15:32:33 03-уми Июни 2025 сол

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 5

Хулоса, ба назари банда, дар ташреҳу татбиқи асли «имон ба Худо» ҲНИТ бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намояд: 

/images/stories/2011/11/11_muovini-rais-hkdt_2011.jpg1.Ҳизб ва аъзои он, бо такя ба таҷрибаи кофии худ, ба эҳсосоти динию имонии мардуми мусулмони кишвар бояд бисёр эҳтиромона, масъулона ва бо эҳтиёти азим муносибат намоянд.

2.«Имон ба Худо»-ро на ҳамчун вижагии хоссаи ҳизбиён, балки ҳамчун арзиши пойдевории ҷомеа ва яке аз муҳимтарин умумиятҳои муттаҳидкунандаи мардуми мусулмони кишвар дар назар гиранд ва талош намоянд, ки мардум дар атрофи он муттаҳид шавад. Яъне, «имон ба Худо» на ҷои тафовуту фарқият миёни мардуми мусулмон, балки ҷои умумият ва ваҳдати ҷомеаи мо гардад.  

3.Дар канори кори сиёсӣ, аъзои ҲНИТ бояд дар нашри имон, некӯӣ, ахлоқ ва покиву маърифат дар ҷомеа талош намуда, худ намунаи ахлоқу тақвою маънавияти исломӣ гарданд. Кори як ҳизб фақат ба «фаъолияти сиёсӣ» кашидани пайравони худ нест, балки, ҳизбе, ки мактаб дорад, ҳамзамон бо ин бояд дар тарбияту тазкияи инсон ва дар нашри ахлоқу тақво низ саҳми ҷиддӣ гирад. Дар шароите, ки мо дорем, аз як нобудии шахсиятии як фард ва аз як инҳирофи ахлоқӣ (яъне, аз фаҳшу шаробу қимору зино, аз танбаливу бесаводию беҳудагӣ ва ғ.) раҳо шудани як ҷавон низ як пирӯзист, зеро мақсади ниҳоии сиёсат дар ислом маҳз ба ахлоқи ҳамида, ба тазкияву тақво ва ба саодату ҳидоят расонидани инсон аст.    

4.Ва низ бисёр муҳимм аст, ки як ҳизби сиёсии динӣ ҳамеша бар меҳвари «имон ба Худо» ва амалияи имонмеҳвар боқӣ бимонад ва гирифтори сиёсати маҳз ва сиёсати хушк нашавад ва сиёсаташ низ бар даври ҳамин меҳвар чарх занад. Яъне, тафовути усулии худро аз нирӯҳои дигари сиёсӣ ҳифз дорад.

Самти дувум, амал ва намунаофарӣ дар ростои ин шиор: Илова бар фаҳму нашру тафсири дурусти ин шиори олӣ, ҲНИТ бояд дар самти амалӣ шудани бандҳои сегонаи он корҳои мушаххасе анҷом бидиҳад. Як ҳизби солим набояд интизор шавад, ки аввал ба қудрат бирасем, баъд андешаҳо, пешниҳодҳо, барномаҳо ва роҳи ҳалҳои худро мегӯем. Як ҳизби имониву арзишӣ ва як ҳизби хидматгузор дар пешниҳоди андешаву барнома ва дар саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеа як лаҳза ҳам диранг намекунад, зеро мақсад аз он савоб ва хидмат аст.

Ва ин ҳикмат низ аз фарҳанги имонии мост, ки: агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст. Пас, агар, нирӯе ба мушкилоти ҷомеа аз нигоҳи сирф рақибона нигард ва барои рафъи онҳо андешаву барномаю роҳиҳалле ироа накунад, вазъияти он аз ду ҳолат берун нест: ё он нирӯ нирӯи имониву хидматгузор нест, ё ҳаст, вале феълан потенсиали зеҳнии кофӣ ва барномаву роҳиҳалҳое мушаххас дар ихтиёр надорад. Дар мавриди ҲНИТ, гумони ғолиби банда бар ҳолати дуввум аст.

Пас бояд он шиори хуб тафсиру муаррифии шоиста гардад ва дар ростои он амали шоиста шавад ва худи ҳизб ва худи аъзои ҳизб худ намунаи имон ба Худо, намунаи садоқат ба ватан ва намунаи хидмат ба мардум гарданд. Дар акси ҳол, ин шиори олӣ як шиори холӣ хоҳад буд. Ҳарчанд дуруст ва зебо бошад. Ва пирӯзии ниҳоӣ на бо касонест, ки ин шиорро офариданд ва гуфтанд, балки пирӯзӣ бо касоне хоҳад буд, ки дар ин самт амал карданд. Ва на танҳо пирӯзӣ дар интихобот…

Шиори дигари ҲНИТ, ки дар ҳамоиши солонаи соли 2011 матраҳ гашта, низ ба шиори фаъоли ин ҳизб табдил шуд, аз се калимаи «Ислоҳ, тағйир, пешрафт» иборат аст. Дар анҷумани навбатии ҳизб низ ин шиор бар пештоқи толор овезон буд ва таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд. Ин шиор низ аз назари мазмун бисёр кӯтоҳ ва сареҳ буда, ниёзи ҷиддии худи ин ҳизб ба як ислоҳу тағйиру пешрафтро баён мекунад.

Яъне, бо тафовут аз шиори аввал, ин шиор асосан моҳияти дарунҳизбӣ дорад. Дар ҳақиқат, дар солҳои охир чӣ дар ҷомеаи коршиносӣ ва чӣ дар баъзе доираҳои худи ин ҳизб дар бораи зарурати ислоҳу тағйири сохториву барномавии ин ҳизб зиёд гуфта шуда буд ва пешрафти ин ҳизб фақат дар гарави як ислоҳоти ҷиддӣ дониста мешуд. Дар ҳақиқат, дар зарурати ислоҳи ин ҳизб ва барномаҳои он шакке нест ва банда низ дар навиштаҳои пешини худ ба ин масъала борҳо ишора намуда будам.

Вале, нуктае, ки ин ҷо қобили зикр аст, он аст, ки ин шиор ҳамчун шиори фаъоли ҳизб фақат аз ислоҳ ва тағйир паём медиҳад ва ҳар дуи ин мафҳуми тақрибан ҳаммаъноро канори ҳам мегузорад. Аз ин интихоб чунин менамояд, ки эҳтимолан, роҳбарияти ҲНИТ солҳои охир зери таъсири шадиди интиқодҳои берунӣ дар бораи ҳолати фарсудаву ислоҳталаби ҳизб қарор гирифтааст ва эҳтимолан, дар масъалаи ислоҳ то ҳадде зиёдаравӣ хоҳад кард.

/images/stories/2011/11/11_mizi-gird_20111.jpgАз ин рӯ, беҳтар мебуд, то дар оғози ин шиори фаъоли ҳизб чизе дар масъалаи ҳифзи асолат низ оварда мешуд, то таъодул риоят мегашт. Зеро таҷрибаи таърихию сиёсӣ баъзан шоҳиди он будааст, ки баъзе нирӯҳои сиёсии исломӣ бо хаёли ислоҳи амиқу сареъ ва бо гумони ҳарчӣ тезтар «модерн» шудан, дар ниҳоят аз решаҳои худ канда ва аз асолати худ дур шудаанд. Ин аст, ки идомаи ислоҳ дар айни ҳифзи асолат ё ҳифзи асолат дар масири ислоҳу пешрафт яке аз масъалаҳои асосии наҳзатҳои исломии ҷаҳони муосир мебошад.

Илова бар ҷанбаи ақидатӣ, печидагии сиёсии ин масъала дар он аст, ки мо дар як вазъияти мутазодд, яъне дар ҷаҳони бисёр пуртаҳаввулу пешраванда ва ҳамзамон дар ҷомеаи аз назари тафаккури динӣ анъанавию рушднаёфта зиндагӣ мекунем. Омили аввал аз мо ислоҳу тағйири сареъро мехоҳад ва омили дуввум аз мо то ҷое суннативу анъанавӣ монданро металабад. Дар чунин вазъият, аз ҷаҳону аз замон қафо мондан низ дуруст нест ва ҳамзамон, аз ҷомеаи ҳанӯз суннативу анъанавӣ канда шудан низ.

Дар ин масъала низ ду ифрот имконпазир аст, ки ҳеҷ яке ба маслиҳати ҲНИТ ва ба суди ҷомеаи мо нест. Ифроти якум: Шитоб дар ислоҳу модерн шудан ва ба як гурӯҳи «зиёиёни исломӣ»-ю «исломиёни либерал» ва ниҳоятан, ба нирӯи бетаъсиру береша табдил шудан. Ифроти дуввум: Кундӣ дар ислоҳ ва шахшавӣ ва дар ниҳоят, ба гурӯҳи тунду мунзавӣ ва камтаъсир табдил гаштан. Намунаи ҳар ду ифрот дар ҷомеаҳои муосири исломӣ бисёр фаровон аст. Пас, ин ҷо низ бояд миёни зарурати ислоҳшавӣ ва зарурати ҳифзи анъанаҳо нуктаи маслиҳатӣ ва «миёнаи тиллоӣ» пайдо карда шавад. Зеро, бохти асолат ва берешагию бетаъсирӣ низ бохти ниҳоист, радди ислоҳот ва шахшавию сангбастагию инзиво низ. 

Ёддошти 12: ҲНИТ баъди анҷуман…

Ин масъала низ муҳимм аст, ки пас аз ин анҷуман ва таҳаввулоти зикршуда ояндаи ин раванди сиёсӣ ва дурнамои фаъолияти ҲНИТ чӣ гуна хоҳад буд? Албатта, дар нуктаҳои боло ба дурнамои бисёре аз равандҳо ва ҷанбаҳои мусбату манфии онҳо ишораҳо шуд. Вале агар ин матлабро ҷамъбандӣ намоем, метавон ба нуктаҳои ниҳоии зерин таваҷҷӯҳ намуд:

1.ҲНИТ дар тӯли солҳои фаъолият ва хусусан, дар солҳои музокироту сулҳ ва дар марҳилаи баъдиҷангӣ навъе таҷрибаи ҳамзистӣ бо арзишҳои миллӣ, меъёрҳои муосири сиёсӣ, давлати миллӣ ва низоми сиёсии дунявиро касб кардааст. Аз ин нигоҳ, он аз ҳизбҳои исломии маъмӯлии ҷаҳони ислом бисёр тафовутҳо дорад ва метавон гуфт, ки он то ҷое ба як таҷрибаи тоҷикӣ табдил шудааст. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл ва дар ҳамин самт ҳифз шудани он барои худи ҳизб, барои муҳити динии кишвар ва барои ҳукумату давлати Тоҷикистон муҳимм мебошад. Вале, агар ин ҳизб хусусияти сирф идеологӣ бигирад ва ё моҳияти миллию ватании он коста шавад, ба таври табиӣ муносибати ҳукумат бо он бисёр печида хоҳад буд ва ин таниш рӯи вазъияти ҳизб ва рӯи суботу амнияти кишвар низ таъсири манфӣ мегузорад.

2.Фазои анҷуман ва намои фаъолияти ҲНИТ дар солҳои ахир нишон медиҳад, ки ҳизб ҳамоно зери таъсири таърифи маҳдуди сиёсат боқӣ монда, дар он мафҳуми «ҳизби сиёсӣ» бештар ба маънои «гурӯҳе, ки фақат ба масоили сирф сиёсӣ машғул аст», фаҳмида мешавад. Чунин навъи фаҳмиш метавонад боиси ба тадриҷ хушк, маҳдуд, баста ва хастакунанда шудани ин ҳизб гардад. Чунин вазъият ба зарари худи ҳизб ва ба зарари ҷомеа аст. Аммо барои ҲНИТ ва барои ҷомеа бисёр муҳимм аст, ки ин ҳизб чӣ дар самтҳои сиёсию фарҳангӣ ва чӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мавқеъ ва барномаҳои худро ба таври возеҳу муфассал ироа намояд; дар канори шиору даъвату изҳорот, дар масъалаҳои мубрами ҷомеа тарҳҳои худ, барномаҳои худ, роҳи ҳалҳои худ ва намунаҳои беҳтари худро барои ҷомеа пешниҳод кунад.  Яъне ба сиёсати васеътар аз маънои луғавии сиёсат гузарад.

3.Агар талошҳои танзиму идоракунии муҳити динӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ  мӯътадил гардонида нашавад, дар масъалаи ҲНИТ эҳтимолан се таҳаввули ҷиддӣ ба вуҷуд меояд:

-мавқеи ҲНИТ дар масъалаҳои умумӣ ва, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҳукумат то ҳадде интиқодӣ ва тундтар мегардад;

-мавқеи унсурҳо ва шахсиятҳои мӯътадил дар ин ҳизб дар оянда заифтар мегардад;

-тибқи формулаи «эътилоф дар баробари фишори муштарак» мавқеи доираҳои дигари сиёсии динӣ, аз ҷумла мавқеи домулло Ҳ.А.Тураҷонзода бо ҲНИТ метавонад наздиктар шавад ва шояд то ҳадди як «ҳамкории фосиладор»-и амалӣ бирасад.

4.Дар сурати аз тариқи «ҳамкориҳои интиқодӣ» дар доираи муносибатҳои солим бо ҳукумат ва дар меҳвари сиёсати умумии кишвар ва манфиатҳои миллӣ нигоҳ доштани ҲНИТ, ҳукумат метавонад эҳтимоли таъсири доираҳои хориҷӣ ба ҳизб ва ё эҳтимоли аз сӯи онҳо мустақиман ё ғайримустақим дастгирӣ шудани ҳизбро ҳарчӣ камтар намояд. Илова бар ин, чунин ҳамкорӣ боиси паёмҳои ҳамдигарро дуруст шунидани тарафҳо гашта, ба солим боқӣ мондани фазои сиёсии кишвар ва ҳифзи суботу амнияти миллӣ мусоидат мекунад.

/images/stories/2011/11/11_vakili-anjuman_20111.jpg5.Агар дар интихоботи Президентии соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худро гузорад, ҲНИТ бо эҳтимоли бисёр боло, номзад пешниҳод нахоҳад кард. Зеро илова бар поин будани эҳтимоли пирӯзии номзади ҳизб, дар зеҳни ҷомеа ва дар зеҳни элитаи сиёсӣ пешниҳоди номзад дар ин маърака маънои рӯёрӯии мустақим бо шахси президентро хоҳад дошт. Аз ин рӯ, эҳтимолан, ҲНИТ муносибатҳои худро бо Президент «хароб накарда», ба интихоботи порлумонии соли 2015 омодагии ҷиддитар хоҳад гирифт.

6.Пас, дар муаммоҳое миёни хатари «сиёсии маҳз» шудан ва осеби «сирф динӣ» мондан, дар тазодди миёни зарурати «ҷаҳонӣ шудан» ва зарурати «миллӣ мондан», дар мушкилаи миёни зарурати «модерн шудан» ва зарурати «суннатӣ монад» ва дуроҳиҳои дигаре, ки имрӯз пешорӯи ҲНИТ қарор гирифтаанд, амали дуруст кадом аст? Ба назар мерасад, ки ҳаракати ин ҳизб бояд ногузир миёни таъодули зарифи ҳақиқатҳо (усулу арзишу ормонҳо) ва воқеиятҳо (замону макону муҳити амал) сабурона идома ёбад. Яъне, дар ин марҳила формулаи фаъолияти ҲНИТ бояд чунин бошад, ки вақте бар воқеият меандешад, набояд ҳақиқатро фаромӯш намояд ва вақте бар ҳақиқат меандешад, набояд воқеиятро фаромӯш бисозад. Фаъолият дар чунин чорчӯб бисёр мушкил, вале бисёр зарур аст.

7.Дар даҳсолаҳои оянда ҳам ба сабаби идомаи раванди эҳёи миллию фарҳангӣ дар кишвар(1), ҳам ба сабаби тағйири вазъи минтақавию ҷаҳонӣ(2) ва ҳам ба сабаби тақозои хираду технологияи оддии сиёсӣ(3) аксари нирӯҳои сиёсии кишвар ногузир ба арзишҳои исломӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Ин таваҷҷӯҳ метавонад зери шиори динӣ ё зери шиори фарҳанги миллӣ ифода шавад, вале моҳияти масъала чунин хоҳад буд, ки дар оянда ҳеҷ нирӯи сиёсие бе таваҷҷӯҳ ба ин омил дар саҳнаи сиёсии кишвар муваффақ нахоҳад гашт.

Хусусан, агар равандҳои демократӣ дар ҷомеа амиқтар раванд ва интихоботҳо шаффоф гузаранд, таъсири омили исломӣ дар равандҳои сиёсии кишвар боз ҳам ҷиддитар мешавад. Ҳамин тавр, «исломӣ будан», «ба арзишҳои исломӣ эҳтиром қоил будан» ва «имон ба Худо» доштан шиор ва ваҷҳи муштараки аксари нирӯҳои сиёсии кишвар хоҳад шуд. Дар чунин сурат, барои ҲНИТ мушкил аст, ки бо маҳзи тафовути идеологӣ фаъолияти муваффақи худро таъмин намояд. Аз ин рӯ, бисёр зарур аст, ки ин ҳизб аз ҳоло ҷанбаҳои дигари фаъолияти худ, хусусан, захираҳои илмию зеҳнӣ, самтҳои фикриву фарҳангӣ ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии худро такмил диҳад.

8.Бо вуҷуди дар оянда бисёр муҳимтар шудани омили исломӣ дар равандҳои сиёсии кишвар, ба назар мерасад, ки бо таваҷҷӯҳ ба потенсиали кадриву зеҳнии нирӯҳои сиёсии динии мавҷуда(1), бо таваҷҷӯҳ ба навъи фарҳанги сиёсии ҷомеа(2), бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси таърихи навтарини кишвар(3) ва бо таваҷҷӯҳ ба хусусиятҳои муҳити минтақавию байналмилалӣ(4) дар солҳои наздик эҳтимоли (ҳамчун нирӯи динӣ) ба қудрат расидани гурӯҳи сиёсии динӣ дар Тоҷикистон бисёр кам аст. Яъне, ҳоло заминаи оддию табиию дохилии чунин пешомад вуҷуд надорад.

Аммо, дар сурати пеш омадани баъзе омилҳои иловагие чун имкони нокомиҳои ҳукумат дар сиёсатгузориҳои иқтисодию иҷтимоӣ(1), ратсионалӣ ва воқеъбинона нашудани сиёсати динию фарҳангӣ(2), баста шудани фазои сиёсӣ(3), аз якнавохтии вазъият ва ҳукумат ба ҳолати хастагии равонӣ (психологӣ) расидани ҷомеа (4), тағйири ҷиддии таносуби манфиатҳои геополитикӣ дар минтақа(5) ва ғайра вазъият метавонад бар гунаи дигар тағйир ёбад.  

9.Дар кулл, шояд аз нигоҳе дар як ҷомеаи мусулмоннишин доштани як ҳизби сиёсии махсуси динӣ як зарурати ҳатмии сиёсӣ ва миллӣ ба ҳисоб наравад, вале, дар айни замон, наметавон сарфи назар кард, ки имрӯз ҲНИТ як воқеияти ҷомеаи мост ва акнун новобаста аз мавқеи фикрии ҳар кадоми мо, бо ин ҳизб бояд ҳамчун бо як воқеияти динӣ ва сиёсии кишвар муносибат намуд. Дар ин масъала нигоҳи идеологӣ ва ё мавқеи рақобатию гурӯҳӣ созанда набуда, маҳз нигоҳи давлатдорона ва мавқеи амалгароии сиёсӣ (прагматикӣ) корсоз аст. Чунин нигоҳ ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои ҲНИТ як зарурат аст.

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 >

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854