16:29:38 02-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ ҚАТЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ЛАҒВ МЕШАВАД?

Рут Дрейфус, раҳбари ҳайати Комиссияи байналмилалӣ алайҳи ҳукми қатл ва собиқ президенти Шветсария хостори иқдоми ҷиддии Тоҷикистон барои лағви ин ҳукм дар Тоҷикистон шудааст.

shukurjon-zuhurov_4521474.jpgХонум Дрейфус дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз талошҳои ин кишвар ҷиҳати эълони моратория нисбат ба иҷрои ҳукми қатл истиқбол карда ва ҳамзамон омодагии ин созмонро барои кӯмаки ҳамаҷониба дар ин замина баён доштааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон низ гуфтааст, ки соле пеш дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил шуда ва заминаҳои ҳуқуқии лағви ҳукми қатлро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст. Раҳбари ҳайъати Комиссияи байналмилалӣ алайҳи ҳукми қатл ҳамчунин бо раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ, низ сӯҳбат карда ва дар ин замина мавқеи ин ҳизби исломиро пурсидааст.

Муҳиддин Кабирӣ агарчӣ аз мораторийи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст, вале гуфта, ки дар бораи лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон наметавонад чизи мушаххасе бигӯяд.

muhiddin-kabiri_4785412.jpgЗеро бояд ин масъаларо донишмандони исломии кишвар ба таври комил мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва он гоҳ бо дар назар гирифтани натоиҷи он мо дидгоҳи худро баён хоҳем кард. Чунки мо намехоҳем мавқеъгирии мо бо аҳкоми ислом дар тазод бошад ва мо дар мавқеъгириҳои худ бояд меъёрҳоеро дар назар бигирем. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба фатвоҳои муосир ва пешрафти улуми мухталиф мо метавонем дар дохили ислом ба натиҷаи дилхоҳ даст ёбем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли 2010 созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар нома навишта ва хостори лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон шуданд. Дар ҳамин ҳол, созмони "Нотабене" мегӯяд, аз 2 ҳазор нафари пурсидашуда дар Тоҷикистон, 61 дарсади онҳо гуфтаанд, зидди иҷрои ҳукми қатланд. Аммо ҳукумат дар ҳамин ҳол мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон ҳоли ҳозир барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омода нест.

Феълан, беш аз 90 кишвари ҷаҳон ҳукми қатлро манъ кардаанд. Бештар аз 40 кишвари дигар онро дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Кумиссиюни Аврупо хабар медиҳад, ки дар 58 кишвари ҷаҳон ҳукми қатл то ҳанӯз ҷорист. Тақрибан ҳафт сол аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба ҳукми қатл моратория эълон шуда ва ягон маврид ҳукми қатл ба иҷро нарасидааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854