08:22:36 04-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНӢ АЗ ТАНИШИ ҚАВМӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон аз бурузи таниши қавмӣ дар манотиқи марзии миёни ин ду кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд. Рӯзҳои 29 ва 30 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Қирғизистон байни тоҷикону қирғизҳои ин кишвар мухолифатҳое рух додааст.

/images/stories/2012/01/01_zarifi_1112.jpgБино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, шоми ҷумъаи 30 декабр, Руслан Казакбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон дар сӯҳбате телефунӣ бо Ҳамрохон Зарифӣ ҳамтои тоҷики худро дар бораи ҳаводиси рухдода ва ваъияти кунунии ноҳияи Лайлак мутталеъ сохтааст. Оқои Казакбоев гуфтаст, ки ихтилоф миёни тоҷикону қирғизҳо дар ноҳияи Лайлак ҷанбаи сиёсӣ надошта ва он аз носозгориҳои иҷтимоъӣ маншаъ гирифтааст.

Тибқи гузориши дафтари матбуъотии бахши Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар шаҳри Ӯш, рӯзи 29 декабр дар рустои Андараки Қирғизистон се фарди тоҷиктабори савори худрав 3 мактаббачаи қирғизро лату кӯб кардаанд. Бар асари ин ҳодиса, Нурмуҳаммад Тошбеков, шогирди синфи 10-уми мадраса, осеби ҷисмонӣ бардошта ва ба пулиси ноҳияи Лайлак шикоят бурдааст.

Ин манбаъ гуфтааст: “Тибқи шаҳодати ин шогирд се нафари мазнун дастгир шудаанд, аммо як гурӯҳи 150-200-нафарӣ аз тоҷиктаборон афроди боздоштшударо озод карда ва бо худ бурдаанд. Бино ба гузориши хабаргузории “Akipress”, дар эътироз ба ин ҳодиса як гурӯҳи 50-нафарӣ аз сокинони қирғизтабори рустои Андарак 2 дукон, 1 нонвойхона, 1 хонаи маскунӣ ва 1 худрави мутаъаллиқ ба тоҷиконро тахриб кардаанд.

Ин хабаргузорӣ бо истинод ба манобеъи пулиси Қирғизистон гуфтааст, ки кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишвар тавонистаанд аз задухӯрд миёни гурӯҳҳои тоҷику қирғиз ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамзамон, Омурбек Бабанов, нахуствазири Қирғизистон, аз расонаҳо даъват кардааст, ки ба хотири ҳифзи оромиш аз пахши хабарҳои пурсарусадо, ки мунҷар ба эҷоди таниш дар минтақа мешаванд, худдорӣ кунанд.

Ба манзури бозрасии ин қазия аз ҷумлаи намояндагони ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва додситонии Қирғизистон кумисиюни вижае таъсис шудааст. Дар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад, коршинос да умури Осиёи Марказӣ, ки солиёни тӯлонӣ дар Қирғизистон кор ва зиндагӣ кардааст, мухолифати кунунии қирғизҳою тоҷикони Қирғизистонро аз маъдуд ихтилофоти қавмӣ миёни тоҷикону қирғизҳо хондааст, ки дар ин кишвар иттифоқ афтодааст.

Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад, мухолифату низоъҳо ва даргириҳои қавмӣ дар Қирғизистон умдатан миёни қирғизҳо ва ӯзбактаборҳои ин кишвар сурат гирифта ва дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар Қирғизистон дар солҳои 1989 ва 2010 пойи тоҷиктаборҳо ба ин низоъҳо кашида нашудаанд.

Афзун бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 Қирғизистон бештари фарориёни тоҷикро дар ҳудуди худ паноҳ дод. Аммо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи 1980 бар сари масоили тақсими манобеъи об ва замини манотиқи марзӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ихтилофте рух дода буд.

Бар асари даргирӣ миёни сокинони шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткенти Қирғизистон чанд кушта ва захмӣ шуда буданд. Дар солҳои ахир гаҳ-гоҳе дар марзи ин ду кишвар задухӯрдҳо бо қочоқбарони маводди мухаддир ё маводди сӯхт ва ҳаводиси гаравгонгирӣ иттифоқ афтода ва ин мушкил сареъан аз ҷониби ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалл шуда буд.

Зимнан, ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди наҳваи таъйини хутути марзӣ ҷонибҳо дар ин замина ба тавофуқ нарасидаанд. Ҷониби Тоҷикистон хостори таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар бар асоси нақшаи марз дар соли 1920 шуда, аммо Қирғизистон ба таъйини хутути марз дар чаҳорчӯби марзҳои феълӣ пойфишорӣ мекунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854