17:13:48 02-уми Июни 2025 сол

С. М. РАҲИН: «ТАҶРИБАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМӮХТАНИСТ»

 «Ин дидори мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр пурфайз буд, чунки он ҳама гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ зимни мулоқот ҷиҳати дар хидмати мардум ва инсони беҳтар будан омӯхтанист ва аз хислатҳову таҷрибаҳои эшон ёд гирифтан бисёр муфид аст», - гуфт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳин.

said-makhdum-45255841.jpgВай афзуд, ки дар тамоми сӯҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки  ёди ниёгон ва фарҳанги муштараки мо мекунад ва ҳамеша бо хизматҳои бузурге, ки дар роҳи фарҳанги ниёгони муштараки ду миллати тоҷику афғон доштанд, имрӯз ҳам дар ин бора табодули назар шуд.

«Сафаре доштам ба Кӯлоб ҷиҳати зиёрати мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва Шақиқи Балхӣ ва дар ҳама ҷо дидам, ки талошҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзӣ ва ободонии Тоҷикистон муассир аст», - идома дод вазир.

Сайид Махдум Раҳин афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот   пайвандҳои таърихии миллати тоҷику афғон ва ҳамзамон заминаҳои ҳамкорӣ дар арсаи ҳунар, санъат ва фарҳанг муҳокима шуд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  ба тақвият бахшидани равобити фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи зиёд намуд.

 mulokot

«Мо нақша дорем, ки ба Тоҷикистон ҳунармандони Афғонистонро бештар барои намоиши барномаҳои ҳунарӣ равона созем ва ба ин васила дар чорабиниҳои фарҳангии ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт. Инчунин, сафарҳои дуҷонибаи адибону рӯзноманигорон ва ҳунармандони тоҷику афғон ба кишварҳои ҳамдигар бештар  хоҳад шуд ва дар маҷмӯъ робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистонро минбаъд бештар густариш хоҳем дод», - мӯътақид аст вазири Афғонистон.

Сайид Махдум Раҳин бо ифтихор гуфт, ки «чӣ гуна шумо ишқ ба Рӯдакии бузург доред, мо ҳам ҳамон қадар ишқ ба Рӯдакӣ дорем, ба Мавлои бузург ҳам ҳамчунин, зеро ин бузургон миллатҳои моро ба ҳам пайванд карданд ва ин пайвандҳо ногусастанист».

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854