17:13:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МЕДВЕДЕВ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ "САНГТӮДА-1"

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, субҳи имрӯз, 31-уми июл, дар маросими баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат кард.

Раисиҷумҳури Русия ин нерӯгоҳро тарҳи бузург ва муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, “Сангтӯда-1” пайванде байни ду кишвар ва ду миллат хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамтои русиашро дар ин маросим ҳамроҳӣ мекард, гуфт, нерӯгоҳи «Сангтуда-1» на танҳо аз нуқтаи назари таъминоти нерӯи барқ, балки ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар аҳамияти вижа дорад. Нерӯгоҳи «Сангтуда-1» бо сармояи Русия бунёд шудааст ва бахши аъзами саҳмияҳои он, яъне 75 дарсад, ба Русия тааллуқ дорад. 

Шоми рӯзи гузашта президентҳои Тоҷикистон ва Русия зимни дидор ва гуфтугӯи дуҷониба дар шаҳри Душанбе созишномаи истифодаи муштараки "Сангтӯда-1"-ро имзо карданд. Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко, дар тавофуқоти қаблии баҳрбардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1» тағйире ба миён наомадааст.

Дмитрий Медведев дар ин мулоқот омодагии ҷониби Русияро ба идома додани иштирок дар бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон таъкид кардааст. Вале тарҳи нерӯгоҳи азими Роғунро, ки ахиран боиси ихтилофоти назар ва ҳатто сард шудани муносиботи Душанбе ва Маскав шудааст, ҷонибҳо матраҳ накардаанд.

Ёвари раисиҷумҳури Русия Сергей Приходко иттилоъ додааст, ки сарони ду кишвар ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбию фаннӣ ва амниятӣ дар маҷмӯъ баррасӣ кардаанд ва дар ҷараёни гуфтушунид пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ва фурӯдгоҳи Айнӣ низ тазаккур ёфтаанд, вале тарафҳо ба натиҷаи ягонае нарасидаанд. 

Бино бар ин президентҳо ба вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои худ дастур доданд, шароити ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ ва тарҳи тавофуқотро омода намоянд.

Дар мулоқоти Медведев бо Раҳмон масъалаҳои марбут ба вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон баҳс нашудааст, зеро, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, тарафи Маскав фаҳмид ва қонеъ шуд, ки забони русӣ аз тариқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоят мешавад ва президенти Тоҷикистон барои густариши омӯзиши он чандин дастур содир кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi