20:22:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Раисҷумҳур рафтанӣ ҳам бошад, система намегузорад"


Дар фосилаи 7 моҳ аз интихоботи раёсати
ҷумҳурӣ, рақибони дарозумртарин президенти Тоҷикистон намедонанд, ки ба ин маърака омода шаванд ё боз ҳам нақши ҳарифи нокомро бигиранд.

hukumat-110413Изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел, ки гуфтааст, ҳанӯз намедонад, ки дар интихобот иштирок мекунад ё не, аз ҷониби ҳарифони сииёсиаш ҷиддӣ пазируфта нашуд. Баъзе аз онҳо бо ишора ба мақоли "кӯр асояшро як бор гум мекунад" гуфтанд, ки ҳукуматдорон дар сохтани заминаи ногузир будани Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат таҷрибаи зиёд доранд ва ҳатман барои пешбарии номзадиии ӯ садҳо санаду далел хоҳанд овард.

Ба гуфтаи гурӯҳи дигар, изҳороти Эмомалӣ Раҳмон барои бархе маҳсули воқеияти имрӯз аст ва барои иддае ин шак ва умедвориро тавлид мекунад, ки эҳтимолан қавитарин номзад аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 худдорӣ кунад.

Сӯҳроб Шарифов, намояндаи парлумон аз ҲХДТ, ки раҳбариашро Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дорад, мегӯяд, номзадии раисҷумҳур аз сӯи бархе дар сӯҳбатҳои алоҳида пешниҳод шудааст, аммо ӯро бояд анҷумани ҳизбӣ ва ё созмонҳои дигар расман пешниҳод кунанд, ки накардаанд ва барои ин ҳоло вақт ҳаст:

«Ин изҳорот маънои онро надорад, ки раисҷумҳур гуфта бошад, номзадиашро намегузорад, ё мегузорад. Аз ин хотир, изҳороти ӯ мантиқан дуруст аст ва ҷавобгӯи фарҳанги сиёсии ҷаҳонист. Бубинед, ҳоло ягон номзад нест, ҳадди ақал касе нагуфтааст, ки номзадиашро мегузорад, ягон ҳизби сиёсӣ ҳам расман номзад пешниҳод накардааст. Бархе ҳизбҳо байни ҳам дар машварат ҳастанд, ки номзади ягона дошта бошанд, ё не, баъзе ҳизбҳо дар дохили худ сари ин мавзӯъ ба маслиҳат нишастаанд. Таҳлил мекунанд, хулоса мебароранд. Аз ин хотир, изҳороти президент мантиқан дуруст аст».

Аммо изҳороти раисиҷумҳур рақибони сиёсии ӯро такон надод. Баръакс онҳоро мутмаинтар кард, ки Раҳмон ҷойе рафтанӣ нест. Онҳо мегӯянд, ки чунин ваъдаҳоро тайи 20 соли ахир зиёд шунидаанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба самимияти раисҷумҳур эҳтиром қоил аст, аммо то 7 моҳи дигар эҳтимол дорад, назари ӯ ба ширкаташ интихобот тағйир ёбад:

«Кафолати шаффоф гузаштани интихоботро бояд ки қонун диҳад, на президент, на парлумон ва на ягон нафари дигар. Ҳарчанд ин ҳама маснадҳои баланд ба ҳисоб мераванд, бояд ҳамагӣ дар чаҳорчӯби қонун амал кунанд. Мо дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҳам чунин кафолатро шунида будем, аммо чун ин кафолатҳо дар қонун ҷой надоштанд, мақомоти маҳаллӣ дастурҳо ва кафолати президентро иҷро накарданд. Ҳоло мо ба кафолати президент эҳтиром дорем, бахусус кафолати он кас барои интихоботи президентӣ мавриди ҷонибдорӣ ва эҳтиром ҳаст, вале ин кафолат бояд дар қонун инъикос ёбад ва ҳамагон аз он тобеъ бошанд.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ихтиёри дар қудрат будан ё набудани раҳбарони кишварҳои собиқ Шӯравӣ дасти онҳо нест, балки онҳо вобасти низомҳое шудаанд, ки бо дасти худ сохтаан ва солҳо бо кумаки ин низомҳо ҳукмронӣ кардаанд. Ба қавли онҳо, марҳалаи кунунии фарҳанги сиёсии ин паҳно дар ҳамин сатҳ аст ва аз ин хотир, саранҷоми ҳукумати раҳбарон то ҷое фоҷиавӣ низ будааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, вазъи пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябр маълум мешавад, замоне, ки расман омодагиҳо ба интихобот шурӯъ мешаванд: «Президентҳо ҳоло ба ин ё он шакл ҳар чӣ мегӯянд. Аммо онҳо одатан раҳбарони ҳизбҳои ҳокиманд, ки тамом ҳукуматро дар даст доранд. Вақте ҳизб пешниҳод мекунанд, ба хотири инзиботи дохилиҳизбӣ бояд қабул кунанд. Анҷуманҳову маҷлисҳо ва хоҳишҳои меҳнаткашон мешаванд, ки дигар барои раисҷумҳур ҷуз ширкат интихоби дигареро намемонанд.»

Эмомалӣ Раҳмон 21 сол ба ин сӯ раҳбарии Тоҷикистонро ба зимма дорад. Ӯ се дафъа аз тариқи райдиҳии умумӣ қудратро ҳифз кардааст. Аммо нозирони байналмилалӣ ин маъракаҳои сиёсиро дур аз меъёрҳои байналмилалӣ ва пуртақаллуб унвон кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi