устоди азиз Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, шоирабонуи хушсалиқаи мо Меҳринисо, дӯсти олимам Раҷабалӣ Худоёров ва дигарон мерасонам.
Бигузор хонаи охирати бархе аз ашхоси дар боло зикршуда, ки ҷаҳонро падруд гуфтаанд пурнур буда бошад ва ба зиндагонашон сиҳатии тамом ва хушбахтиҳоро орзӯ менамоям.
Дар бораи устод Найнавоз дар кишвари мо устоди зиндаёд ва яка аз “Аҳмадзоҳиршиносон”-и маъруфи олам Султони Ҳамад аз ҳама бештар маълумот додааст. Аз ҷумла дар китобҳо маъруфи хеш бо номҳои “Султони қалбҳо”(Душанбе -2012) ва “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб” (чопи нашриёти Бухоро-2012-шахри Душанбе) дар бораи ҳаёту фаъолияти Фазлаҳмади Найнавоз дар китоби охирӣ бахши махсусе бо номи “Фазлаҳмади Найнавоз” маълумотҳои мӯътамад пеш овардааст. Дар нашрияи “Рӯзгор” ва дигар асарҳояш низ ҳатман ба ин марди бузурги фарҳанги Хуросон борҳо ва борҳо рӯ овардааст.
Чуноне, ки устод Султони Ҳамад дар асарҳои ишраёфтаи арзишманди худ нигоштааст, Фазлаҳмади Найнавозро мусиқишиносони афғон дар қатори 10 нафар беҳтарин оҳангсозони таърихи ҳунари мусиқии Афғонистон дар тамоми давру замонҳо ҷой додаанд. Тибқи ин сарчашма ва дигар манбаъҳо Фазлаҳмад дар оилаи як шахси сарватманду баландпояи Афғонистон бо номи Закариё , ки падараш замоне вазири молияи ин кишвар будааст таваллуд гаштаву ба воя расидааст.Падараш намехостааст,ки фарзандонаш ба ҳунари мусиқӣ машғулӣ варзанд. Бояд гуфт, ки он замон барои ашрофзодагони Афғонистон ба ҳунари мусиқӣ машғул гаштани фарандонашон як амалӣ нангин ба ҳисоб мерафт(ин андешаи аблаҳона дар андешаи мардуми ашрофзодаи Афғонистон аз он замон сар задааст, ки ҳама вақт доираи ҳунармандон дар ин кишвари соҳибҳунари ҷаҳонӣ дар тамоми давраи ҳукмронии сулолаҳои туркӣ, муғулию паштунии давр, ки фарҳангу андешаи солиму озододаю шаҳрӣ низ надоштанд, ҳеҷ гоҳ болонишин набуданд. Ҳама вақт ҷои онҳо чун хизматгори ҳоҷагон дар поёни сафи маҷлиси ашрофону мулкдорон муайян буд ва ба фарҳангу ҳунар чун як ашёву моли мутеъ, ба ҳунармандон чун бандаи худ муносибат мекарданд, ки ин андешаи ботил боз бо дуруғзаниҳои қишри руҳониёни ҷоҳил ба мардуми аввом низ таъсири манфии хешро мерасонид, вагарна фарҳанги воло ва ба арзи баланди фалсафаи сухан расидани мардуми шаҳрнишини ориёитабор тамоман баръакси ин андешаи бесаводонаи кӯчиёни зимомдорони ҳукуматҳои вақт будааст - андешаи Варқаи Зайниддин ). Падар чун мефаҳмад, ки писараш майл ба ҳунари мусиқӣ дорад, кӯшиш мемояд, ки ӯро аз ин роҳ боздорад, вале Фазлаҳмад, ки истеъдоди худовандияшро дар ин ҷода эҳсос карда буд, сухани падарро рад мекунад. Падар тибқи гуфтаи бархе аз муҳақиқон аз ин амалкарди писараш ранҷида ҳатто ӯро аз мерос низ маҳрум намудааст.
Асоси воқеъӣ доштани ин маълумот номаълум аст, чун ин амалкардро ба дигар шахсони ҳунарии Афғонистони он вақта низ мӯҳр мезананд, вале аниқан маълум аст, ки мудати бештар аз 60 сол боз оҳангҳои ҷаззоби офаридаи Найнавоз дар ҳамовози бо шеърҳои эҷоднамудааш дар хонадони миллионҳо мардуми порситабори олам дар Ирон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустону Чин, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишваҳои олам, ки онҷо порсизабонон маскан гирифтаанд, ҳамарӯза баланд садо медиҳанд ва ба рӯҳи оҳангсозу шеърнавису овозхон аз тарафи миллионҳо нафар мусулмонони порсилисон дуою дурудҳои нек фиристода мешавад. Ин дуою дурудҳо ҳатман ба волидайни Фазлаҳмади Найнавоз низ хоҳанд расид. Ин падар агар зинда мебуд шояд ҳазорон бор шукрона мекард, ки писараш ба сухани эшон гӯш надодаву ба хизмати миллионҳо инсонҳои сокинони сайёра камари ҳиммат бастааставу бо лаҳни мардуми он сӯи рӯди Омӯя фомили хонаводагии онҳоро барои асрҳои аср зинда нигоҳ хоҳад дошт.
Бо ин шахсияти накӯном, оҳангсози маъруфи касбӣ, яке аз беҳтарин акордеоннавозони асри ХХ-и Афғонистон,ки гоҳе шеър низ менавишт Аҳмад Зоҳир мисли устод Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозӣ солҳо ҳамкориҳои бузурги тарафайн дошт ва зери оҳангҳои эшон ва бархе аз шеърҳои эҷоднамудааш низ овозхонӣ намудааст, ки аз тарафи мардуми порсилисон ва дигар халқиятҳои фарханг парвар хуш қабул гаштаанд.
Тибқи тартиби овардаи устод Султони Ҳамад дар китобаш бо номи “Таронаҳои Аҳмад Зоҳир” (Душанбе, нашри ЭР-ГРАФ-соли 2022) ва навишаҳои устод Сипос Аҳмад Зоҳир 7 шеъри Найнавозро сароидааст, ки онҳоро дар зер мероем:
1.Каҷаки абрӯят неши каждум аст (Фазлаҳмади Найнавоз)
2.Ошиқ шудаи ай дил, ғамҳоят муборак бод (Абдулаҳмади Ато гуфтаи дигар),
( Фазлаҳмади Найнавоз ва ё Фаттоҳ Одина)
3.Баҳор омад, биё эй навбаҳори ман, куҷоӣ ту?( Фазлаҳмади Найнавоз)
4.Дар домаи саҳро, бехабар аз дунё(Абдураҳими Сорбон)
5.Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ (шеъри Фазлаҳмади Найнавоз ва халқ)оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз
6.Чашми сиёҳ дорӣ,қурбонат шавум ман(шеъри халқӣ) Фазлаҳмади Найнавоз
7.Шикоят дорам ҳаволадор ба ту мегуям (Фазлаҳмади Найнавоз)
Аз ин 7 шеър, ба 6 адади он худи Фазлаҳмади Найнавоз оҳанг баставу Аҳмад Зоҳир сароидааст. Бояд гуфт, ки дар ҳамин асос шеъри машҳури “Ошиқ шудаи ай дил, ғамҳоят муборак бод” моли шоир Абдулаҳмади Ато, тибқи бархе аз сарчашмаҳо дониста шуда, ҳамчунин ба гуфтае ба ин шеъри Найнавоз ё Абулаҳмади Ато оҳангсози маъруфи тоҷик Фаттоҳ Одина оҳанг баста, онро Аҳмад Зоҳир сароидааст. Ба шеъри дигари маъруфи Найнавоз “Дар домаи саҳро, бехабар аз дунё” Абдураҳими Сорбон оҳанги басо зебое баставу онро Алмоси Шарқ бо як маҳорати олӣ сароидааст.
Шеъри маъруфи “Сурма кадӣ, бумурум, сурма кадӣ”- шеъри Фазлаҳмади Найнавоз ва халқ дониста шуда, ба он оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз оҳанг басттааст. Чунин амал ба шеъри дар кишвари мо машҳури
“ Чашми сиёҳ дорӣ,қурбонат шавум ман” низ таалуқ дошта, он моли Фазлаҳмади Найнавоз ва халқ дониста шуда, ба он низ ин оҳангсози маъруфи Афғонистон оҳанги ҷаззобе офаридааст.Инак ин шеъру охангҳои зарандудии порсӣ даҳсолаҳо дар хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва дигар мардуми порситабору дигар халқҳо балан садо довау ба мо лаззати маънавӣ мебабахшанд.
Тибқи ахбори дар китоби “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”-и устод Султони Ҳамад омада , ҳамчунин тадқиқотҳои анҷомдодаи устод Сипос аз тарафи устод Найнавоз ҳамчунин боз ба бештар аз 20 шеъри шоирони дигар мисли шеъри маъруфи шоир Ҳоҷуи Кирмонӣ “Агар пинҳон бувад пайдо”, шеъри Абдулаҳмади Адо “Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам”, “Ман найнавозам,най менавозам”, шеъри Абдулҳайи Рустоқӣ “Ай ба дидам торик, моҳи осмон бе ту”, шеърҳои Мавлонои Балхӣ “ Биёед,биёед,ба майдони харобот”, “Ман масту ту девона моро кӣ барад хона?”, шеъри Саъдии Шерозӣ “Гуфта будам чу биёӣ ғами дил бо ту бигӯям”, шеъри Абулқосим Лоҳутӣ “Ёр аз дили ман хабар надорад”, шеъри Салими Сармаст “Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо” ва ғараҳоро оҳанг баста шудаву овозхони маъруф онҳоро хондааст. Умуман аз тарафи устод Фазлаҳмади Найнавоз то имрӯз бештар аз 25-30 оҳанги бар ашъори худ ва дигар шоирон бастааш , ки Аҳмад Зоҳир зери ин оҳангҳои ҷазоб тарона хондааст муайян гаштаанд.Тиқи навиштаҳо ва андешаи дилогоҳони хаёту фаъолияи Аҳмад Зоҳир ва дӯстии бузурги онҳо бо Алмоси Шарқ бегуфтугӯ ин рақами охир нест ва шояд ин рақам на камтар аз 50 оҳангро низ ташкил намояд.Чуноне, ки дар мақолаҳои қаблӣ гуфта будам инро вақт муайян хоҳад кард.
Дар ҳақиқат хизмати ин оҳангсози мумтоз дар фаъолияти эҷодии Аҳмад Зоҳир бисёр бузург аст ва мисолҳои оварда дар ин мақола ва оҳангҳои дилошӯбе, ки зиёда аз 60 сол боз барои хонандагони наслҳои гуногуни мардуми мо маълуму маъруфанду чанд насл зери садои онҳо парварида шудааст кофист, ки нақши ин шахсияти маъруфро дар фаъолияти пуравҷу баланди Аҳмад Зоҳири мумтоз баҳогузорӣ намоем. Беҳуда устоди зиндаёд Султони Ҳамад ин ду оҳангсози маъруфи Афғонистон Фазлаҳмади Найнавоз ва Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозиро ду боли қавиии булбули хушилҳони боғи ҳунар наномидаст ва ҳақ низ ҷониби ӯст.
Оҳангҳои офаридаи ин ду шоҳсутуни мусиқии Афғонистони садаи ХХ ба истеъдоди худододии Аҳмад Зоҳир, боз бузургии осмониеро ато намуданд ва онҳо дар рӯзгори ҳунарманд гӯё як доди худовандие буданд, то марвориди Шарқ дар умри хело кӯтоҳи худ тавонад шоҳсухану шоҳасар пайи якдигар барои ояндагон офарад. Найнавоз овозхонро чун на як шогирд, балки чун як писар зиёд дӯст медошт ва дар ин хусус навиштаву шоҳидони ҳол зиёданд.
Мегӯянд, ки рӯзи қатли Аҳмад Зоҳир Фазлаҳмади Найнавоз зиёд ошуфта шуда буд ва рӯзи ҷаноза назди издиҳоми бисёрҳазорнафара бо қатъияти том ва як ғазаб масъулону ҳукуматдоронро дар марги фоҷиавии “марвориди савту навои порисизабонон” беист ва нотарсона гунаҳгор мекард, ки ин низ нишонаи меҳру муҳаббати оҳангсози маъруфро ба ҳунарманд,ки зиёд дӯсташ медошту эҳтиром мегузошт нишон медиҳад. Дар китоби “Султони қалбҳо” ҳатто оварда шудааст,ки вақто, ки бо бӯҳтону дассисаи ҳоҳари Холида Аҳмад Зоҳирро ба маҳбас мекашанд аз ҳама зиёдтар барои халосии овозхони бегуноҳ маҳз устод Найнавоз мубориза мебарад.Устод Найнавоз аз ҳама бештар ҳолати рӯҳӣ ва яъсу ноумедиро, ки душманонаш нисбати ин алмоси пурҷило раво медиданд ҳис мекард. Барояш таронаҳоеро эҷоду ба оҳанг медаровард, ки мақбули дили рамидаи овозхон буданд.Хотиррасон бояд намуд, ки душманони Аҳмад Зоҳир ҳам хонагӣ ва бегона буданд.
Мисоли Маҳбубуллоҳ,бародари завҷаи додари Аҳмад Зоҳир Осиф, ки масуфро раиси хадамоти амниятии Ҷумҳурии Халқи Демократии Афғонистони Асадуллоҳ Амин ба ин кор ҳидоят мекард, ноиби Нурмуҳаммад Таракӣ- роҳбари вақти Афғонистон , Ҳафизуллоҳ Амин, шавҳари апаи Холида, Саид Довуди Талун, ки ин зан бовар доштааст, ки гӯё Холидаро Аҳмад Зоҳири ба қатл расонидааст , бо супориши ин зан ва бо нақшаи тарҳрезишуда ва ғаразноки сулолаи Аминиҳо, ки духтараш Гулғутай завчаи Асадуллоҳ Амин, ошиқи садои Алмоси Шарқ будааст бо ширкати ду духтар Шаҳноз ва Шакило, ки падарашон Хонмуҳаммади панҷшерӣ, дар яке аз маҳбасхонаҳонаҳои сиёсии Кобул қарор дошт ва зери фишори хадамоти амниятӣ ба шартӣ иштирок дар куштори Аҳмад Зоҳир ва озод кардани падар кашида шуда будааст ширкат кунанда будаанд.Нақши бевоситаи қотилро дар ин амали разилонаи барои мардуми порситабор бисёр фоҷиаборро Орифи ҷудо (дзюдо) иҷро мекард. Ҳатто шахси ношиносе ҳафтае пеш Фахрия завчаи овозхонро аз хона ба берун хонда иброз доштааст, ки намонад дар ин рӯзҳои наздик Аҳмад Зоҳир аз шаҳр ба берун равад,вале ахиран Маҳбубуллоҳи малъун бо роҳи ба хона пеш-пеш даровардани хоҳаронаш, худаш пинҳонӣ аз кунҷе пайдо гаштаву Аҳмад Зоҳирро бо фиреб бо автомашинаи Аҳмад Зоҳир бо Шаҳноз ва Шакило ба сӯи ағбаи Саланг бурда, наздики пули Чипроқ, дар мавзеъи якунимкилометра то ағба, онҷо бо тири туфангча аз дасти Орифи авбош,ки роҳи мошинро поида ва онро маън намудааст ,бо баҳонае овозхонро аз мутар фуроварда дар пешонияш тир холӣ карда буд кушта мешавад.
Бояд гуфт, ки баъдан тибқи навиштаи устод Султони Ҳамад, ки аз забони мардуми Кобулшаҳр шунидааст, Маҳбубуллоҳ аз мутар фаромадаву ба қотил Ориф дарафтода гуфта бошад, ки чаро овозхонро куштӣ ва Ориф гӯё ӯро лату кӯюб намуда бошад,мепиндорам, ки ин манзара як намоши театрикунонидашудаи тарҳрезигашта ва ё “лаҳзае аз филмҳои ҳиндӣ”буд,ки он пешакӣ кор карда баромада шуда буд на чизи дигар!
Дар фироқу қатли Аҳмад Зоҳир устод Фазлаҳмади Найнавоз баъдан марсияи ҷонсӯзе навиштаст.
Чунончӣ:
Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно,тман дар суроғи ту,
Вале аз ту суроғе нест.
На дар инҷо, на дар онҷо,
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Ман аз ин остон азми сафар дорам.
Вале бовар намекардам,
Ба ёдам боз меояд, ки мегуфтӣ:
Барои нолаам танг аст ин дунё,
Ба қалбам хун меҷӯшад,
Ҷудо аз мо куҷо рафтӣ,чаро рафтӣ,
Чаро бе мо сафар кардӣ?
Чаро аз мо ҳазар кардӣ?
Ба қалби мо зи ҳиҷрат оташ афрӯхтӣ,рафтӣ,
Ва моро аз фурӯғи доғи ҳиҷрат сӯхтӣ, рафтӣ....
Ривоятҳое аст, ки баъди ҳалокати Аҳмад Зоҳир, Найнавоз хело ғаму андӯҳеро пушти сар мекард ва нисбати қотилони разил нафрати зиёде дошт.Бояд гуфт, ки устод Валии Таронасоз тибқи гуфтаи духтараш Фирӯзабону низ то вопасин дами ҳаёташ (соли 2007 Калифорнияи ИМА) ба ёди Аҳмад Зоҳир шеър мегуфт ва ёди ӯро мекардааст, Тибқи навиштаҳои устод Султони Ҳамад Ҳумоюни Нангиёлай (писари оҳангсози маъруф ва дӯсти Аҳмад Зоҳир Нангиёлай) дар сӯҳбат ба ӯ гуфтааст, ҳамон шахсе, ки ба Фахрия оиди нақшаи куштори Аҳмад Зоҳир хабар расонидааст ба Фазлаҳмади Найнавоз гуфтааст, ки дар рӯзи марги Аҳмад Зоҳир сари қабраш суханронӣ накунад ва оиди куштори ӯ лаб накушояд. Найнавоз баръакс Ҳафизулло Амин ва гуруҳи муташкаллии ҷинояткоронаашро дар ин ҷода рӯзи ҷаноза гунаҳгор ва беибо нафрин намудааст.
Табиист, ки қотилони Аҳмад Зоҳир аз дастгоҳи салтанатӣ ва дарбори Нурмуҳаммад Таркӣ то муовинаш Ҳафизуллоҳ Амини малъун сарчашма мегирифтанд ва ин ҷамоъаи ҷинояткорон, баъди шунидани овозаву суханҳои Найнавоз, ки куштори фармоишии Аҳмад Зоҳирро ин ҳукумати бозичаи даст собиқ СССР чун садамаи тасодуфии нақлиёти (ДТП) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қайд гузаронида буданду ҳатто аз оғози парвандаи ҷиноятӣ маводҳои “ҳодисаи садамаи нақлиётӣ”-ро рад низ намуда буданд (кош чанд вақт пештар фиристодаи Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Мӯъмин Қаноат, ба сухани ба ном инқилобчиёну роҳбарони Афғонистон гӯш намедод ва барои овардани Аҳмад Зоҳир ба Иттиҳоди Шӯравӣ пофишории сахте мекард, маро инҷо суханҳои гуфтаи ҳукуматдорон ба устод Қаноат, ки Аҳмад Зоҳир бо ҳунар ва маҳбубияш барои сарҷамъии Афғонистон зарур аст ба ду шубҳа бурда истодааст, якум, аллакай куштори Аҳмад Зоҳир тарҳрезӣ гашта буд аз ҷониби душманонаш, дуввум хадамоти ҷосусии СССР баъди “дархости паёпайи роҳбарони Афғонистон” ва хосатан ноиби Таракӣ - Ҳафизуллоҳ Амин(тарафдори сарсахти даровардани артиши шуравӣ ба Афғонистон буд) барои даровардани артиши худ дар моҳи октябри соли 1979 аввалин коре, ки кард ин куштори Аҳмад Зоҳир дар ҳамроҳи бо мақомоти ҷосусии Афғонистон буд ва суханҳои гуфтаи генерали рус соли 1993 дар шаҳри Новосибири Руссия, оиди даст доштани КГБ-и шӯравӣ дар ин куштори разилон 100% дуруст аст- шарҳи Варқаи Зайниддин) ва суханони Найнавоз дар Кобул зуд паҳн гашта буд, баъди як ҳафтаи куштори Аҳмад Зоҳир, устод Найнавоз ноаён нопадид мешавад.
Меандешам, ки устод Фазлаҳмади Найнавозро дуздида пинҳонӣ қатл ва дар гӯри кӯҳна ва ё маҳлули кислота ҷасадашро қотилони беандеша нест карданд то ягон овоза дигар набарояд. Ин амали хунин кори дасти Ҳафизуллоҳ Амин ва домодаш сардори ХАД(хадамотит амнияти давлатӣ) кишвари “сотсиалистӣ”-и Афғонистон буд (шояд дар ин кор собиқ КГБ-и шӯравӣ , ки баъдан фаъолиятро дар саросари ҷаҳон дар муқобили ЦРУ(Раёсати марказии кашшофӣ) шармандавор бохт ҳамроҳ буда бошад-шарҳи Варқаи Зайниддин). Боиси тааҷҷуб аст, ки роҳбари вақти Афғонистон Нурмуҳаммад Таркӣ баъди ин кор ба ҷои додани супоришҳои фаврӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оиди ташкил намудани амалиётҳои фаврӣ ва тафтишотӣ нисбати куштори шахсияте, ки ифтихори кишвараш буд, хомӯшона тарафи ноиби ҷинояткору домоди эшонро гирифт, ахборотҳо оиди ночиз будани ин шахсият назди Амину аминиҳо ва дар амал шахси якум будани Ҳафизуллоҳ Амин инҷо ба хуби ба назар намоён мегардад (шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ахиран баъдан ҳамин шахсон сари Таракиро хӯрда эшонро моҳи сетябри соли 1979 қатл намуданд. Чун баъди куштори Нурмуҳаммад Таркӣ, Амин курсии Раиси Чумҳурии Афғонстонро соҳибгашта буд ва куштори Аҳмад Зоҳир барои мардуми Афғонистон ва ҳатто барои мардуми кишварҳои порситабор ва мардуми инсонпарвари фарҳангии олам кори андаке набуд ва оянда метавонистанд мардуми оммии Афғонистон шӯреро бархезонад. Дар ин асос бо баҳонаи ҷосуси ЦРУ будани Ҳафизуллоҳ Амин (андешаи нодуруст ва иштибоҳи навбатии КГБ-и дар ҳоли шикаст қарордоштаи СССР-шарҳи Варқаи Зайниддин) худи писари кӯчакаш ба зуди охири моҳи декабри соли 1979 бо сахтиҳои ҷон кандан, ҳангоми табадуллоти давлатии онҷо ташкилнамудаи СССР қатл гаштанд. Домодаш роҳбари ХАД - и Афғонистон Асадуллоҳ Амин бо ду дасти адаб баъди дар СССР дар зиндони Лефортово қарор доштанаш ба дасти ҳукуматдорони вақти Афғонистон дода шуда, мавсуф бо азобҳои алим дар зиндони шаҳри Кобул кушта гардид. Пеш аз ин онҳо Шакило, Шаҳноз, Маҳбубулло, Орифи қотилро бо раводид ҳамин Асадулло Амин бо супориши Ҳафизулло Амин барои гурехта ба дигар кишварҳо рафтан таъмин ва баъди 10-15 рӯзи куштори овозхон аз Афғонистон гурезонданд, зеро пора- пора кардани ин разилон аз ҷониби ҳалқ аз эҳтимол дур набуд!
Бояд гуфт, ки баъди иҷрои нақшаи разилонаи қатли Аҳмад Зоҳир хадамоти амниятии Афғонистони падари онҳоро аз зиндони сиёсӣ озод намудаву амволи ҳабсгаштаи эшонро пурра баргардонида додаанд (марг ба чунин падару фарзандон)!
Мегӯянд, ки махсусан Шакило, ки айни замон дар Покистон ва Шаҳноз, ки дар Олмон зиндагонӣ доранд тез- тез ҷои истиқоматии худро иваз мекунанд. Баъли қатли Аҳмад Зоҳир, шиддат гирифтани нафрати мардуми Кобулшаҳр, ки аз нақшаи тарҳрезигаштаи куштори овозхон ва ширкати онҳо дар ин амали нафратовар огоҳ гашта буданд, эҳсоси бадбинии халқро нисбати ташилкунандагон ва иштирокчиённи ин куштор бо чашми сар дида буданд, дар хориҷа низ имрӯзҳо тибқи бархе аз сарчашмаҳо ҳар 6- моҳ ҷои истиқомати худро дигар мекунанд. Ин кор аллакай 46 сол - 4 сол кам ним аср боз давом дорад ва аз шиддати баланди нафрати мардум нисбати қатли Алмоси Шарқ ва обрӯи рӯ аз рӯз болоравандаи ин шаҳид нази ҷомеъаи 200 миллионаи порсилисонҳо ва эронинажодон гувоҳӣ медиҳад (ба рости ин зиндагии Шакило ва Шаҳноза монанд ба зиндагии сагонаест на чизи дигар- шарҳи Варқаи Зайниддин)!
Имрӯз ин нокасону разилонро, ки бархеашон дар гӯрҳои торик пӯсида рафтанд, касе намешиносад, лекин номи Фазлаҳмади Найнавозу осораш дар паҳнои порсилисонҳо ва дигар миллатҳо мисли Аҳмад Зоҳир то абад бо дуогӯӣ ва шукргузорӣ нисбаташон дар ёди мардум зинда хоҳад монд.
Устод Фазлаҳмади Найнавоз имрӯз гӯр надорад, гӯри ӯ дар қалби 200 миллион порсизабонони ҷаҳон кайҳо ҷой гирифтааст, ончуноне, нависандаи маъруфи арманӣ, муаллифи рӯмони маъруфи “Захмҳои Арманистон” Хачатур Абовян низ аз тарафи душманонаш нест карда, нопадид гашт ва ба гуфти адиби маъруфи Арманистон Хачатур Исаакян: “Абовян гӯр надорад. Ӯ ҳамроҳ бо халқи арманӣ мезияд. Миллати арманӣ бошад мисли дигар миллатҳо ҷовидона, абадзинда ҳаст”!
Оре, ин суханҳо дурустанд, гӯри саромади адабиёти нави арманӣ Хачатур Абовян ҳама вақт дар дилу дидаи мардуми азияткашидаи арман пойбарҷост. Дар ҳамин маънӣ Найнавоз низ гӯр надорад, гӯри ин оҳангсози маъруфи мардуми порситабор низ абадан зиндаю ҷовид дар қалби мардуми Хуросони азиз ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Ба ин шакке нест.
Чуноне, ки ба шоири ҷавонмарг Абдуаҳмади Адоро бо номи “Ман найнавозам, най менавозам!” устод Найнавоз оҳанги дилнишине баста буд ва онро Аҳмад Зоҳир месароид:
Фалак надонад, ки гар ба хорӣ,
Оинаи ман бишкаст бо санг,
Чизе намонад бар ҷо зи ман ҷуз,
Як мушти шеъру як мушти оҳанг!
Ин сатрҳои шеърии оҳангбастаи устод Фазлаҳмади Найнавоз дар ҳақиқат барои сарнавишти худаш сароида шудаанд.
Ёди ин бузургони ҳунари Хуросон дар ин шукуфоии баҳорон зина бод.
Омин!
Варқаи Зайниддин,Узви ИЖ ҶТ