22:30:48 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРОДАРОН ТӮРАҶОНЗОДА 350-СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кардааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз ин ҳукм розӣ нест, вале шикоят ҳам нахоҳад кард, зеро “ин кори бефоида аст.”

/images/stories/2011/12/23_turajonzoda_304x171.jpgБа гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, рӯзи 23 декабр вай ва бародараш Нуриддинҷон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат даъват шудаанд ва қозӣ эълом кардааст, ки онҳоро ҷарима хоҳад кард. Вай афзуд: “Бародарам Нуриддинҷонро дар он муқассир донистанд, ки вай Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистонросадқаи ин салла шавваяҳудӣгуфтааст. Маро дар он муҷрим донистанд, ки оқои Абдулқодирзодаро пайрави Салафия номидам. Додгоҳ аз назароти мо сарфи назар кард.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, ки аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад кард, зеро “ин амр бефоида аст.” Ҳарчанд ба гуфтаи вай, салафӣ номидани раиси Шӯрои уламои исломӣ таҳқир нест, балки таъаллуқи ӯ ба равия ё ақидаеро нишон медиҳад. Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, вай барои чунин иддаъо далоиле дар ихтиёр дорад.

Бо ин вуҷуд, оқои Тӯраҷонзода хабар дод, ки аз тасмими худ барои ба додгоҳ кашидани Сайидмукаррам Абдулқодирзода даст намекашад, зеро “раиси Шӯрои уламои дин вай ва бародарашро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.”

Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ва таҳвин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва бародарон Тӯраҷонзодаро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Гузашта аз ин, бародарон Тӯраҷонзода ба додситонии кулли Тоҷикистон аз рафтори Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, шикоят бурда ва иддаъо кардаанд, ки ин афрод аз баргузории маросими мазҳабӣ монеъ шудаанд.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзода, ин се нафар моддаи 157-и қонуни ҷиноии Тоҷикистонро нақз кардаанд.

Рӯзи ҷумъаи 9 декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзода мутаъаллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, изҳори норизоятӣ карданд.

Тибқи иддаъои мақомот дар ин рӯйдод "алайҳи онҳо (раиси кумитаи дин, раиси шӯрои уламо ва раиси ноҳияи Ваҳдат) беэҳтиромӣ зоҳир шуда ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.”

Ин афрод ба додситонии ноҳияи Ваҳдат аз ин амр шикоят бурдаанд ва маъмурони додситонӣ бародарон Тӯраҷонзодаро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 10 тан аз намогузорони рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр боздошт ва барои 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Теъдоди бештаре ба ин далоил ҷарима шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса Кумитаи дини Тоҷикистон фаъъолияти масҷиди “Муҳаммадия”-ро маҳдуд ва бародарон Тӯраҷонзодаро аз симати имом-хатибони ин масҷид барканор кард.

Зимнан, қазияи бародарон Тӯраҷонзода ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияи ин ниҳод оғоз шуда буд. Шӯрои уламои исломӣ иддаъо дорад, ки бародарон Тӯраҷонзода дар масҷиди худ маросими Ошуроро, ки хосси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доранд дар миёни мусалмонон фитна ангезанд.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар ин баёния ҳамчунин ишора карда буд, ки бародарон Тӯраҷонзода дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 муқассир ҳастанд.

BBC


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi