САФОРАТИ ИМА: "МУЗОКИРОТИ ТАЪСИСИ ПОЙГОҲ АСОС НАДОРАД"
Cафорати ИМА дар Душанбе, овозаҳо дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Тоҷикистонро беасос хонд. Ба дунболи сафари генерал-лейтенант Винсент Брукс, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Амрико ба Душанбе, шоеаҳо дар мавриди гуфтугӯҳои ин мақоми амрикоӣ бо мақомоти тоҷик дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон пахш шуда буд.
Намояндаи дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе ба мо гуфт, "ин сафари ҷаноби Брукс танҳо ҷанбаи шиносоӣ дошта ба мавзӯи таъсиси пойгоҳи низомӣ ҳеҷ рабте надорад." Зеро ба гуфтаи ин манбаъ, генерал- лейтенант Винсент Брукс, фармондеҳи марказии нерӯҳои заминии артиши Амрико дар Осиёи Миёна буда ва Тоҷикистон аз минтақаҳои таҳти масъулияти вай аст.
Дар ҳамин Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон зимни радди ин хабарҳо гуфт, ки замони сафари генерал Брукс ба Тоҷикистон, раҳбари ин вазорат дар сафари берун аз кишвар қарор дошт ва бадин манзур ҳеҷ музокироте дар ин замина сурат нагирифтааст.
Суханӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар идома гуфт, ки умдатан масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, дар сатҳи раҳбарияти вазорат баҳсу баррасӣ мешаванд, аммо Шералӣ Хайруллоев рӯзи 21-уми ноябр, ки ҷаноби Брукс ба Душанбе ташриф оварда буд, дар Белорус қарор дошт ва ҳоло ҳам сафараш идома дорад.
Дар ҳоле, ки ин хабар аз сӯи расонаҳои Русия ва бо такя бо манобеи низомӣ ва дипломатии ин кишвар садо додаанд, таҳлилгарон инро як ҳамлаи иттилоотӣ арзёбӣ мекунанд, зеро ба дунболи қазияи халабонҳо расонаҳо русӣ талош мекунанд, то бештар ба Тоҷикистон "ҳамла" намоянд.
«Озодӣ»