13:29:34 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САЛИМЗОДА: "РАВОБИТИ МО БО ЭРОН ҚАТЪ НАХОҲАД ШУД"

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба изҳороти ёвари вазири умури хориҷии Амрико мегӯянд, равобити ин кишвар бо Эрон қатъ нахоҳад шуд.

/images/stories/2012/03/28_salimzoda_28312.jpgОлимҷон Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилал дар МН Тоҷикистон дар вокуниш ба суханони Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, ки хостори қатъи равобити тиҷоратӣ ва ҳар гуна равобити кишварҳои Осиёи Миёна бо Эрон шуда буд, гуфт, ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон қатъ нахоҳад шуд.

Оқои Салимзода ба мо гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати оқилонаи дарҳои боз дар робита бо кишварҳои хориҷиро дорад ва бо ҳар кишваре, ки дӯстона ва хайрхоҳона муносибат мекунад, дар посух ҳамин гуна муносибат хоҳад намуд. Муносиботи мо афзуд ӯ, ба ҳамин минвол идома хоҳанд ёфт.

Раиси кумитаи умури байналмилалии порлумони Тоҷикистон афзуд, аз он ки ҷониби Амрико ё муовини вазири хориҷаи он кишвар чунин назарро дорад, пеши мо мавқеъи кишварҳо мӯҳтарам аст, аммо «Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро риштаҳои зиёде бо ин кишвари барои мо ҳамзабону дӯст пайванд додааст ва ин робитаҳо идома хоҳад ёфт.»

Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Роберт Блейк рӯзи сешанбе зимни як нишасти хабарӣ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват карда буд, бо мурооти таҳримҳои зидди Эрон, аз тиҷорат бо ин кишвар худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, то замоне Эрон аз барномаи силоҳи ҳастаӣ даст накашад, Амрико таҳримҳоро бо дигар кишварҳо афзоиш хоҳад дод. Вай илова кард, ки барои ҳалли дипломатии баҳси ҳастаии Эрон фурсат ҳаст, аммо хеле кам. Ин Изҳороти Блейк дар Душанбе, дар ҳошияи конфронси панҷуми RECCA дар Душанбе садо дод.

Ёвари вазири хориҷаи Амрико иллати тарки ҳайати амрикоӣ аз толори конфронси бахшида ба вазъи Афғонистонро дар ҷараёни сӯҳбатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон шарҳ дода гуфт, ки суханронии ноҷо ва сӯиистифода аз минбари ин нишаст онҳоро ба ин амал водор кардааст:

"Мо хеле озурда шудем аз ин, ки президент Аҳмадинажод имкони сӯҳбат дар Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки ҳадафаш ҳамгироии минтақавӣ буд, барои танқиди Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳамсафаш истифода кард. Ӯ бархе иттиҳомотро дар баробари сиёсатҳои мо дар Афғонистон баён намуд. Мо ҳам дар посух ба ин иттиҳомот маҷбур шудем, ки вокуниш нишон диҳем."

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар нишасти панҷуми RECCA дар шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва иҷоза бидиҳанд, то миллату давлати Афғонистон худ дар кишварашон ҳоким бошанд. Зеро ба таъкиди Аҳмадинажод, "бидуни тардид, мардуму давлати Афғонистон қодиранд, ки давлати худро идора кунанд."
«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 28.03.2012 14:39
Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар нишасти панҷуми RECCA дар шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва иҷоза бидиҳанд, то миллату давлати Афғонистон худ дар кишварашон ҳоким бошанд. Зеро ба таъкиди Аҳмадинажод, "бидуни тардид, мардуму давлати Афғонистон қодиранд, ки давлати худро идора кунанд."
АЗ КУҶОИ ИН СУХАНОН ТАВҲИН Ё БЕҲУРМАТИ ФАҲМИДА МЕШВААД? ОНҲО ХУД БА МИЛЁНҲО МУСАЛМОН ТАВҲИН КАРДА ВА МЕКУНАНД,АММО БА КАСЕИ ҶОЗАИ СУХАН НАМЕДИҲАНД!!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi