СУХАНРОНИИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ 66-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ
26 сентябри соли 2011 дар ш.Ню-Йорк, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд. Матни пурраи суханронии Вазирро пешкаши шумо мегардонем.
Мӯҳтарам ҷаноби Раис,
Ҳамкорони гиромӣ,
Хонумон ва ҷанобон,
Иҷозат диҳед, то Ҷаноби Олӣ Носир Абдул Азиз ан-Насерро ба муносибати интихоб шудан ба вазифаи олии Раиси иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумӣ муборакбод гӯям. Мутмаинам, ки таҷрибаи бойи ӯ дар роҳи расидан ба натиҷаҳои муҳим дар рафти кори муштараки мо мусоидат хоҳад кард. Инчунин, шарафёбам Ҷаноби Олӣ Пан Ги Мунро бо интихоби дубора ба ҳайси Дабири кулли СММ табрик намоям.
1. Ду ҳафта қабл мардуми Тоҷикистон ҷашни пуршараферо дар таърихи муосири худ – бистумин солгарди эъломи истиқлолияти давлатиро ботантана истиқбол намуд. Ба мушкилӣ ва қазияҳои сершумор нигоҳ накарда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давоми солҳои истиқлолият ба дастовардҳои назаррас, ки пойдевори рушди батадриҷи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гузоштанд, бирасад. Мо аз Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои узв барои мусоидат дар ташаккулёбӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва демократӣ самимона миннатпазирем.
2. Масъалаҳои марбут ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дорои аҳамияти аввалиндараҷа барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ин рӯ, кишварҳои узви СММ-ро мебояд аз масъулияти бояду шояд ва иқдомҳои муштараки таъхирнопазир баҳри хотима бахшидан ба ҷангҳо ва ҳалли низоъҳо кор гиранд. Мо аз ҳалли мусолиматомези қазияи Судони ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ ҳамчун узви нави 193-юми Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамоем.
Тоҷикистон аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, то тамоми чораҳоро баҳри ҳалли ҳарчи зудтар ва пурраи низои давомдори Ховари Миёна биандешанд. Мо аз тасмими давлати Фаластин ҷиҳати расидан ба мавқеи сазовор дар ҷомеаи милал ба ҳайси узви комилҳуқуқи он ҷонибдорӣ мекунем.
3. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки масъулияти раҳёфти мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пайгирона дар роҳи андешидани чораҳои ҳарчи бештар баҳри истифодаи пурраи иқтидори дохили кишвар дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад. Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон чун самти калидии фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бо такя бар принсипҳои рушди устувори иқтисод Ҳукумати Тоҷикистон се ҳадафи стратегиро муайян намудааст: таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ.
Мо ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда чораҳо андешида истодаем. Ҳамзамон, солҳои охир соҳаи кишоварзӣ на танҳо дар кишвари ман, балки дар тамоми минтақа на борҳо мавриди ҳуҷуми малах ва таҳдиди дигар офатҳои табиӣ қарор дошт. Ба чораҷӯиҳои зарурии Ҳукумати кишвар нигоҳ накарда, ҳалли мушкилии мазкур иқдомот ва раҳёфти дастаҷамъонаи минтақавиро тақозо менамояд. Эҳтиёҷ ба кӯмаки фаъолтари муассисаҳо ва ниҳодҳои дахлдори СММ ва ҷонибҳои мададрасон вуҷуд дорад.
4. Тиҷорати байналмилалӣ ва сармояҳои мустақим метавонанд дар расидан ба ҳадафҳои рушд мусоидат намоянд. Мо бар онем, ки низоми тиҷорати байналмилалӣ бояд кушод, боадолат, пешбинипазир ва ғайридискриминатсионӣ бошад. Бо такя бар принсипҳои зикргардида Тоҷикистон айни замон ҷиҳати ворид гаштан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот бурда истодааст. Дар ин робита, аз кишварҳои аъзои Созмон даъват мекунем, ки тезонидани раванди ворид гаштани Тоҷикистон ба СУСро ҷонибдорӣ намоянд.
Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
5. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он наметавонанд бидуни кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал гарданд.
Маълум аст, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби соф таъсир расонида, обхезӣ, сел, хушксолӣ ва дигар офатҳои табииро боз ҳам шадидтар мегардонад. Дар Тоҷикистон – кишваре, ки тақрибан 60 % захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар он тавлид меёбанд, масоҳати пиряхҳо дар 30 соли охир то ба зиёда аз 35% кам гаштааст.
Обшавии босуръати пиряхҳо хатарҳои иловагиеро барои рушди устувор ва амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқавории минтақа эҷод мекунад. Дар ин робита, Президенти Тоҷикистон дар Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим (соли 2009) пешниҳод намуда буд, то як хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки тавони ба ҳам овардани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самти аз лиҳози стратегӣ муҳим дошта бошад, таъсис ёбад. Умедворем, ки ин ташаббус аз ҷониби кишварҳои аъзо мавриди пуштибонӣ қарор мегирад.
6. Захираҳои энергетикӣ барои рушди устувор аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дастрасӣ ба энергия нақши калидиро дар таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва лағви қашшоқиву гуруснагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мо аз ташаббус оид ба таъмини дастрасии универсалӣ ба хизматрасониҳои муосири энергетикӣ ва то ба 40% паст кардани сатҳи истифодаи энергияи умумиҷаҳониро то соли 2030 ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем.
Рушди ҳаматарафаи гидроэнергетикӣ дар ҳамдастӣ бо истифода аз иқтидори намудҳои дигари энергияи таҷдидшаванда на танҳо имкони боло бурдани иқтидорро хоҳад дод, инчунин ба таъмини эътидол ва афзоиши самаранокии низомҳои энергетикӣ, коҳиши назарраси сатҳи олудаҳо ба ҳаво низ мусоидат хоҳад намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз даҳ соли охир бо камбуди шадиди қувваи барқ дар фасли сармо рӯбарӯ шудааст. Бо назардошти мавҷуд набудани манбаҳои дигари энергия, Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, эҳтиёҷи ҳаётан муҳим барои рушди марҳила ба марҳила ва комплексии ин соҳаро дорад.
Тоҷикистон омода аст, то дар масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ ҳамкории зичро бо тамоми кишварҳои минтақа бо назардошти манфиатҳои умумиминтақавӣ ба роҳ монад. Паёми мазкур борҳо аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи Умумии СММ ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обӣ эълом гардида буд.
7. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар нимаи дуюми қарни 20 Осиёи Марказӣ дучори қазияи бузурги экологӣ – хушкшавии баҳри Арал шуд. Саҳлангорӣ дар истифодаи оқилона, боэҳтиёт ва масъулиятноки захираҳои табиӣ воқеан ба аз байни рафтани баҳри Арал оварда расонд. Обанборҳои сершуморе, ки дар паҳнои беканори поёноб сохта шуданд ва ё сохтмонашон идома дорад, ба таври назаррас дар хушкшавии баҳри Арал таъсири худро расонданд. Айни замон зиёда аз 100 чунин иншоот мавриди истифода қарор дошта, ҳаҷми об дар онҳо нисбат ба ҳаҷми об дар баҳри Арали имрӯза 1,5 маротиба бештар аст.
Ҳалли қазияи Арал аз кишварҳои минтақа на танҳо маблағгузориҳои зиёдеро дар бахши об ва кам кардани масоҳати заминҳои обёришаванда барои зироатҳои обталабро тақозо мекунад, балки иродаи сиёсӣ ва омодагӣ барои татбиқи чораҳои муштараки дарозмуддатро ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикии тамоми ҳавзаи баҳри Аралро мехоҳад. Маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон пешниҳод намуд, то зери сарпарастии СММ ташхиси комплексии тамоми низоми истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла баррасии масъалаҳои самаранокӣ ва оқилонагии кори ҳамаи обанборҳои мавҷуда ва ташхиси ҳамаҷонибаи вазъи экологӣ дар минтақа гузаронида шавад. Умедворем, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби тамоми кишварҳои минтақа дастгирӣ меёбад.
8. Об – захираи ивазнашаванда ва ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад, ки барои рушди устувор ва ҳифзи ҳаёт дар сайёра аҳамияти бунёдӣ дорад. Ҳамкориҳоро дар соҳаи об дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ тавассути истифодаи самараноки иқтидору афзорҳо ва воситаҳои мавҷуда бояд таҳким бахшид. Об бояд омили муттаҳидкунанда бошад, на ҷудокунанда. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об айнан дар асоси ҳамин андешаҳо пешниҳод гардидааст.
Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
9. Терроризм яке аз хатарҳои асосӣ барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ боқӣ мемонад. Тоҷикистон терроризмро дар ҳама шакл ва падидаҳояш қатъиян маҳкум менамояд. Лозим медонем, ки мутобиқсозӣ ва қабули созишномаи фарогиранда оид ба мубориза бо терроризм суръат бахшида шавад. Мубориза бо терроризм – бинобар мураккабии ин зуҳуроти барои инсоният бегона – вазифаи дарозмуддат аст.
10. Қисми таркибии муборизаи умумӣ бо терроризм пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб меёбад. Ҷиддият ва бузургии мушкилоти вобаста ба маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он возеҳу равшан шаҳодат аз хатари глобалӣ медиҳад, ки ба суботи байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ амният таҳдид менамояд. Кишвари ман ҳам саҳми худро ба мубориза бо маводи мухаддир мегузорад. Дар Тоҷикистон сохтори мӯътабари зидди маводи мухаддир таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва хадамотҳои шабеҳи кишварҳои дигар чораҳои дахлдорро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи мо амалӣ менамояд. Мо мутмаинем, ки дар ин роҳ танҳо ба шарте комёб хоҳем гардид, агар тамоми саъю талоши дастаҷамъиро мустаҳкам намоем.
11. Тоҷикистон тарафдории худро баҳри иҷрои комил ва самараноки Конвенсияи Оттава оид ба манъи истифода, захира кардан, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зиддипиёдагард ба тарафе ва инчунин нест кардани онҳо дар ҳамкорӣ бо тамоми тарафҳои алоқаманд тасдиқ мекунад. Кишвари ман қатъиян тарафдори минтақаи орӣ аз минаҳо будани Осиёи Марказӣ мебошад. Мо барои қабули чораҳои амалӣ баҳри аз минаҳо пок кардани ҳудуди минтақа ва ҳалли масъалаҳое ҳастем, ки ба паёмадҳои минагузорӣ вобастаанд.
12. Тоҷикистон аз вазъият дар Афғонистони ҳамсоя нигарон мебошад. Дар кишвари ман хабари марги фоҷеабори президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббониро бо таассуфи амиқ ва изтироб қабул намуданд. Ӯ яке аз шахсони бузург дар таърихи Афғонистони муосир, минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёфт. Дар робита ба ин талафоти бебозгашт ба Ҳукумат ва мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардии амиқ менамоем.
Тоҷикистон стратегияи байналмилалии танзими комплексӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистонро дастгирӣ менамояд. Яке аз омилҳои муҳим дар ин самт ин ҷалб намудани Афғонистон ба ҷараёни ҳамгироии минтақавӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя мебошад. Дар ин робита мехостам ба нақши «Чоргонаи Душанбе» дар ҳайати Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ишора намоям, ки дар чаҳорчӯби он кӯшишҳо барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар минтақа, пешгирии таҳдидҳои терроризм, маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ва ҳамчунин инкишофи захираҳои инсонӣ барои ниёзҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандии Афғонистон афзун мегарданд. Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, ки ба рушди робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ мусоидат менамоянд, аҳамияти махсус медиҳад. То ба имрӯз дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 5 пул мавриди истифода қарор гирифта, боз се пули дигар дар марҳилаи тарҳрезӣ ва бунёд қарор доранд.
Дар соли ҷорӣ бунёди хатти интиқоли барқи 220 кВт аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба охир расид. Лоиҳаи CАSА-1000 ба ҳалли масъалаи камбуди нерӯи барқ дар Афғонистон ва Покистон бо истифодаи захираҳои обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст. Масоили барқарорсозии минбаъдаи иқтисодии баъдинизоии Афғонистон ба рӯзномаи Конфронси 5-уми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон, ки баҳори соли оянда дар Душанбе баргузор мегардад, дохил гардидаанд.
Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Масоили глобалӣ ва вазифаҳои муҳимтарини минтақавиро наметавон бе тақвияти кулли низоми СММ ҳал кард. Раванди ислоҳоти Созмон бояд оқилона бошад ва худи Милали Муттаҳиди таҷдидшуда бояд мустаҳкам гардида, қобилияти вокуниши муносиб ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ дошта бошад ва ба таҳдиду хатарҳои глобалии сершумори насли нав ба таври муассир муқовимат карда тавонад. Тоҷикистон дар оянда низ Созмони Милали Муттаҳидро дар кӯшишҳояш баҳри таъмини амният, пешравӣ, тозагӣ ва сиҳатмандии сайёраи мо ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.
Барои таваҷҷӯҳатон изҳори ташаккур менамоям.