14:05:44 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

7 ВАКИЛИ ҲХДТ. МУТТАҲАМ БА ФАСОД

 

Дар давоми соли гузашта 7 нафар аз аъзои маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакории аснод ва истифода аз мақоми хидматӣ дастгир шудаанд.

ришва - пораШарифбек Шарифов -сухангӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ин вакилон, ки ҳамзамон масъулиятҳоеро дар мақомоти маҳаллӣ бар дӯш доранд, барои фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин, иншооти давлатӣ ва таҳияи асноди ҷаълӣ ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ боздошт  шудаанд.

«Вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Истаравшан Маҳмадиев, М ва роҳбари хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳасанов.Д аз шаҳрванд М. барои ҷудо кардани 6 гектар қитъаи замин 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд, ки ба номи ӯ хоҷагии деҳқонӣ таъсис медиҳанд. Вале заминро ҷудо накарда маблағро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд. Ва ё Насриддинов.С, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии рақами 23 ҳамзамон хазинадори воҳиди кишоварзӣ Қалъачаи бақувол кор карда бо истифода аз мақоми хидматӣ ба ҷиноятҳои азони худкунӣ ва сохтакории музди маош ва ҷубронпулӣ ва молҳои майдаи шохдор даст задааст. Алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз аст ва худаш дастгир шудааст.»

Ба иттиллои ҳамин манбаъ, ин вакилон аз навоҳии мухталифи кишвар аз ҷумла Истаравшан, Данғара, Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд. Гуфта мешавад аксарияти онҳо узви Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистонанд, ки дар маҷолиси маҳаллӣ ва Маҷлиси Олии ин кишвар қисмати аъзами курсиҳоро дар ихтиёр дорад.

Мавҷудаи Соҳибназар, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, боздошти чанд нафар масъули соҳибмансаб аз ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ бо иттиҳоми пора ва ришвахорӣ шояд оғози кор бошад. Зеро дар мақомоти раҳбарии кишвар умдатан аъзои ин ҳизб масъулиятҳои асосиро дар даст доранд.

Хонум Соҳибназар гуфт, азбаски ҳизби «Единная Россия»- ҳизби ҳоким дар Русия бо айни чунин иттиҳом беобурӯ шуд, Владимир Путин, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар барои раҳоӣ аз чунин бадномӣ, созмонеро бо номи «Фронти халқӣ» ташкил дод. Ва  аз эҳтимол дур нест, ки Эмомалӣ Раҳмон низ барои раҳоӣ аз бадномии ҲХДТ, аз чунин шева пайравӣ кунад: «Давраи шӯравӣ мо як шиор доштем. Мо мегӯем партия-Ленинро дар назар дорем, мо мегӯем Ленин-партияро дар назар дорем. Имрӯз ҳам  ҳамин хел аст. Номашро дигар кардаанд. Онҳое, ки қапиданд, як-ду, се нафар ин қатрае аз баҳр аст. Одамҳое, ки тоза нестанд, дасту дилашон пок  нестанд хеле зиёданд дар ин ҳизб. Сардори давлат имрӯз худаш бояд аз ин ҳизб даст кашад.»

Аммо Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҲХДТ мегӯяд, эътибор ва нуфузи ин ҳизб дар ҷомеа болост ва ба ин далел танҳо дар соли гузашта 25 ҳазор узвияти онро қабул кардааст. Аммо аз онки бархе аз мансабдорон аз ин ҳизб бо айбҳое муттаҳам мешаванд, наметавон ҳизбро муқассир донист, ин ҳам дар ҳоле, ки иттиҳоми онҳо ҳанӯз аз тарафи додгоҳ таъйид нашудааст: “Аксарияти онҳое, ки бо иттиҳоме боздошт шудаанд баъдтар мебинем, ки ё тибқи қонун афв шудаанд ва ё гуноҳи кардаашон дар додгоҳ собит нашудааст. Вале агарки гуноҳи онҳоро додгоҳ собит кард, дар ташкилотҳои аввалияи худ бар асоси ойиннома муҷозот мешаванд."

Зимнан мавориди боздошти мансабдорони маҳаллӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва фасод бо ин чанд аъзои маҷлисҳои маҳаллӣ маҳдуд намешавад. Дар оғози соли ҷорӣ чанд тан аз масъулони баландмақом бо шумули майор, сарҳанги вазорати умури дохила бо ҳамин иттиҳом боздошт шудаанд.

Ва тибқи охирин ахбори расида, яке аз сардорони шӯъба дар умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ бо иттиҳоми гирифтани ришват дастгир шуда ва вазири нави умури дохила дар ҷаласаи ахири худ чандин нафар аз кормандони ин ниҳодҳро барои даст доштан дар чунин ҷиноятҳо аз кор барканор кардааст.

Аммо сарфи назар аз он, ки узвият дар ҳизби ҳоким сипаре дар муқобили муҷозот нест, бархе аз аъзои маҷлиси маҳаллӣ, ки бо иттиҳоми порахорӣ боздошт шуда буданд, бар пояи қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудаанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Дар ин мавзӯъ: БОЗДОШТИ ҲАФТ УЗВИ МАҶОЛИСИ МАҲАЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi