06:45:15 01-уми Июни 2025 сол

ДОДСИТОНӢ ҲИЗБИ КОММУНИСТРО "АЗ ҒАЛБЕР ГУЗАРОНД"

Муфаттишони додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши фаъолияти Ҳизби коммунистро ба поён бурдаанд. Шодӣ Шабдолов , раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, дар ин бора рӯзи панҷуми апрел ба мо хабар дод. Ӯ гуфт, натанҳо идораи марказии ин ҳизб дар Душанбе, балки шӯъбаҳои он дар кулли манотиқи Тоҷикистон ҳам мавриди тафтиш қарор гирифтаанд.

/images/stories/2012/04/05_shabdolov_5412.jpgҶаноби Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз онҳо иттилои комил дар бораи аъзои Ҳизби коммунистро пурсидаанд: "Дар баъзе ҷойҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ тақозо мекунанд, ки иттилоъро биёр, чанд аъзо дорӣ ва нишонаашон куҷост. Мо гуфтем, чунин иттилоъро аҳзоби сиёсӣ танҳо ба вазорати адлия медиҳанд. Мо ба ҳар касе, ки чунин иттилоъро мехоҳад, чизе намедиҳем. Агар бисёр зарур аст, аз тариқи вазорати адлия талаб кунед."

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, муфаттишони додситонӣ бештар рӯи масъалаи дарёфти маблағ аз хориҷа ва ҳамчунин пардохти андоз ва ё молиёт таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҷаноби Шабдолов гуфт, нуктагирӣ шудааст, ки чаро дар суратҳисоби Ҳизби коммунист маблағе нест. Вай мегӯяд, ба далели ин ки аз минтақаҳо маблағҳои ночиз ба онҳо меояд, маҷбур мешаванд онро "дастӣ" қабул кунанд, на аз тариқи суратҳисобу бонкҳо.

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон илова кард, ширкат ва ё узвияти аъзои Ҳизби коммунист дар ҷараёнҳову ҳаракатҳои мамнӯъ ва ифротгаро низ мавриди пурсишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Шодӣ Шабдолов гуфт, ин барои амнияти кишвар муҳим аст ва аз ин кор маъюс нест, аммо "набояд аз ҳад гузаронанд".

Аз ин пеш, рӯзи 30-юми март,  додситонии кулли Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз кард. Ҳикматулло Сайфуллозода, як мақоми аршади ҲНИТ ба мо гуфта буд, ки муфаттишони додситонӣ умдатан аз масъулини ҳизб дар бораи санади махфии мунташира бо номи Протоколи 32-20 дар сомонаи русии "Звезда.ру" суол кардаанд.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854