12:06:13 01-уми Июни 2025 сол

ЗУБАЙДУЛЛО ЗУБАЙДОВ: "ПОКИСТОН КИШВАРИ ТЕРРОРИСТӢ НЕСТ"

Бар асоси иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Покистон, сафир Зубайдулло Зубайдов рӯзи панҷшанбеи панҷуми май дар Исломобод бо Раҳмон Малик, вазири корҳои дохилии Покистон, дидору гуфтугӯ кардааст. Бар асоси иттилоъи расонаҳои покистонӣ, дар ин молоқот тарафҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши мубориза бо терроризм ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ сӯҳбат кардаанд.

zubaydov_malik3232323.jpg

Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои дохилии Покистон, ин мулоқот “дар фазои дӯстона” анҷом ёфтааст. Дар ин баёния омада: “Сафири Тоҷикистон дар Покистон таъкид кард, ки кишвараш ба ҳамкориҳо бо Покистон аҳаммияти вижа қоил буда ва ба густариши ҳамкориҳо алоқаманд аст.”

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, бо вазири умури дохилии он кишвар дар ҳоле баргузор мешавад, ки чанд рӯз қабл расонаҳо дар бораи ҳушдорҳои мақомоти Тоҷикистон ба Омрико дар заминаи пуштибонии Усомо бин Лодин аз сӯйи бархе мақомоти покистонӣ гузориш дода буданд.

Дар як номаи маҳрамонаи сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз таърихи 11 декабри соли 2009, ки Викиликс онро рӯзи 2 май мунташир кард, омадааст, ки женерол Абдулло Назаров, муъовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба диплумоти омрикоӣ дар ин бора ҳушдор додааст.

Оқои Назаров аз ҷумла гуфтааст: “Ҳар гоҳе ки нерӯҳои амниятӣ мехоҳанд амалиёте алайҳи ӯ (Усомо бин Лодин) анҷом бидиҳанд, душман дар бораи наздик шудани онҳо аз нерӯҳои амниятӣ (и Покистон) иттилоъ дарёфт мекунад.”

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ба ин саволи Би-би-сӣ, ки оё интишори чунин нома ва гузоришҳои расонаҳои хабарӣ дар ин бора ба муносиботи миёни ду кишвар асаре гузоштааст, гуфт, ки муносиботи ду кишвар "бар асоси асноди расмӣ шакл мегирад, на бар асоси фикри алоҳидаи як шахс."

Оқои Зубайдов афзуд: “Ман ҳамчун сафир гуфта метавонам, ки равобити миёни Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамаи сатҳҳо хуб аст. Покистонро фақат кишвари террористӣ мегӯянд, ин нодуруст аст! Мо дар асри муносибатҳои тиҷоратӣ қарор дорем ва тавсеъаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон барои ҳар ду кишвар баробар муҳим аст.”

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи ӯ бо Раҳман Малик вазъияти худи Покистон баррасӣ шудааст. Оқои Зубайдов афзуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Покистон дар назар гирифта шудааст. Оқои Зубайдов таъкид кард, ки пас аз сафари як моҳ қабли раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо тавсеъа пайдо мекунад.

Дар ҷараёни дидори ахири худ аз Покистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонии худ нишони Исмоъили Сомонӣ, нишони олии давлати Тоҷикистонро, супурда буд ва Осиф Зардорӣ ба навбаи худ ба вай нишони олии давлати ин кишвар, Нишони Покистонро, тақдим карда буд.

Бо афзоиши нигарониҳои давлати Тоҷикистон дар мавриди эҳтимоли афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар, оқои Раҳмон ва мақомоти дигари баландпояи Тоҷикистон дар ин сафар бо ҳамтоёни худ масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризмро баррасӣ карда буд.

Дар поёни ин мулоқот санадҳои ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун ба имзо расид ва дар бораи роҳандозии парвозҳо дар масири Душанбе- Исломобод дар зудтарин фурсат, тавофуқ шуда буд. Зимнан, бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2009 се баробар афзоиш ёфта ва ҳудуди 22 милюн дулорро ташкил додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854