23:35:32 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 30

ҲАМИДОВ ХАЛИФАБОБО

Ҳамидов Халифабобо 2 январи соли 1950 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Соли 1957 ба синфи якуми мактаби ҳафтсолаи рақами 21 - и ба номи С.Орҷоникидзе рафта, соли 1967 синфи даҳуми мактаби миёнаи рақами 5 - и ба номи Чкалови деҳаи Қистакӯзро хатм намудааст. Аз моҳи январи соли 1967 то моҳи августи соли 1968 ба сифати сарпионервожатии мактаби миёнаи рақами 34 ба номи Зокирови ноҳияи Хуҷанд кор кардааст.

Моҳи сентябри соли 1968 ба курси якуми факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, баъд аз хатми курси сеюми ҳамин факултет ба курси чоруми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов гузаронида шуд ва курси пурраи онро соли 1973 хатм намуд.

Соли 1973 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба сифати муаллим фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуд. Аз моҳи августи соли 1973 то моҳи январи соли 1990 дар кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ ба сифати муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи номбурда кор кард. Аз моҳи сентябри соли 1981 то моҳи августи соли 1984 дар Донишгоҳи Кобул ва Институти улуми иҷтимоии КМ ҲХДА ба сифати муаллим ва тарҷумон кор кард.

Соли 1983 дар Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов рисолаи номзадии худро зери унвони «Такомули қавонини асосии Афғонистон дар замони шоҳӣ (1923 – 1964)» ҳимоя намуд ва таҳти ҳамин унвон аввалин китоби калонҳаҷмашро дар Донишгоҳи Кобул ба нашр расонид. Аз моҳи январи соли 1990 то моҳи декабри соли 1994 ба сифати ҷонишин ва ҷонишини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи декабри соли 1994 то моҳи марти соли 2000 – ум ба сифати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равобит бо парламент ва масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият намудааст. Дар айни замон аз моҳи июли соли 1997 то 1 – уми апрели соли 2000 – ум ба сифати узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ кор кардааст.

Моҳи феврали соли 2000 – ум дар ҳавзаи якмандатии интихоботии раками 14 (Бобоҷон Ғафуров) ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Моҳи январи соли 2001 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Дар солҳои 80 – 90 – ум якчанд маротиба узви Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои сармоядорӣ ва рӯ ба инкишоф, Ассосиатсияи ҳуқуқшиносон – шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудааст. Узви Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳоло узви Шӯрои илмии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ мебошад. Муаллифи як силсила китобҳои илмию дарсӣ ва зиёда аз сӣ мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таҳия ва омода сохтани лоиҳаҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992, 1994) бевосита иштирок намудааст.

ШОЕВ ШЕРМАҲМАД

Шоев Шермаҳмад Тешаевич 6 январи соли 1962 дар ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1969 ба мактаби ибтидоӣ рафта соли 1979 мактаб – интернати рақами 13 – и ноҳияи Москваро хатм намудааст. Соли 1979 ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1984 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз моҳи октябри соли 1984 то моҳи январи соли 1987 ба сифати адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии (консултатсияи юридикӣ) ноҳияи Ёвон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 1987 то соли 1990 судяи суди ноҳияи Ёвон, аз соли 1990 то соли 1991 аъзои суди вилояти Қӯрғонтеппа шуда кор кардааст. Аз соли 1991 то соли 1994 ба сифати раиси суди шаҳри Норак фаъолият намудааст. Аз соли 1994 то соли 1995 дар вазифаи муовини вазири адлия ва аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамзамон аз моҳи июли соли 1997 то 1 – уми апрели соли 2000 узви зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ ба шумор мерафт. Аз соли 2000 то ҳол дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Моҳи августи соли 1999 барои хизматҳои арзандааш дар роҳи татбиқи Созишномаи умумии Сулҳ бо унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

АЛИЕВ ЗАРИФ

Алиев Зариф 5 майи соли 1962 дар ноҳияи Колхозобод ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1979 ба шӯъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқи ДДМТ дохил шуда, онро соли 1984 хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ ӯ ба ҳайси устоди факултаи номбурда фаъолият кардааст.  Аз соли 1986 то соли 1990 Алиев Зариф дар Институти давлат ва ҳуқуқи АИ СССР таҳсили аспирантура кардааст.

ӯ дар ин сол рисолаи номзади илмро дифоъ кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар Кумитаи қонунгузории Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис иҷрои вазифа кардааст. Аз соли 1993 то соли 1995 дар вазифаи Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.  Солҳои 1995 то 2000 вазифаи муовини раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро расонидааст.

27 феврали соли 2000 Алиев Зариф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда,  моҳи марти ҳамин сол ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардидаст ва то ҳол иҷрои ин вазифаро ба ӯҳда дорад.

Алиев Зариф аз соли 1995 то соли 1997 иштирокчии музокироти Сулҳи байни тоҷикон аз ҷониби ҳукуматӣ ва аз соли 1997 то соли 2000 узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Алиев Зариф барои хизматҳои арзандааш дар роҳи барқарории Сулҳу оштии миллӣ дар кишвар бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi