18:37:06 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРХУРДҲОИ ҒАЙРИОСОИШТАИ НИЗОМИЁНИ «ОСОИШТА»-И РУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Баъди боздошт шудани тайёраҳои марзшикани Руссия дар Тоҷикистон ва маҳкум ба зиндон шудани халабонҳои ҷинояткор мардум таваҷҷуҳи бештар ба муносиботи Руссия ва Тоҷикистон зоҳир карданд.

/images/stories/2011/11/21_letchiki-samalet_20112011.jpgФишори ҳукуматдорони Руссия ба мақомоти додситонии Тоҷикистон баҳри озод гаштани халабони ҷинояткорашон, то кадом андоза шарики содиқ ва стратегӣ будани Руссияро бо Тоҷикистон зери суол гузоштааст. Агар то ҳодисаи боздошти халабонҳо назари баъзе коршиносон ҷиҳати ҳузури низомии Руссия анқариб мусбат буд, акнун коршиносони пурсидашуда ҳамагӣ баҳри берун кардани пойгоҳи низомии Руссия садо баланд мекунанд.

Додарбек Сайдалиев номзади илми сиёсатшиносӣ проректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба муносиботи байналмилалӣ зарурати ҳузури низомии Руссияро дар кишвар намебинад. Дар ин маврид мегӯяд: «Ман намефаҳмам ҳузури низомии Руссия дар Тоҷикистон чӣ зарурат дорад. Кас намедонад ба Тоҷикистон чӣ таҳдид мекунад, то пойгоҳи низомии Руссия пуштибонаш бошад. Хосса воқеоти ҷумҳурии Гурҷистон ва Осетияи Шимолӣ бозгӯйи ҳамон ҳақиқатеанд, ки то кадом андоза Руссия ба аҳду паймон содиқ мемонад.

Доктори улуми филологӣ Ҷумахон Ҳикматпури Алимӣ, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии ҳуқуқдифои «Параллакс» аз аҳдофи муғризонаи Руссия дар Тоҷикистон ҳадс зада, чунин ибрози андеша намуд: «Пойгоҳи низомии Руссия барои шарики стратегии мо сахт зарурат дорад. Тоҷикистон, ки дар қалби Осиё ҷойгир аст мавқеи хуб барои назорат аз болои мамолики Осиёгӣ дорад. 

Руссия тавассути дастгоҳҳои муқтадири худ метавонад тамоми мамолики атрофро бо шумули Чин, Ҳиндустон, Афғонистон, Ирон ва ғайраро зери назорати худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми Руссия аз пойгоҳи низомӣ ҳамин аст, ки тавассути ниҳодҳои хоссаи худ, ки дар суфуфи пойгоҳи низомиаш ҳастанд,  гумон мекунам, ки ҳоло ҳам фоидаи иқтисодӣ аз маводи мухаддари Афғонистон бурда истодааст.»  

Ба андешаи оғои Алимӣ ҳузури низомии Руссия дар Тоҷикистон сабаби ногустарда боқӣ мондани ҳамкориҳо байни мамолики исломӣ бо кишвари мо мегардад. Дар ин маврид оғои Алимӣ мегӯяд: «Кишварҳои исломӣ аз ҳузури низомии як абарқудрат дар Тоҷикистон, он ҳам ғайриисломӣ, албатта ҳазар хоҳанд кард.» 

Баъди он ки риштаҳои равобит байни Тоҷикистону кишвари ба мо дӯсту бародар -Ирон густардатар гашт, баъзе аз коршиносон ба хулосае омаданд, ки пойгоҳи низомии ин кишвари ҳамхун барои Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Аммо назари аллома Алимӣ дар ин бора дигаргуна аст: «Ирон барои таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон зарурат надорад. Бе ҳамин пойгоҳи низомӣ низ Ирон омода аст дар лаҳзаҳои зарурӣ ба кӯмаки Тоҷикистон шитобад ва баръакс.»

Қисми низомии нерӯманди гвардиягии 149 ӯми Руссия дар Кӯлоб, ки ҷузъи дивизияи 201 рус аст боиси ноҳинҷориҳои зиёди чӣ сокинон ва чӣ ҳукумати русто гаштааст. Танкҳои вазнин ва дигар тасмачархҳои ин қисм ҳамвора ҳангоми ҳаракат ба самти машқгоҳи худ, ки дар 12 километрии шимолу шарқии Кӯлоб ҷойгир аст, роҳҳои бо мушкилот таъмиршудаи шаҳрро вайрону валангор месозанд.

Ба замми ин ҳаводиси зиёди авбошии низомиёни рус дар шаҳр, латту кӯби шаҳрвандони осоишта, таҷовуз ба номуси духтарон ва ба ҳамин монанд ҷиноёти дигар мансуби низомиёни ин қисм аст. Солҳои 1994 ва 1995 низомиёни ин қисм ҳатто муассисаи шабакаҳои барқи шаҳр ва бинои ШКД-ро тавассути танку тӯп ишғол карда буданд. Низомиёни рус ҳамвора аз пардохти хизмати коммуналӣ саркашӣ мекунанд. Ягон хадамоти ҳукуматӣ ба дохили қисми ҳарбӣ роҳ намеёбад то масоили иҷтимоии шаҳрдориро ҳаллу фасл созад.

Бовари кас намеояд, ки чунин паёмадҳои вазнинро ҳукумати рус баъди тундравиҳо ҷиҳати бекор кардани ҳукми додгоҳ дар нисбати халабонҳои боздоштшуда, интизор набуд. Аммо бо вуҷуди ин бебокона ва бепарвоёна ин корро кард.

Аҳмади Иброҳим, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi