03:45:02 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУОМИЛАИ МУШКИЛИ МАСКАВУ ДУШАНБЕ. КӢ ЧӢ МЕХОҲАД?

Душанбе аз тасвиби қарордоди тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон худдорӣ кардааст ва онро бо имзои се қарордоди дигари миёни Русияву Тоҷикистон иртибот медиҳад.

/images/stories/2013/01/19_putin-rahmon-19012013.jpgДар Маскав ба пеш омадани чунин вазъ бовар надоранд ва мегӯянд, пофишориҳои Тоҷикистон рӯи манфиатҳои худ бисёриҳоро дар Маскав асабонӣ кардааст. Андрей Грозин, раиси бахши Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеи Русия, имзо нашудани созишномаҳои номбурдаро бо тасвиби қарордоди низомӣ иртибот медиҳад.

Ӯ мегӯяд, “ба андешаи ман, ин ду масъала бо ҳам иртибот доранд. Созишномаҳое, ки то боздид ва баъд аз боздиди ахири Путин аз Душанбе дар борааш сӯҳбат мекарданд, то ҳол расмӣ нашудаанд ва эҳтимол ин кор бисёриҳоро дар Маскав асабӣ кардааст.”

​​Ҷаноби Грозин эътироф мекунад, ки натиҷаҳои боздиди ахири Сергей Лавров аз Душанбе ба сабабҳои номаълум дастраси умум нашудааст. Вай меафзояд, танҳо баъд аз якуним ё ду ҳафтаи дигар рӯшан хоҳад шуд, ки боздиди ахири Лавров аз Душанбе комёб будааст ё ноком мондааст ва дар ин муддат Русия дурнамои муносиботи худро бо Тоҷикистон дастикам барои як соли оянда, аз ҷумла дар соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯнамо хоҳад кард.

Интизор мерафт, ки дар ҷараёни боздиди 17-уми январи Сергей Лавров, вазири умури  хориҷии Русия, аз Тоҷикистон миёни ин ду кишвар се қарордоди муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расад. Вале чунин нашуд ва муносиботи ҳар ду кишвар бори дигар  пойбанди баъзе шартҳое гардид, ки иҷрои онҳоро ҳар кишвар аз дигарӣ интизор буд.

Ҷониби Тоҷикистон умедвор буд, ки Русия саранҷом ба ваъдаҳои худ вафо мекунад ва созишнома дар бораи бекор кардани боҷи гумрукӣ барои воридоти сӯзишворӣ, созишнома роҷеъ ба 200 миллион доллари Русия барои таҷдиди аслиҳаву таҷҳизоти артиши Тоҷикистон ва созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русияро имзо мекунад. Рамазон Абдулатипов, муовини раиси кумитаи Думаи Давлатии Русия, ки дар солҳои 2005-2009 сафири Русия дар Тоҷикистон буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созишномаҳои ҳамкорӣ иҷро хоҳанд шуд, зеро роҷеъ ба онҳо раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ба тавофуқ расидаанд:

“Тавофуқот дар бораи имтиёз ба муҳоҷирон ва содироти сӯзишвории Русия ба Тоҷикистонро президент Путин ба имзо расондааст. Фикр мекунам, ҳар қарордодеро, ки раисони ҷумҳур имзо кардаанд, барои мақомоти расмии ҳамаи зинаҳо қонун дониста мешавад. Ҳамин гуна ҳам бояд бошад, ҳам барои ҷониби Русия ва ҳам барои ҷониби Тоҷикистон”.

​​Вале то ҳол ҷониби Русия исрор меварзад, ки қабл аз имзои ин созишномаҳо Тоҷикистон бояд дар парлумони худ қарордод дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и Русияро ба тасвиб расонад. Ин қарордодро 5-уми октябри соли 2012 Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе имзо карданд ва бар асоси он бояд мӯҳлати ҳузури 7 ҳазор нафар низомии Русия дар Тоҷикистон, яъне бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз қаламраваш барои 30 соли дигар бидуни пардохти ҳаққи иҷора тамдид шавад. Қабл аз боздиди Путин ҷониби Тоҷикистон интизор буд, ки Русия барои ризояти Тоҷикистон ба чунин мӯҳлат имтиёзҳои хубе дар ихтиёраш хоҳад гузошт.

Қарордод ба наҳве имзо шуд, вале имтиёзе ба даст наомад. Тоҷикистон бори дигар чун моҳи октябри соли 2004 дар рӯ ба рӯи “оғӯши бозу гарм”-и ваъдаҳои хушки Русия қарор гирифт. Ҳоло ки Русия имзои се қарордоди дигари барои Тоҷикистон судмандро бо тасвиби қарордоди низомиаш дар порламони Тоҷикистон иртибот медиҳад, Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон ва раиси пешини Пажӯҳишгоҳи стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд,

Маҷлиси намояндагон бояд “аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирад”, то ин бор ҳам фирефтаи ваъдаҳо нашавад: “Мо медонем, ки соли 2004 Путин ваъдаҳои бисёр карда буд, лекин ин ваъдаҳо ҳамааш дар ҳаво овезон монданд ва амалӣ нашуданд. Барои ҳамин мо бояд “аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирем”ва донем, ки он ваъдаҳое, ки Путин дода буд, онро ақалан дар чаҳорчӯбаи қонунӣ дар шакли созишномаҳои байнидавлатӣ имзо карда, ба парлумон пешниҳод кунанд.”

​​Ба назари Сӯҳроб Шарифов қарордоди тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия набояд барои тасвиб ба парлумон танҳо фиристода шавад, балки бояд якҷоя дар як баста бо созишномаҳои дигари номбаршуда ба парлумон ояд. Пеш аз фиристодан ба парлумон Русияву Тоҷикистон бояд созишномаҳои дигарро низ мисли қарордоди низомӣ имзо кунанд. Дар он сурат парлумон бояд бо назардошти манфиатҳои милливу давлатии худ ин ҳуҷҷатҳоро дар вобастагӣ ба якдигар аввал баррасӣ  кунад ва баъд ба тасвиб расонад.

Андрей Грозин бо назардошти саркашии Тоҷикистон аз тасвиби қарордоди низомӣ ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ишора мекунад ва мегӯяд, боздиди ахири Путин аз Душанбе ишорае ба он буд, ки Маскав аз номзади “аслӣ” дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят мекунад. Вале ин имкон низ вуҷуд дорад, ки Кремл назари худро дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон тағйир диҳад ва дар интихобот мавқеи бетарафиро ишғол намояд. Ҳатто ҳимояти Русия аз номзади дигар истисно дониста намешавад.

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки Русия барои расидан ба хостаҳои худ дар Тоҷикистон нуқтаҳои ҳассосро аз муддатҳо пеш таҷриба кардааст ва онро чун қартаи эҳтиётӣ дар ҳолати зарурӣ ба бозӣ медарорад. Ба ҳар сурат “бозӣ”-и Тоҷикистону Русия бо қарордодҳо идома дорад. Рамазон Абдулатипов мегӯяд, Русия бо Тоҷикистон бояд наздик шавад ва барои ин наздикӣ ҳар ду ҷониб бояд талош кунанд. Вале талош аз “бозӣ” фарқ дорад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 zikrali 20.01.2013 03:40
инхо хамаш друган аз хамин руссия безор шудем даркор нест халки точикда итари шайтони
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi