21:02:13 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҲҚИҚИ ИНФИҶОР ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “КОРВОН”

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар робита бо инфичори рӯзи ҷумъаи 30 июл дар назди бозори “Корвон”, дар ҳаволии ҷануби шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Манобеъи ин ниҳод мегӯянд, ки ҳарчанд таҳқиқи ин парванда оғоз шуда, вале ҳануз аз рӯйи кадом моддаи қонуни кайфарӣ ё ҷиноӣ таҳқиқи шудани ин ҳодиса рӯшан нест. Зеро мушаххас нест, ки инфиҷор бо ангезаи хусумати шахсӣ сурат гирифта ва ё амалиёте алайҳи давлат аст. Ба ин далел, ба гуфтаи ин манобеъ, маъмурони амниятӣ ду фарзия дар мавриди вуқӯъи ин ҳодиса, яъне “амали теруристӣ” ва ё “сӯйиқасд ба ҷони корманди интизомӣ”-ро таҳқиқ мекунанд.

Зимнан, соъати 6.30 дақиқаи шоми рӯзи панҷшанбе дар наздикии бозори “Корвон” дар ҳумаи ҷануби пойтахти Тоҷикистон, инфиҷоре рух дод. Ба гуфтаи манобеъи интизомӣ, ин инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки сарҳанг Толибшо Довудов, муъовини раиси бахши пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мехост вориди худрави худ шавад.

Манобеъи амниятӣ мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса лошаҳои таҷҳизоти мунфаҷираеро ошкор кардаанд. Ҳамчунин, тибқи иттилоъи ин манобеъ, ин маводди мунфаҷира муъодили болиғ бар як сад грам тротил будааст.

Сарҳанг Толибшо Довудов дар пайи ин ҳодиса ҷароҳатҳое бардошта ва ӯро ба бемористон интиқол дода буданд. Вале гуфта мешавад, ки вазъи саломати оқои Довудов ҳамакнун хуб аст ва ҳоло вай дар манзили худ мудово мешавад.

Тибқи иттилоъи манобеъи амниятӣ, ҳарчанд амали терурстӣ будани ин ҳодиса рӯшан аст, вале бо ин вуҷуд бозрасони амниятӣ иртиботи эҳтимолии фаъолияти ҳирфаии оқои Довудов бо ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Инфиҷори рӯзи панҷшанбе дар ҳоле рух дод, ки шаҳри Душанбе мизбони мулоқотҳои дуҷониба, сеҷониба ва чаҳорҷониба руасои ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия буд.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев анҷом ёфт. Гуфта мешавад, яке аз мавзӯъоти матруҳа дар ин мулоқотҳо ҳалли масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир будааст.

Ин дар ҳолест ки дар зарфи як ҳафтаи ахир ин севумин мавриди инфиҷор дар пойтахти Тоҷикистон аст. Дар авохири ҳафтаи гузашта, дар як шаб ду инфиҷор дар наздикии фурӯдгоҳи Душанбе ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” рух дод.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ин ҳодисаҳоро аъмоли теруристӣ арзёбӣ карданд ва таҳқиқи онҳо идома дорад. Гузашта аз ин, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ахиран аз боздошти чанд тан аз атбоъи хориҷӣ, ки ба гуфтаи давлат “қасд доштанд аъмоли теруристӣ анҷом диҳанд” хабар дода буданд.

Аз сӯйи дигар, дар шарқи Тоҷикистон амалиёти ба гуфтаи давлат “Кӯкнор-2009” идома дорад, ки дар ҷараёни он теъдоде аз афроди мусаллаҳ, аз ҷумла Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифони пешин ва Неъмат Азизов, яке дигар аз чеҳраҳои мухолифини пешин, кушта шуданд.

Ин се мавриди инфиҷор дар шаҳри Душанбе дар ҳоле рух дод, ки ахиран тадобири шадиди амниятӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба мавриди иҷро гузошта шудааст. Барои бори нахуст аст, ки маҳаллоти мухталифи шаҳр аз сӯйи маъмурони интизомӣ бо истифода аз сагҳои омӯзишдида таҳти назорат гирифта шудаанд.

Ҳамчунин манобеъи пулис мегӯянд, ки барои таъмини амният дар шаҳри Душанбе аз манотиқи дигари Тоҷикистон нерӯҳои интизомӣ ба ин шаҳр эъзом шудаанд. Вале Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, ин иддаъоро бепоя хонд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi