03:36:33 30-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАҲОИИ ХАЛАБОНҲО БА ИВАЗИ ОБИРӮ?

Такрори мурофиаи судӣ  ва озод шудани халабонҳои боздоштшудаи рус ба андешаи банда, мулоим карда гӯем, тоҷикона сурат гирифт. Аз ин лиҳоз, ки анқариб озодии онҳо ба ивази обирӯйи кишвари мо баробар шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар сурати дуруст андеша рондан имкон дошт, ҳам ин ду ҷинояткор раҳо шаванд ва аз ситами Русия раҳо ёбем ва ҳам обирӯйи кишвари мо нарезад. Гузашта аз ин, метавонистем обирӯйи тоза ба даст оварем.

/images/stories/2011/11/24_letchikirus-24112011.jpgАввал ин, ки дар моҳи март ҳангоми боздошт бояд воқеоти тирамоҳии ба сари мо меомадаро дар мизони ақл баркаш мекардем. Бале, хонандаи гиромӣ дуруст фаҳмидед, оқибаташро андешидан лозим буд. Яъне Тоҷикистон бо ин ҳама вобастагиҳое, ки аз Русия дорад ба худ суол медод, ки оё ба чунин фишороварии абарқудрат тоб оварда метавонад? Ҳоли муҳоҷирони гуногуни тоҷик чӣ мешавад? Не азизон, шарт нест фолбин будан. Дар ҷаҳони мутамаддин пешбинии ин гуна воқеоти соддаро ҳамагӣ марҳилаи оддитарини сиёсатмадорӣ, ё ба истилоҳи байналмилалӣ дипломатия меноманд.

Манзури мо аз ҳалли қазия дар марҳилаи аввали он, ба ин хотир аст, ки он замон ҳалли оқилонаи он саҳлакак буд. Ҳатто агар баъди интизории чандрӯза аз боздошти халабонҳо Путин ё Медведев занги маҳрамона намезаданд, масъулини ҳукумати  мо худ занг зада, русҳоро огоҳ мекарданд. Он замон ҳар гуна хоҳишу дархостро ҳам ба манфиати кишвар ба ивази озодии халабонҳои ҷинояткор пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ буд.

Аз дигар ҷониб, маълум аст, ки доираҳои болоии ҳукумати Русия тавассути барангехтани сару садоҳо атрофи қазияи халабонҳои боздоштшудаашон дар Қӯрғонтеппа диққати ҷомеаро ба он ҷалб карданӣ шуданд, ки ба чӣ қодиранд. Хосса баъди озод карда натавонистани халабони дигари ҷинояткори боздоштшудаашон бо насаби Бут дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико обирӯйи худро то андозае аз даст дода буданд.

Боз то интихоботи парлумонии Руссия ҳамагӣ камтар аз 20 рӯзи дигар мондааст. Сиёсатмадорони рус ҳатто аз пеш омадани чунин як ҳодисаи баробар ба нолаи равғанин хурсанд нашуда наметавонистанд. Ин нолаи равғанинро бошад бисёриҳо бо шумули Путин, Медведев, Онищенко, Жириновский «бо иштиҳои том» нӯши ҷон карданд. Он ҳам ба ивази обирӯйи кишвари мо. Бо ҳамин роҳ обирӯйи арзонро касб карданд.

Марҳилаи қулайи дигари раҳоӣ аз ин қазияи печида, муддати ду се рӯз баъди баромадани ҳукми суд буд. Дар ин муддат, албатта  қабл аз бархостани ҳангома ва таҳдидҳои мақомоти гуногуни Руссия, зуд судяи ҳукмхондаро «ҷазо» додан лозим буд ва мурофиаро аз сари нав баррасӣ кардан мумкин буд. Яъне иброз доштан мумкин буд, ки кишвари  мо ҳуқуқбунёду демократист ва намегузорад, ки касе бидуни адолат маҳкум шавад. Баъди ин судяро намоишкорона аз кор озод карда, дертар ҳатто дар ҷойи беҳтар ба кор таъмин кардан мумкин буд.

Ё худ як нафар хабарнигори тоҷик ба зодгоҳи халабонон рафта ашки чашми модарон, ҳамсарон ва кӯдакони онҳоро ба навор гирифта дар телевизион намоиш медоданд. Бигзор аз ҳукумати Тоҷикистон илтиҷо мекарданд, ки писар, ҳамсар ё падарашонро озод кунанд. Баъди ин, сарвари давлат гӯё ба хотири ашки чашми модарони онҳо фармон медод, то халабонҳоро озод кунанд. Гузашта аз ин, ахиран метавонистем ба хотири ҷашни парчами миллӣ онҳоро озод созем ва бо ҳамин, ҳам обирӯро нигоҳ дорем ва ҳам нишон диҳем, ки то кадом андоза мо рамзҳои давлатдориамонро арҷгузорӣ мекунем.

Ва аммо акнун кор аз кор гузашт. Бо вуҷуди ин роҳҳои дигари ислоҳи ин нанг вуҷуд дорад ва минбаъд кишвари мо бояд онҳоро истифода барад, то ҷониби Русия гумон накунад, ки мо тарсидаем. Аммо барои ин қабл аз ҳама ҳамкориро бо мамолике бояд ба роҳ монд, ки ба нерӯйи кории мо ниёз дорад ва дар қабули муҳоҷирони кории дар Русия будаи мо истиҳола накунанд. Гумон дорам, агар мо тавонем дастикам 20 фоизи муҳоҷиронамонро намоишкорона аз Русия бозпас хонем, хоҳем дид ки чӣ гуна Руссия ба зорию тавалло ва хушомадгӯйӣ медарояд.

Дар ин миён, мақомоти Русия иброз доштанд, ки рондани муҳоҷирони корӣ, бо шумули муҳоҷирони тоҷик идома хоҳад ёфт. Бубинед, то кадом андоза Русия аз обирӯйи кишвараш арҷгузорӣ мекунад. Гӯё кишвари моро ба хуруҷи муҳоҷирони корӣ таҳдид накардааст ва ин амалашон як кори муқаррарӣ аст. Аммо, бадбахтона чунин дипломатия таҳқир ва торсакии дигаре ба рӯйи кишвари мо беш нест.

Бояд кӯшиш кард, ки кишвари мо ҳатто аз ин сабақи талх низ таҷрибаи муфид бардорад ва баъди чанде амонатро ба Русия баргардонад.

Аҳмади Мӯсавӣ махсус барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 24.11.2011 19:07
Да золотие слова! Аҳмади Мӯсавӣ !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi