08:11:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲДТ, САИДҶАЪФАР ИСМОНОВРО РАИС ИНТИХОБ КАРД

Рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе Анҷумани 11-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор гардид. Анҷумани 11-уми ғайринавбатии ин ҳизбро кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон даъват кард ва дар он танҳо ду масъала, интихоби раиси нав ва тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

/images/stories/2012/12/23_raisi-nav-231212.jpgАз миёни ду номзад, ки барои мақоми раҳбарии ин ҳизб пешниҳод шуда буданд, Саидҷаъфар Исмонон бо касби 71 овоз, раиси ҲДТ интихоб шуд. Номзади дигар Равшанбек Ахмедов танҳо 11 раъй ба даст овард, аммо Мамлакат Ҷайҷиева аз пешниҳоди номзадии худ ба ин мақом, худдорӣ намуд.

Баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲДК ва интихоби раиси нави он дар ҳолест, ки раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров ду рӯз қабл ба мо гуфт, ки аз ин Анҷуман хабар надорад ва касе ҳар ӯро даъват накардааст. Вай мегӯяд, даъвати анҷумани ғайринавбатӣ, кори дасти Табаралӣ Зиёев, собиқ узви раёсати ҳизби демократӣ аст, ки "бо гуруҳбозиҳои худ мехоҳад обрӯи ҳизбро резонад ва демократҳоро дар ҷомеаи кишвар беэҳтиром кунад." Собиров, гуфта буд, ки ҳоло зарурати тағйири раиси ҳизбро намебинад.

Қаблан низ, Масъуд Собиров ба мо гуфта буд, ки мухолифи баргузории Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ мебошад, зеро ба қавли вай, ин ҳамоиши ҷиноҳи демократҳо мухолиф ба оинномаи ҳизб ва қонунҳои ҷории кишвар мебошад.

Масъуд Собиров таъкид карда буд, ки таъсиси гурӯҳи тадорукот ва доман задан ба вазъи дохилии ҳизби демократӣ, кори дасти ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад, ки дар остонаи интихоботи 2013-и раёсати ҷумҳурӣ, мехоҳанд ин нерӯи сиёсии кишварро пароканда кунанд.

Чанде пеш гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ - Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ карданд. Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi