17:31:26 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХУРӮҶИ НИРӮҲОИ НИЗОМИИ НАТО АЗ АФҒОНИСТОН ВА ПЕШОМАДҲОИ ОН БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Чӣ тавр вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои низомии НАТО тағир меёбад ва он чӣ гуна ба Тоҷикистон асар дорад, бисёриҳоро ба андеша меорад. Доир ба ин мавзӯъ ақидаҳои худбинонаи зиёде мавҷуданд, ва дар баробари он хатарҳои ҳақ ва асоснок низ кам нестанд. Яке аз хавфҳои аз ҳама ҷиддӣ ин тарси нотинҷӣ ва нооромии сиёсӣ дар Афғонистони пас аз хурӯҷи НАТО аст ва ин ба ҳолатҳои зерин вобастагӣ дорад:

Музаффар Олимов1.Аввалан, барои президент Ҳомид Карзай хавфи камбуди ҳокимияти қонунии сиёсӣ, ки дар ҳокимият боқӣ монад, таҳдид менамояд. Ва мубориза барои ҳокимияти олӣ метавонад ба болоравии ташаннуҷ байни қавмҳои гуногуни ҷомеа дар Афғонистон орад. Аллакай, баҳсҳо оиди таркиби ояндаи этно-сиёсии ҳокимият дар Афғонистон идома доранд, аз ҷумла дар бораи имконияти эъмори сохтори федеративӣ ва ё конфедеративӣ. Аз як тараф, Тоҷикистон ба амалӣ гаштани лоиҳаҳои федералистӣ дар Афғонистон манфиатдор нест, зеро дар шароити Афғонистон - ин роҳест ба сӯи сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) ва қадамест ба сӯи ҷанги шаҳрвандӣ.

Дар заминаи дараҷаи баланди робитаҳо ва ҳувияти умумии тоҷикони ҷануб бо тоҷикони Афғонистон, ғояи федерализми афғонӣ метавонад таҳдиди бевосита ба умумияти ҳудудии Тоҷикистон гардад.

Бо дарназар дошти он, ки тоҷикони Афғонистон натанҳо ҳамчун гурӯҳҳои сарҷамъ дар шимоли кишвар зиндагӣ доранд, балки сокинони тамоми шаҳрҳои калони Афғонистон низ ҳастанд, федерализм маҳз ба аҳолии тоҷики Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар сурати таҳти назорати комили қавми пашту мондани Афғонистон низ манфиатдор буда наметавонад. Ба вуҷуд омадани ин ҳолат дар сурати баргаштани толибон ба ҳокимият ва ҳам дар натиҷаи амалҳои НАТО аз воқеият дур нест.   

Аз ин лиҳоз Тоҷикистонро статус-квои ҳозира мувофиқ аст, ки дар он паштуён ҳокимиятро бо намояндагони қавмҳои ғайри пашту бо ҳам мебинанд. Аммо ташвишовар аст, ки намояндаҳои бонуфузи Шимоли Афғонистон, ба мисли устод Бурҳониддин Раббонӣ ҷисман террор мешаванд.

Ин бошад тасаввурот дар бораи норавоии ҳама гуна музокирот ва созиш бо толибонро қувват мебахшад ва майдонро барои маневри Тоҷикистон маҳдуд  менамояд. Хеле ҷиддӣ будани масъала аз он бармеояд, ки дар давоми даҳсолаи  пас аз оғози амалиёти зидди террористӣ дар як вақт ду протсесс идома дошт: 1) рушди хеле босуръати робитаҳои тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ байни ду кишвар; 2) аз байн рафтани нуфузи Тоҷикистон ба Афғонистон, боло гирифтани беэътимодӣ, бад шудани тафоҳуми байни элитаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, паст шудани имкониятҳои ба назаргирии манфиатҳои якдигар ва мувофиқ гардонии амали ҷонибҳо.

Дувумӣ, дар мадди аввал ба парокандагӣ ва заиф гаштани элитаи Шимоли Афғонистон вобаста аст. Ҳоли ҳозир ҷойнишини Раббонӣ нест, зеро шахсе, ки гиромӣ, эътироф кардаӣ ҳама аҳолии тоҷикзабони Афғонистон бошад, ба назар намерасад. Аммо ба чунин шахсон ниёзмандӣ хеле калон аст, чунки Тоҷикистон бо нақшаҳои васеи ширкат дар таҷдиди Афғонистон, қарор дорад.   

Дар ҳолати ба дасти толибон гузаштани ҳокимият Тоҷикистон маҷбур хоҳад буд, масъалаи чӣ тавр бо онҳо ҳамкорӣ кардан, дар кадом сатҳ ва дар кадом ҳудудро, ҳаллу фасл намояд.

2. Дуюм, парокандагии сиёсӣ дар Афғонистон низ барои амният ва якпорчагии Тоҷикистон таҳдиде боқӣ хоҳад монд.

Возеҳ аст, ки ҳокимият дар Афғонистон хеле ноустувор буда, ҳокимияти воқеӣ дар манотиқ аз ҷониби қумондонҳои зиёди саҳроӣ идора мешаванд, ки яқинан марбути ягон ҷараёни сиёсӣ нестанд. Ҳаракати толибон, хеле вақт ин ҷониб ба он нуфузе, ки пештар доштанд, доро нестанд.

Аммо толибон одатан масъулияти воқеоти гуногунеро, ки сар мезананд, ба худ нисбат медиҳанд, зеро бо ин мехоҳанд мисли пештар аз қувваи бузурги сиёсӣ будани худ дарак диҳанд. Дар ҳақиқат бошад, сохтори ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон дар заминаи минтақавӣ ва қавмӣ бунёд ёфтааст.

Фрагментатсияи воқеии нирӯҳои сиёсӣ дар заминаи хеле сусти давлат, ба фалаҷи идораи давлатӣ меоварад, ки ифодагари таҳдид ба амнияти Тоҷикистон низ мебошад. Вобаста ба ин масъалаи хеле умда  таҳкими мудофиаи сарҳад пеши рӯ меояд, аз ҷумла масъалаҳои таҷҳизонидани участкаҳои калони сарҳад, ҳамчунин масъалаи  назорати иттиҳодияҳои гурӯҳии маҳаллии ҳар ду ҷониби сарҳад ва ба роҳмонии тиҷорати назди сарҳадӣ.

Вобаста ба ҳамин ҳамчунин таҳдиди хеле ҷиддии пайдошавии лагерҳои мухолифин дар ҷониби соҳили афғонӣ, болоравии нуфузи идеологияи толибон дар Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамаи ин на танҳо зарурати таҳким бахшидани сарҳадот, балки хароҷоти зиёдеро ба сохторҳои қудратииТоҷикистон тақозо мекунад.

3. Таҳкими ногузири дифои сарҳад ва сахт гирифтани ражими сарҳадот ба лоиҳаҳои рушди инфраструктураҳои нақлиётӣ, барқӣ ва тиҷорат дар байни Тоҷикистон ва Афғонистон таъсири манфӣ  хоҳанд кард. Барои Тоҷикистон феълан хеле муфид мебуд аз вазъияти  геостратегие, ки дорад (дар байни Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Русия будан) ҳаддалимкон истифода шавад.

Барои ин амалӣ сохтани лоиҳаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ мусоидат менамоянд, зарур аст, ба мисли, лоиҳаи роҳи оҳане, ки Чинро бо Эрон бавоситаи Тоҷикистон ва Афғинистон мепайвандад. Ин лоиҳаҳо, бо сабаби рақобат бо Узбекистон хеле муҳиманд, аммо ба иллати нооромии Афғонистон ва зарурати бастани сарҳад амалӣ шуданашон ба гумон аст.

4. Барои Тоҷикистон ҳамчунин хавфи маҳдуд гаштани тиҷорати тоҷику афғонӣ мавҷуд аст. Дар тӯли 10 соли охир тиҷорат рӯ ба пешравӣ дошт. Афғонистон ба Тоҷикистон меваи хушк, ситрусӣ, реэкспорти семент ва картошкаи покистонӣ содир менамояд. Тоҷикистон бошад ба Афғонистон молҳои саноати сабук ва гази моеъ, ҳамчунин реэкспорти сӯзишворӣ ва чӯбу тахтаи русиро содир менамояд.

Умуман, мубодилоти мол нисбатан на он қадар бузург аст, аммо он бештар ифодагари тиҷорати назди сарҳадӣ буда, барои рушди Шимоли Афғонистон хеле назаррас аст. Тақрибан, сеяки молҳои аз сарҳад интиқол мешуда, маҳаллианд.

Ҷониби Тоҷикистон як зумра қарорҳои меъёрӣ содир намуда, ки барои содатар кардани тиҷорати наздисарҳадӣ бо Афғонистон  равона шуда аст. 31 гурӯҳи молҳо аз Афғонистон аз андоз ва молиёти сарҳадӣ  озоданд. Аммо монеаҳо дар рушди тиҷорат мавҷуданд. Дар Афғонистон чандин сол инҷониб рақобати сахт дар байни самтҳои транзитии ҷануб ва ғарб аз як тараф, ва самти шимолии тиҷорат идома дорад.

Ҳукумати афғонӣ хироҷи воридотии баъзе молҳои аз ҷониби Тоҷикистон омадаро зиёд намудаанд, ки он ба болоравии нархи дохилӣ оварда, ба афзудани таҳвили ҳамин гуна молҳои қочоқ аз Покистон гаштааст. Самтҳои ҷануб ва ғарбии транзитии тиҷорат  рақобатро бар самти шимол бар фоида худ ҳал менамоянд, зеро 60% молҳои он самтҳо қочоқианд.

5. Энергетика. Хавфи вобаста ба баҳсҳои обу барқ ҳамеша дар ҳар кадом сенарияи рушди воқеаҳо, боло хоҳанд гирифт. Таҳдидҳои дарозмуддати амниятӣ дар Осиёи Миёна, вобаста ба рақобат барои об ва содироти нурии барқанд, ки дорои аҳамияти бузурганд.

Тоҷикистон ният дорад тавлиди нирӯи барқро рушд дода, онро ба Афғонистон ва минбаъд ба кишварҳои Ҷануби Осиё содир намояд, ки он ба рушди иқтисоди Афғонистон таккони ҷиддӣ хоҳад буд.

Барои нақли бузурги захираи барқ зарурати хатти баландшиддати мувофиқ дар назар аст. Бо ин мақсад Тоҷикистон хоҳиши ширкати фаъол дар лоиҳаи CASA-1000 (Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ -1000)–ро дорад, ҳадафи асосии он содироти нирӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон буда, иқдоми нахустин  дар роҳи бунёди бозори умумии нирӯи барқи ду минтақа - Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мегардад. Нархи лоиҳа 953 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки маблағгузориашро Русия ва Бонки ҷаҳонӣ ба ӯҳдаи худ гирифтаанд.

Ба ақидаи аксари коршиносон, амалӣ гаштани лоиҳаи CASA-1000 камаҳамият мебуд, агар дар Тоҷикистон истгоҳи барқии Роғун, ки зидди сохтмони он Узбекистон аст, дар назар набошад. Мантиқан Тоҷикистон тарафдори он лоиҳаи таҷдиди Афғонистон аст, ки дар он идомаи сохтмони истгоҳи барқии Роғун ва содироти васеи нирӯи барқ ба Афғонистон дар назар бошад.

Ногуфта намонад, ки бозори ҷануби нирӯи барқ ба Афғонистон ва дар оянда ба Покистону Ҳиндустон аз ҳозир аллакай ба саҳнаи рақобати сахти кишварҳои содиркунанлаи барқ табдил ёфтааст. Масалан, нархи ҳар киловатт барқи тоҷикӣ нисбат ба барқи содиротии узбекӣ зиёдтар аз ду маротиба арзонтар аст (3,5 сент дар баробари 7,5 сенти ИМА).

6. Ба хатарҳои вобаста ба Афғонистон ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар низ дахл дорад. Хавфи он, ки кишти ин мавод ва тавлиди героин пас аз хуруҷи  нирӯҳои низомии НАТО  меафзояд, хеле басанда аст. Ин бошад ба минбаъд болоравии фасод (коррупсия) ва ба ҷиноят олудагардии системаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин ба зиёдшавии нашъамандӣ ва паҳншавии ВИЧ/СПИД меорад.  

Ҳоли ҳозир қувваҳои гуногун саҳнаҳои ширкати фаъоли Тоҷикистонро дар таҷдиди Афғонистон  пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, ташаббуси нави ИМА «Роҳи нави абрешим», ки онро октябри 2011, намояндаи махсуси маъмурияти ИМА дар Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман ва котиби давлатӣ Ҳиллари Клинтон муаррифӣ намуданд. Ҳадафи ин пешниҳод - кӯмак дар барқарорсозии иқтисод, сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон тавассути ҷалби давлатҳои ҳамсояи Афғонистон дар ин протсес мебошад.

Нақшаи эҳёи «Роҳи нави абрешим» пайвастани  хатҳои барқ ва транспортии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро дар назар дорад, аз ҷумла ба воситаи хатти барқии CASA-1000, хатти нақли газ, роҳҳои автомобилӣ ва роҳҳои оҳан. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси америкоиро дастгирӣ намуда, омодагии фаъол ва амалии ҷониби Тоҷикистонро изҳор кард. Ҳадафҳои ин ташаббус дар маърӯзаи Маркази мутолеъоти стратегӣ ва байналмилалӣ (Сеnter for Strategic and International Studies, CSIS), ки муаллифи ин лоиҳа аст, дарҷ ёфтааст. Тибқи ин гузориш, «Роҳи нави абрешим» - ин шабакаи трансконтиненталии (байниқоравии) тиҷоратӣ буда, фарогири пурраи фазои авруосиёӣ мебошад.

Ин лоиҳа ҳузури манфиатҳои иқтисодии ИМА ба инобат мегирад, пешрафту комёбии маъракаи зидди террористиро дар Афғонистон тасвиб ва рушди баръаксро пешгирӣ намуда, зимни ин ҳама ҳадафҳои васеи стратегии ИМА-ро амалӣ месозад. Ҳамчунин, амалӣ гаштани «Роҳи нави абрешим» ин халалдор сохтани монополияи содиротии Русия ва таъмини дастрасӣ ба бозорҳои нави ташналаби маҳсулот аз Чин, Ҳиндустон ва Покистон мебошад.

Лоиҳаи дигари таҷдиди Афғонистон бо ширкати фаъоли Тоҷикистон - ин «Чоргонаи Душанбе», ки ба он Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон  дохиланд. Кишварҳои «чоргона» нақша доранд бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд. Системаи барқии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ, ҳамчунин лоиҳаи газопроводи ТАПИ (Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон) ҳамчун лоиҳаҳои мавриди аввалия қабул шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдори ҳар ду лоиҳа аст, ва ҳамчунин дигар чунин лоиҳаҳоест, ки ба оромӣ ва суботи Афғонистон равона шуда бошанд. Аммо вусъати воқеаҳо ногузир аз Тоҷикистон омода сохтани дурнамои ҳамкориҳоро бо Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои НАТО тақозо хоҳад кард.

Агар маҳаки асосӣ манфиатҳои Тоҷикистон қарор гирад, бояд эътироф намуд, ки дар кадом ҳолате набошад, Тоҷикистон ногузир дар самти афғонистониаш сиёсати қавӣ, вале хеле эҳтиёткоронаро ба роҳ монад. Бо вуҷуди он, ки саҳна барои амал (манёвр) хеле танг аст, интихоб  барои муайян кардани мавқеи худ кам аст.

Зимни он ин сиёсат омили русиро дар худ дорад: розигӣ додан ба пойгоҳи низомии русӣ ва ҳузури Русия дар иқтисоди Тоҷикистонро бояд бо ширкати лоиҳаҳои кишварҳои ғарбӣ ва чинӣ баробар ва мувофиқ намуд. Дар баробари ин Тоҷикистон бояд сиёсати қавӣ ва мустақилонаи худро дар қиболи Афғонистон  роҳандозӣ намояд.

Афғонистоне, ки дар даҳсолаи ахир ба гирдоби ихтилофоти аксари кишварҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумлаи ИМА, Иттиҳоди Аврупо,  Русия, Чин, ҳамчунин Ҳиндустон, Покистон, Эрон олудааст, барои Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи қарин имконият фароҳам овардааст, то ки  ба сифати бозигари фаъоле бошад ҳам дар протсессҳои дохили афғонӣ ва ҳам дар зиддиятҳои бозигарони асосии атрофи Афғонистон.

Бо мақсади ҳифзи манофеи кишвар ва давлат пайгирӣ намудани таҳавуллоти дохилиафғонӣ ва ҳамеша дар ҷараёни он будан, фикр мекунам, бояд пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи сохторҳои марбутаи ҳукумати Тоҷикистон бошад ва аз ин манофеъ новобаста аз он ки дар сари қудрат дар Афғонистон ҳаст ва кӣ дар оянда меояд дурандешона дифоъ бояд кард.

М.А.Олимов, доктори илмҳои таърих, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон

Аз «Рӯзгор»: Маводи мазкур бори аввал дар расонаҳо ба табъ мерасад. Онро муаллиф рӯзи 27-уми апрел дар як конференси илмӣ, ки хабарашро дода будем, маърӯза карда буд.



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 01.05.2012 22:30
салом ба хаводорону мухлисони сомонаи "Рузгор" дар хакикат бехтарин маколаро ба нашр расонидед. Офарин ба доктор Музаффар Олимов барои ин макола. Ба сиёсатмадорону сиёсатшиносони точик хаминро гуфтаниям, ки дар масъалаи пешниходнамудаи доктор Олимов чидди бошанд.Бори дигар ахамияти милли доштани хамкорихои точикистону афгонистонро барраси карда аз он ба манфиати халку ватан истифода баранд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi