01:22:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БИГЗАРАД ИН РӮЗИ САХТУ МОНАД ОН РӮЙИ СИЁҲ

Ё АСЛИ ҚАЗИЯИ САРНИШИНОНИ РУС ЧИСТ?

Имрӯз аксарият мутаҳаййиранд, ки чаро як ҳукми оддии додгоҳӣ боиси сару садоҳо ва афтидани сардӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Россия гардид. Чунки дар назари аввал ҳодиса хеле содда аст: сарнишинони ду ҳавопаймои АН-72 дар асоси кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ва қочоқ қонунан зиндонӣ шуданд.

/images/stories/2011/11/17_letchiki-v-kurgan2011.jpgҲар нафаре, ё кишвареро, ки сарнишинони маҳкумшуда ҳайсият доранд, ва аз ҷанбаи қонунии масъала қаноатманд нестанд, метавонанд бо истифодаи роҳҳои мавҷудаи қонунӣ, бо парвандаи мазкур ошно шуда, даъвои худро баҳри бозрасии минбаъдаи парванда пешниҳод намоянд. Вале Россия ба бознигарии парванда аз даричаи қонун манфиатдор нест.

Онҳо чунин мешуморанд, ки ҳеҷ гоҳ чунин давлати хурде мисли Тоҷикистон ҳақ надорад, ки шаҳрванди абарқудратеро монанди Россия ба ҷавобгарӣ кашад, ҳатто агар ин шаҳрванд қонунро ҳам поймол карда бошад. Россияи ғуломи амбитсияҳои бузургманишонаи хешгашта, мехоҳад ҳар як масъаларо мувофиқи хости худ ҳал намояд. Зеро метарсад, ки  тарафҳои дигари ин қазия, ҷузъиёти махфии он дастраси умум нагарданд.

Банда ҳайронам, ки чаро мақомоти марбутаи Тоҷикистон об ба даҳан гирифта, ҷомеаи ҷаҳониро аз асли воқеа воқиф намесозанд. Бигузор ҳамагон бидонанд, ки тайёраҳои мазкур гарчӣ ба ширкати дар минтақаи офшорӣ ба қайд расидаи «Ролкан Инвестмент ЛТД» тааллуқ доранд, дар асл моли хадамоти махсуси Федератсия Россия мебошанд ва дар даруни онҳо ғайри ҳамон муҳаррики ҷанҷолӣ аслиҳаю маводи мухаддар низ мавҷуд буд.

Нисбати ширкат ва роҳбари он дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале мақомоти расмии Россия, пеш аз ҳама хадамоти махсуси он, барои таҳвилу  бозпурсии ин шаҳрванд-кормандашон ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳанд дод. Ин силоҳ барои кӣ ва ба куҷо интиқол дода мешуд? Чаро мақомоти Тоҷикистон аслиҳаро боз таслими низомиёни Россия карданд? Барои хароб накардани муносибатҳои дуҷониба? Пас куҷо шуд арзиши он равобиту муносибатҳо? Чаро танҳо Тоҷикистон ба равобити дуҷониба арҷ мегузоштаасту онро риоя мекардааст?

Ман ҳайрони онам, ки мақомоти масъули сиёсати берунаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам назокату маърифати дипломатиро нисбати Россия нигаҳ медоранд, дар ҳоле, ки давлатдорони ин кишвар дар сатҳи президенту вазирони вакилони миллатгарое чун Онишенкою Жириновскийи аз ақл бегона мисли ҳайвоноти ваҳшӣ ба таҳқиру таъқибу шикори шаҳрвандони тоҷик пардохтаанд. Посух ба чунин рафтор бояд муносиб бошад. Сахтгӯро танҳо сухани сахт ба ислоҳ меорад. 

Оре, ин ду тайёра аз зумраи он ҳавопаймоҳои беқайду бесанаде  мебошанд, ки дар хизмати хадамоти махсуси Россия қарор доранд. Чунин тайёраҳо дар тамоми нуқоти доғи сайёра озодона парвоз намуда, зери ниқоби кашонидани борҳои гуманитарӣ ба тиҷорати яроқу аслиҳа, ҳамлу нақли маводи мухаддира машғуланд. Дар варақаи парвози ягон кишваре ба қайд гирифта нашудаанд, вале дар ҳама ҷо озодона парвоз доранд.

Ин ду самолёт се сол дар фазои ҳавоии Афғонистон, новобаста аз он, ки минтақаи таҳти назорати ҳукумат аст ё аз гурӯҳи Толибон, дар парвоз буданду ба чапу рост аслиҳа мефурӯхтанду ба ивазаш маводи мухаддир мегирифтанд. Чаро вақте ба сарнишинон иҷозаи фуруд дода нашуд, бозпас ба Афғонистон барнагаштанд? Зеро он ҷо онҳоро мунтазир буданд!!! Зеро аллакай ҳафт нафар кормандони фурудгоҳи Кобул бо ҷурми ҳамкорӣ бо тайёраҳои мазкур дастгир шуда буданд!!! Зеро онҳо бояд посух медоданд, ки аслиҳаро бояд ба куҷо ва ба кӣ мебурданд!!!

Ва онҳо намедонистанд, ки Кобул барои боздошти онҳо ба мақомоти расмии Тоҷикистон аллакай дархост фиристодааст!!! Ана, ин аст сабаби бозпас парвоз накардани онҳо! Камбуди маводи сӯхт баҳонаест хушку холӣ. Ҳар як самолёти қочоқбар ҳамеша дар ихтиёраш миқдори кофӣ ва ҳатто эҳтиётии сӯзишвориро дорад. Санҷиш ва хулосаи техникӣ дақиқ кардааст, ки тайёраи Владимир Садовничий 2 тоннаю 900 литр ва тайёраи Алексей Руденко 4 тоннаю 500 литр сӯзишворӣ доштанд, ки барои бозгашт ба Афғонистон  басанда буд.

Онҳо чун пештара гумон доштанд, ки дар фазои Тоҷикистон озодона, бидуни иҷозат, метавонанд фуруд оянду парвоз кунанд. Зеро на як бору ду бор ба чунин амал даст задаанд. Боз ҳам мебояд таъкид кард, ки чунин тайёраҳо ва чунин сарнишинони рус дар саросари ҷаҳон ба аъмоли ғайриқонунӣ – тиҷорати силоҳу маводи мухаддир машғуланд. Қазияи Садовничий В.В. ва Руденко А.В. то ҳол ба натиҷаи интиҳоии худ дар Тоҷикистон нарасидаасту дирӯз дар Амрико сарнишини дигари рус Константин Ярошенко ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Гуноҳи ӯ низ ҳамин аст: қочоқи силоҳу маводи мухаддир дар Афғонистону Африқову Амрикои Ҷанубӣ ва ғайра.

Чаро Россия хомӯш аст? Чаро Медведев ва тими миллатгарои ӯ тадбирҳои «симметри»-ю «асимметири»-ашонро нисбати амрикоиҳо пеш намегиранд? Пеш гиранду рӯзашонро бинанд! ИМА, Тоҷикистони заифу фиребхӯрдаи ваъдаҳои «дӯстона»-и Россия нест.  Боз даҳҳо ярошенкою бутҳои силоҳу маводи мухаддирфурӯшашонро аз тамоми нуқоти олам дастгир намуда, ба қаламрави хеш мебарад ва онҳоро роҳии зиндон мекунаду Россияро шармандаи олам. Зеро ин кишвар Россияро мисли Тоҷикистон  бародари калонӣ нахондаасту дасти бародарӣ ҳам ба сӯяш дароз намекунад.

Чунки тамаддуни чандсадсолаи дипломатӣ дораду аз «вафодорӣ»-ю «самимият»-и русҳо дар ҳамкорӣ воқиф аст. Ин Тоҷикистон аст, ки ба хиёнатҳои чандинкаратаи Россия нисбати иттифоқчиёнаш Ироқ, Сурия, Яман, Либия, Эрон, Гурҷистон, Украина, Белоруссия, Озарбойҷон ва ғайра сабақе набардошта, боз ҳам бо чашми умед сӯйи ин кишвар менигарад. Оқибати содагию эътимод ба созишномаҳои баста дар доираҳои ИДМ, СПАД, АвруОсиё ва ғайра ҳамин аст.

Хандаовараш  боз ин аст, ки мақомоти расмии Россия кӯшиш доранд ҳабси сарнишинони қонуншиканро бо зарурати мусодираи ин ду самолёти фарсудаи АН – 72 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста намоянд.

Ман, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки баъди гузоштани нуқтаи таммат дар ин парвандаи пурсару садо, ҳар ду тайёраро дар шоҳидии умум, пеш аз ҳама бо ширкати журналистони хориҷӣ оташ зананд, то ақаллан ҷаҳон аз ду оҳанпораи ҳамлу нақли силоҳу маводи марговар раҳо гардад.

Дар бораи хавфи мураккабтар шудани сардии муносибат бо Россия,  мақоли худашонро ёдоварӣ карданиам, ки  «ҷойи муқаддас холӣ намемонад». Як дари пӯшидаю сад дари кушода. Шакке нест, ки мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоии муваққатӣ ҷомеаи моро фаро хоҳанд гирифт, вале ҳеҷ кас аз гуруснагӣ нахоҳад мурд.

Муҳоҷирони меҳнатии мо дар баробари халосӣ аз ҷойи кории худ дар Россия, аз ғуломию таҳқир, таъқибу таҳдид, лату кӯб, бечорагию маризӣ, ғарибию ватангадоӣ, дурӣ аз фарзанду ҳамсар, падару модар, ёру бародари худ халос мешаванд. Ва ҳатман рӯзе мерасад, ки мо ба шарикони беэътимоду хиёнаткори русамон мисраи баланди шоири бузургамонро тарҷума хоҳем кард, ки «бигзарад ин рӯзи сахту монад он рӯйи сиёҳ».

Исмоил  Низомов, коршиноси сиёсӣ



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 17.11.2011 18:44
Печатайте на русском языке для того, что бы Российский народ тоже знал правду!
P.S. Вот вы пишите почему наша правительства молчит. Вопрос: почему наши Журналисты молчать у нас слабое СМИ атакуйте со всех сторон, чтобы вас услышали не только здесь у нас, а в России тоже!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi