11:44:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДЕПУТАТ: "ҲАДАФИ ГУЗОРИШ "ЭКСПОРТ"-И ИНҚИЛОБҲОСТ"

Вокуниши намояндагони мақомоти расмӣ ва таҳлилгарони тоҷик ба гузориши созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар гузориши тозаи худ гуфтааст, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2011 беҳбуд пайдо накарда ва ба ин далел мавриди интиқоди гузоришгарони ин созмон қарор гирифтааст.

majlisi-oliАммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро ғайривоқеӣ ва ҷудо аз ҳақиқат медонанд. Мақомот мегӯянд, маълумоте, ки ин созмон аз Тоҷикитсон ҷамъоварӣ кардааст, бепоя ва муғризона буда, аҳдофи ҳуқуқиро на, балки сиёсӣ ва манофеи кишвраҳои ғарбиро дунбол мекунад. Сӯҳроб Шарифов, узви Кумитаи равобити байналмилалӣ дар порлумони Тоҷикистон ин гуна баҳодиҳиро таҳдид ба амният ва суботи Тоҷикистон донист.

​​Ӯ гуфт, “он баҳое, ки онҳо медиҳанд, аксар вақт мақсадҳои ғаразнок дорад. Мақсади “экспорти инқилоб”-ҳоро дорад, ки хеле моҳирона давлатҳои ғарбӣ истифода мебаранд. Фикр мекунам, ин гуна баҳодиҳӣ, ба амният ва суботи давлатҳое, ки нигаронда шудааст, хеле ҳам зараровар аст ва хатар дорад."

Таҳлилгарони дигар чунин хулосаеро ботил медонанд, ки интиқод аз нақзи ҳуқуқи башар боиси таҳдид ба амният ва субот шуда бошад. Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси тоҷик мегӯяд, на танҳо чунин баҳогузорӣ, балки аз он ҳам таҳрикоти бештар дар шароити кунунӣ наметавонад, боиси таҳдид ба амният ва суботи Тоҷикистон воқеъ шавад. Бинобар ин, наметавон аз ин гуна баҳодиҳӣ нигарон буд.

Ҷаноби Ҷумъаев мегӯяд, “ин баҳогузорӣ ба чизе таъсир расонида наметавонад. Махсусан, дар Тоҷикистон ягон кас сар намебардорад ва овоз ҳам намебарорад. Чаро? Барои он ки шароити безобита шудани ҷомеа ҳанӯз ба миён наомадааст. Он ки мегӯянд, гушна бо шер ҷанг мекунад, ҳоло ба он дараҷа нарасидем.”

​​Масъалаи дигаре, ки гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ба он аҳамият қоил шудааст, вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад, мақомоти тафтишотӣ аз шиканҷа дар иқрор сохтани муттаҳамон барои эътирофи гуноҳ истифода мекунанд.

Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар соли 2011 бо Салиби Сурх гуфтугӯ намуданд, аммо намояндагони ин созмон то кунун иҷозаи боздид аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро пайдо накардаанд. Cозмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз қазияи марги Сафаралӣ Сангов, ки дар моҳи марти соли 2011 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва чанд рӯз баъд дар бемористон даргузашт, инчунин аз Баҳромиддин Шодиев, ки ба таърихи 14 октябр боздошт шуд ва рӯзи 30 октябр дар бемористон ҷон дод, ёдоварӣ кардааст.

Мақомот мегӯянд, ин ду худкушӣ кардаанд, вале наздиконашон исрор меварзанд, ки онҳо бар асари асари лату кӯб дар шӯъбаи корҳои дохила ҷон додаанд. ​​Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин робита таҳқиқоти парвандаҳо идома дорад. Вазири нави корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам дар нахсутин мулоқоти худ бо хабарнигорон гуфт, яке аз се масъалае, ки мехоҳад онро танзим кунад, пешгирӣ аз шиканҷа будааст.

Рамазон Раҳимов, вазири нави корҳои дохилӣ афзуд, ба манзури ҷилавгирӣ аз вуқӯи шиканҷа ва фасоду ришва дар қисмҳои навбатдории ҳама шӯъбаҳои дохилӣ ва боздоштгоҳҳо ахиран дурбинҳои назоратӣ насб шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ин гуна изҳори назар ва тасмими вазири нави корҳои дохилӣ, аз як ҷониб қобили истиқбол аст, аммо аз сӯи дигар баёнгари ба ҳар сурат вуҷуди шиканҷа ва зӯроварӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мебошад.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi