16:59:20 02-уми Июни 2025 сол

ҲНИТ ДАР ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ШИРКАТ МЕКУНАД?

Аҳзоби исломиро лозим нест, ки номзадҳои худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии кишварҳои худ пешниҳод кунанд. Ин матлабро Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 26 сентябр, зимни посух ба суоли хабарнигорон мабнӣ бар ширкати ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 баён кард.

/images/stories/2011/09/26_muhiddin-kabiri_26.9.2011.jpgОқои Кабирӣ далели ин амрро ба имкони “душвор ва мураккаб шудани муносиботи миёни ин аҳзоб бо давлат” унвон карда ва гуфт, хуб мебуд, аҳзоби исломӣ таваҷҷӯҳи аслиро барои ба даст овардани курсиҳои порлумон мутамаркиз кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафи ниҳоии ҳар ҳизби сиёсӣ аз роҳҳои қонунӣ ба даст овардани қудрат маҳсуб шуда ва ҳизби наҳзат дар ин росто истисно нахоҳад буд. Ӯ дар айни ҳол гуфт: "Дар бораи ширкати номзади ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 Анҷумани ин ҳизб тасмим хоҳад гирифт."

Зимнан, номзадҳои ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ширкат накарда ва Муҳиддин Кабирӣ далели ин тасмимро ба мушкилоти дохили ҳизбӣ пас аз фавти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ин ҳизб ва омода набудани ҲНИТ ба интихобот марбут хонд. Оқои Кабирӣ гуфт: “Аммо дар интихоботи соли 2013-и раёсати ҷумҳурӣ вазъият комилан дигар аст. Ҳизб метавонад дар ин интихобот чандин номзад дошта бошад. Бинобар ин тасмимҳои соли 2013 аз тасмимҳои соли 2006 комилан тавофут хоҳад дошт.”

Ӯ мавзеъи зидду нақизи худ дар бораи имкони ширкати ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зиёд будани фурсат то интихоботи оянда ва вуқӯъи таҳаввулоти мухталифи эҳтимолӣ рабт дод.

Тавсеъаи фаъолияти ҲНИТ дар хориҷи кишвар

Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ҳарчанд теъдоди аъзои ин ҳизб болиғ ба 40 ҳазор нафар аст, аммо теъдоди тарафдорони он аз ин рақам ба маротиб зиёд будааст. Гуфта мешавад, иддаъи зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва Қазоқистон аз ҳизби наҳзат пуштибонӣ карда ва 20 вакили муҳоҷирон аз 7 минтақаи Русия дар Анҷумани 9-уми ҳизби наҳзат дар рӯзи шанбеи 24 сентябр дар шаҳри Душанбе ширкат доштаанд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳамакнун фаъолияти ҲНИТ бояд дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва Қазоқистон тавсеъа пайдо карда ва дидорҳои бештари масъулони ҳизб бо муҳоҷирон баргузор шавад. Бар асоси қавонини Тоҷикистон таъсиси созмонҳои аввалияи аҳзоби сиёсии ин кишвар дар кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ буда, мумкин аст дар он ҷо гурӯҳҳои тарафдорони ин ҳизб таъсис шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон аз мавзеъи муҳофизакоронаи ҲНИТ дар қиболи давлати Тоҷикистон ва ҳизби ҳокими халқӣ-демукротик интиқод карда ва мегӯянд, ки ин ҳизб ба давлат зиёд гузашт карда ва дар Анҷуман низ Асрор Латифов, муъовини раҳбари ҳизби ҳокимро дар раёсати ҷаласа ҷой додааст. Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусёл-демукроти Тоҷикистон ба раёсат роҳ наёфтааст.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба навбаи худ ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки дар масоили марбут ба манофеъи миллат ва давлат бо давлати ин кишвар ва ҳизби ҳоким ҳамкорӣ карда ва дар ғайри ин сурат аз фаъолияти он интиқод хоҳад кард.

Оқои Кабирӣ гуфт: “Мо ҳоло аз сиёсати мақомоти Тоҷикистон розӣ нестем. Бахусус, дар масоили динӣ. Дар кишварҳои Тунису Миср қонунҳои зиёде қабул шуда буд, аммо мардум ба таври худ рафтор кард. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз ин сабақ бигиранд.”

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854