Ҳасан Рӯҳонӣ: "Тоҷикистон барои Эрон аҳамияти вижа дорад"
Президенти нави Эрон ба зарурати тавсеаи муносибатҳои кишвараш бо Тоҷикистон таъкид карда ва гуфтааст, ки дар даврони маъмурияти ӯ, ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон дар арсаҳои гуногун тақвият хоҳанд ёфт.
Ба иттилои торнамои телевизиони инглизабони Эрон Press TV, Ҳасан Рӯҳонӣ дар посух ба паёми табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, аз ҷумла ҳамкории кишварҳои форсизабонро пураҳамият хондааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки равобит бо Тоҷикистон барои Эрон аз аҳамияти вижа бархӯрдор буда ва реша дар фарҳанг, суннату анъанаҳо ва забони пурғановати форсӣ дорад. Ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ, ин муштаракот имкон медиҳад, ки равобити ду кишвар ояндаи рӯшане дошта бошад.
Ин аввалин изҳори назари оқои Рӯҳонӣ дар мавриди муносибатҳои кишвараш бо Тоҷикистон пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ мебошад, ҳарчанд бастагони Ҳасан Рӯҳонӣ мегӯянд, ки ӯ собиқаи ҳамкорӣ бо тоҷиконро доранд ва огоҳӣ ва шинохти худи ӯ ҳам аз вазъияти Тоҷикистон хуб аст. Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ба мақоми раисиҷумҳури Эрон расидани Ҳасан Рӯҳонӣ боиси тағйири умдае дар равобити Эрон бо Тоҷикистон нахоҳад шуд, балки ба эҳтимоли ғолиб, равобити наздике, ки байни Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод ҳосил шудааст, дар даврони Ҳасан Рӯҳонӣ метавонад ба ҳадде густариш биёбад.
Эрон бо беш аз 200 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 21 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол (Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нирӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад.
Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.
Тоҷикистон дар ивази кумакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба ҳаққи Эрон барои таъқиби барномаи ҳастаӣ ва зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид.
Албатта, дар ин миён мунтақидон чунин як омадани манофеъи як низоми худкомаи дунявӣ бо як режими сарсахти мазҳабиро, ки Эрон аст, ба чолиш кашида, мегуфтанд, Теҳрон мебоист дар ивази ёриҳои иқтисодиаш Душанберо ба мулоимтар кардани сиёсатҳои динситезонааш ташвиқ кунад. Гурӯҳи дигар, бахусус тундравони мазҳабӣ аз эҳтимоли дар Тоҷикистони аксаран суннимазҳаб майдони бештар пайдо кардани мубаллиғони мазҳаби дар Эрон ҳокими шиъа изҳори нигаронӣ мекарданд.
Расми ифтитоҳи нақби Истиқлол дар соли 2006 дар ҳузури Аҳмадинажод ва Раҳмон доир шуд. Қарор буд, Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми ифтитоҳи чархаи дувуми нирӯгоҳи Сангтӯда-2, ки мебоист, ба истилоҳ тоҷи 8 соли равобити танготанги ӯву Раҳмон мешуд, низ ширкат кунад. Аммо ин маросим чанд дафъа ба таъхир уфтод ва инак, бо баргузории интихоботи ҷадид дар Эрон ва маълум шудани исми ҷойгузини Аҳмадинажод яқин шуд, ки ин тоҷро акнун ба сари Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳанд гузошт.
Нозирони умур мегӯянд, Ҳасан Рӯҳонӣ шояд чунин дӯстии наздикеро, ки Аҳмадинажод бо Раҳмон дошт, нишон надиҳад, вале ба ҳайси як нафари амалгаро ва огоҳ аз вазъияти Тоҷикистон Эронро дар истгоҳи бародарӣ бо Тоҷикистон ҳифз хоҳад кард. Аз тарафи дигар ҳарду тарҳи асосии Эрон дар Тоҷикистон – ҳам нақби Истиқлол ва ҳам Сангтӯда-2 – ниҳолҳоеянд, ки дар замони дар Эрон сари қудрат будани ислоҳталабон шинонда шуданд, вале меваашро Аҳмадинажоди усулгаро хӯрд.
Бо вуҷуди суханҳои баланд дар бораи дӯстиву бародарӣ ва мулоқотҳои бешумор амалан дар ин 8 соли ҳамкорӣ бо Аҳмадинажод байни Тоҷикистону Эрон ягон қарордоди бузурге имзо нашуд, ки имрӯз ҳамчун ёдгори бевоситаи ин даврон боқӣ бимонад. Як иллати ин, албатта, фишори таҳримҳо ва дар инзивоъи рӯз то рӯз бештари байналмилалӣ қарор гирифтани Эрон буд, ки сарсахтона аз барномаҳои ҳастаияш даст кашиданӣ нест.
Маҳмуди Аҳмадинажод чунин кӯлбори ба сурати умум пурмеваеро дар равобити Тоҷикистону Эрон ба Ҳасани Рӯҳонӣ мерос мегузорад. Ҳасани Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи рӯзи 14 июн пирӯз шуд, рӯзи 3 август Аҳмадинажодро дар мақоми раисиҷумҳури Эрон иваз мекунад.
«Озодӣ»