10:04:45 08-уми Июни 2026 сол

Ёде аз падар – Султони қалбҳо

Имрӯз 6-уми июн... Рӯзи сиёҳе, ки ҳаёти моро ба куллӣ тағйир дод.

yode az padar 65451245Расо ҳафт сол пеш, дар ҳамин рӯзи оғози тобистон (06.06.2019), қисмати бераҳм сояи давлати шуморо, падарҷони азизам, аз сари мо гирифт. Шумо рафтеду бо рафтанатон баҳори зиндагии мо хазон шуд. Сахт аст бовар кардан, ки ҳафт сол аст мо садои шуморо намешунавем, дуои шуморо намегирем ва ҷои шуморо дар хона холӣ мебинем.

Падар! Ҳарчанд солҳо мегузаранд, аммо дарди бепадарӣ ва ғуссаи бемодарӣ дар қалби мо кам намешавад. Имрӯз, дар рӯзи солгарди вафотатон, тамоми хотираҳои он рӯзи шум дубора зинда шуданд. Ёд дорам, ки чӣ тавр дунё дар назари мо тираву тор гашта буд. Шумо барои мо кӯҳи устувор будед ва имрӯз мо дар ин дунёи беканор худро танҳову бепаноҳ ҳис мекунем.

Дар ин рӯзи ёдбуд, мо – фарзандон, даст ба дуо мебардорем ва аз Худованди Меҳрубон илтиҷо мекунем:

Худованд қабри Шумо, падарҷони азизамон ва модари меҳрубонамонро пурнуру гулзор гардонад!

Илоҳо, рӯҳи поки шумо аз мо розӣ ва ором бошад!

Ба мо қуввату сабр диҳад, то номи некатонро ҳамеша зинда нигоҳ дорем...

Падарҷон, ҳафт сол аст, ки дар бари мо нестед, аммо ҳамеша дар қалб, дар ёд ва дар дуоҳои мо зиндаед. Рӯҳатон шод ва хонаи охирататонпурнур бошад, Иллоҳӣ омин!

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”